Дар шароити кунунӣ, ки ҳама гуна иттилоъ мавқеъ ва қимати хосро дорост, мутахассисони соҳаҳои гуногун истифодаи техникаю технологияи электрониро ҷиҳати расидан ба ҳадаф хеле муҳим мешуморанд. Техникаи муосир имкон медиҳад, ки коркарди босифати иттилоъ бо суръати баланд анҷом ёфта, ба ин васила муштариён ба ахбори лозим дар муддати кўтоҳ даст ёбанд.
Табиист, ки Китобхона чун маркази муҳими иттилоърасонӣ аз ин раванд наметавонад дар канор бошад ва он ҳадафу самтҳои фаъолияташро бо талаботи ҷомеаи иттилоотӣ созгор менамояд. Гузариш аз шеваҳои анъанавии иттилоърасонӣ ба усулҳои муосири автоматикунонии фаъолият барои Китобхона ногузир аст. Алалхусус, баробари шаклҳои анъанавӣ хизматрасонии маълумотдиҳии библиографӣ арзи вуҷуд кардани равандҳои инноватсионӣ тағйироти куллӣ дар самти хидматрасонӣ ба хонанда ворид намуд. Пешрафти босуръати технологияи муосир - алоқаи мобилӣ, телекоммуникатсия, компютер ва ғайра баробари иқтисоду иҷтимоъ маҳаки рушди иттилоърасонӣ низ гардиданд.
Дастури методӣ, ки бо номи “Хизматрасонии бибилографӣ дар китобхонаҳо дар шароити ҷаҳоншавии иттилоот” ахиран интишор ёфт, атрофи ҳамин масъалаҳо баҳс мекунад.
Ин дастур аз ҷониби Абдуҷамил Валиев омода шудааст ва барои китобдорон ва ҳамаи касоне, ки ба китобу китобхона сарукор доранд, хизмат хоҳад кард.