Идомаи муаррифии имкониятҳои китобхона
Нашр шуд 2016-10-03 14:44
Cанаи 29-уми сентябри соли ҷорӣ муаррифии имкониятҳои китобхона ва даъват ба китобхонӣ дар Муассисаҳои тахсилоти умумии № 7, №10 ва Гимназияи № 9-и ноҳияи Исмолили Сомонии шаҳри Душанбе идома ёфт.
Тибқи нақша ин навбат гурўҳи кормандони Шуъбаи нигоҳдории депозитарӣ ва Шуъбаи маркетинг ва менеҷменти фаъолияти китобдории Китобхонаи миллии Тоҷикистон ба ин чорабинии муҳим сафарбар гардиданд.
Вохўрӣ аз Муассисаи тахсилоти умумии № 7 оғоз гардида, дар Гимназияи № 9-и ноҳияи Исмолили Сомонии шаҳри Душанбе ба анҷом расид.
Кормандони китобхона доир ба имконот, хизматрасонӣ ва шароити муосири хизматрасонӣ ба хонандагони мактабҳои мазкур маълумоти хаттӣ ва шифоҳӣ пешниҳод намуда, ҳамзамон аз панду ҳикмати бузургони илму адаби тоҷик доир ба китобу китобдорӣ ёдовар шуданд.
Зарина Файзулоева директори Муассисаи тахсилоти умумии № 7 иброз дошт, ки ин иқдоми пешгирифтаи Китобхонаи миллии Тоҷикистон барои баланд бардоштани завқи толибилмон нисбат ба китоб ва китобхонӣ мусоидат намуда, талабагон ба китобхонӣ шавқу рағбати бештар пайдо менамоянд.
Кормандони китобхона аз омўзгорони муассисаҳои номбурда хоҳиш намуданд, ки барои ҷалби бештари хонандагон ба Китобхонаи миллии Тоҷикистон мусоидат намоянд. Ҳамзамон масъулини ин муассисаҳо таъкид намуданд, ки минбаъд дар ҷаласаҳои падару модарон ва дарсҳои тарбиявӣ хонандагонро ба ин кохи илму адаб даъват менамоянд.
Ҳамчунин, дар макотиби мазкур доир ба сабти ном шудан, хизматрасонӣ ва ташкили курсҳои забономўзӣ дар китобхона пурсишу посух сурат гирифт.