Эҳдо ба Дилшоди қаҳрамон !!!
Нашр шуд 2016-08-23 19:28
Ҳанӯз аз замони қаҳрамони олимпӣ эълон шудани Дилшод Назаров ҳафтае сипарӣ нашудааст ва аввалин нашрияҳо бо ин хабар ва шарҳу тафсири он фардо нашр мешаванд. Вале дар фазои маҷозӣ то кунун даҳҳо шеъру садҳову ҳазорҳо хитобаҳо ба унвони Дилшод Назаров интишор ёфтанд.
Сокинони кишвар аз ин хабар чунон шод шуданд, ки омодаанд рӯзи ҷумъа Дилшодро аз фурудгоҳ сари дастон то назди пайкараи Исмоили Сомонӣ оранд.
Субҳи рӯзи сешанбе шаҳрдори пойтахт Маҳмадсайид Убайдуллоев эълон кард, ки шаҳрдорӣ аллакай тарҳи истиқбол аз Дилшод Назаровро омода кардааст.
Пас интизор мешавем, бозгашти қаҳрамони худро.
Ду тан аз кормандони Китобхонаи миллӣ низ ба ифтихори Дилшод Назаров шеър навиштаанд, ки ҳоло манзури шумо мекунем.
Ба муносибати қаҳрамонии Дилшод Назаров дар
Бозиҳои олимпӣ дар Рио-де-Женейрои Бразилия
Шодии ҳама тоҷик Дилшоди Назар гардид,
Дар боғу чаман хандон, гулҳои саҳар гардид.
Чашми ману чашми ту бар Рио-Женейро буд,
Чашмони ба роҳи мо рахшон чу шарар гардид.
Зад наъраи шерона, тоҷик далерона,
Ин наъраи шерона, оҳанги зафар гардид.
Фахри ману фахри ту, эй дўст надорад ҳад,
Коми дили идона, ширину шакар гардид.
Аз Рустаму аз Восеъ, тоҷик ҳамефахрид,
Бо Рустами «Шаҳнома» ҳамболи дигар гардид.
Аз рўзи азал тоҷик тоҷи сари дунё буд,
Тоҷи сари ин дунё аз ёқуту зар гардид.
Аҳсан ба ту, эй тоҷик, табрик туро тоҷик,
Ҳар ғунчаи истиқлол имрўз самар гардид.
Муҳаммаднабӣ Баёнӣ
Барои Дилшод Назаров
Ба бозуи тавоною таҳамтан.
Намудӣ парчами тоҷик парафшон.
Ба номат мекунем мо сарфарозӣ,
Зи Рашту Суғду Хатлону Зарафшон.
Аҷоиб карда буд Рустам замоне,
Ба неру чун таҳамтан паҳлавонӣ,
Зи хоки Амрико ту ҳам намудӣ,
Ба бозу мисли Рустам гурздавонӣ
Барои он шуди ғолиб ту Дилшод.
Ба ҳар ҷо номи бисмилло гирифтӣ.
Барои миллати махбуби тоҷик.
Нахустин медали тилло гирифтӣ.
Ба истиқболи ту боло шуд охир,
Ба олам парчами зебои тоҷик,
Ба чашни рӯзи истиқлоли миллат,
Муборак медали тиллои тоҷик.
Ба Дилшод Назаров
Муборак бозӯи волои Дилшод.
Муборак парчами болои Дилшод.
Барои миллати маҳбуби тоҷик,
Муборак медали тиллоиДилшод.
Ҷалолиддин Нуров