Бештар аз 120 нафар донишомӯзони макотиби олии шаҳри Душанбе таҷрибаомӯзони Китобхонаи миллӣ буданд
Нашр шуд 2016-07-16 19:08
Зиёда аз 120 нафар таҷрибаомўзон аз донишгоҳҳои гуногуни кишвар аз ҷумла, аз Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи муштараки Тоҷикистону Русия, Литсеи алоқа ва туризм, Донишгоҳи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон, Донишгоҳи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷрибаомӯзи Маркази такмили ихтисоси Китобхонаи миллии Тоҷикистон буданд.
Онҳо дар давоми таҷрибаомўзӣ бо барномаи нави АЛИФ шинос шуданд. Ҳамзамон, бо тарзи ҷобаҷогузории китобҳо, шеваҳои хизматрасонӣ, тарзи дастрас намудани рўзномаву маҷаллаҳо ва ҳамчунин аз марказу шуъбаҳо ва бахшҳои Китобхона аз наздик шинос шуданд.
Магистри Донишгоҳи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, сардори маркази такмили ихтисос Ҳокимҷон Маҳмадҷонов таҷрибаомўзони кафедраи муносибатҳои байналхалқии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, муовини маркази такмили ихтисос Юлчибой Мусоев донишҷўёни факултаи забонҳои Осиё ва Аврупо, сармутахассиси марказ Сурайё Одинаева ва Рухшона Каримова таҷрибаомўзони Литсеи алоқа ва туризми назди фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистонро раҳнамоӣ намуданд.