Махзани китобҳои шуъбаи нигоҳдории китоб бо 805 номгӯй китоб ғанӣ шуд

Зарфи шаш моҳи охир кормандони шуъбаи такмили адабиёт дар ҳамкорӣ бо шуъбаи нигоҳдори китоб аз нашриётҳои кишвар бо теъдоди  1549 нусха (805 номгўй) китобҳои ҳатмӣ ва 964 нусха (235номгўй ) нашрияҳои гуногунро қабул намуданд.
Аз ҷониби раёсати “Тоҷикматлубот”, Фонди ФР  “Содействие”,  “Россотрудничество”,  Пажўҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва  иттилоот,  КМ Туркия, Маркази илмии Камоли Хӯҷандӣ, Ройзании фарҳангии Эрон, Сафоратхонаи Ҷумҳурии исломии Эрон, Дастгоҳи иҷроияи Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва шахсони алоҳида – 18901 нусха  адабиёт дар шакли туҳфа ба фонди Китобхона ворид шудааст.
Маврид ба зикр аст, ки  дар моҳи июли соли 2016 аз ҷониби  Ҷумҳурии Белорус чор адад китоби калонхаҷм таҳти унвони «Республика Беларусь  экспортный потенциал», «Главные документы Великой Отечественной войны» Саттар Мажидов, «Герой  великой победы Казахстанцы» (Астана- Алматы),  Бакытжан Жумагулов «Человеческий фактор – хроники министра»  ба забони русӣ ворид гардидааст.
Инчунин аз ҷониби наш­риёт­ҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон номгуи адабиётҳо  аз қабили Пирназарзода Иброҳим «Парчам», (нашриёти «Эр-граф»), Зафар Саидов «История России» (нашриёти «Контраст»), Фозил Абдура­шидов «Из истории внутренного переселения в советском Таджикистане», Насриддин Тӯсӣ «Насирова Этика» (наш­риёти «Андалеб Р»), Абўалӣ ибни Сино « Осор» (нашриёти «Дониш») ва  ғайра бо теъдоди умумӣ 595 адад  ворид гардид.
Имрўзҳо талаботи хонандагони Китобхонаи миллии Тоҷикистон  нисбат ба китобҳои  соҳаҳои сиёсат, ҳуқуқ,  адабиётшиносӣ, забоншиносӣ, тиб, риёзӣ, таърих, ва ғайра бештар аст.
Бинобар ин  хуб мешуд, ки аз ҷониби  нашриётҳо  нисбати  соҳаҳои  мазкур  адабиёт  чоп  менамуданд.  Чунин раванди кор теъдоди  хонандагони Китобхонаро зиёд гардонда талабот нисбати  китобҳои  мазкур  беҳтар мегардад.

Маҳмадшариф Каримов,
Сардори шуъбаи нигаҳдори китоб

Барчаспҳо: