Рӯзи 5 июли соли равон дар толори Конуни забони тоҷикӣ ва омӯзиши забонҳои хориҷии Китобхонаи миллии Тоҷикистон маҳфили рӯнамоии китоби “Назария дар бораи тафовут дар тибиати ашёӣ: дар мавриди қонуниятҳои тафовути табиат, минталитет ва зарфиятҳои инсон” бо иштироки олимони соҳаҳои гуногун, рӯзноманигорон ва доираи васеъи алоқамандон баргузор гардид.
Дар оғози ҳамоиш муаллифи китоб, физикдони тоҷик Т. Раҷабов дар хусуси ҳадафи таълифи китоб, мӯҳтаво ва моҳияти илмии мавзӯи он суханронда таъкид намуд, ки илми муосир дар шинохти табиати инсон имрӯз аз имкониятҳои соҳаҳои гуногуни донишҳои муосир истифода менамояд. Махсусан, аз нигоҳи қолабҳои тафаккури умумии тибатшиносӣ ва илмҳои дақиқ пажӯҳиш намудани вежагиҳои табиати инсон ба ҳукми анъана даромада истодааст.
Дар китоби мавриди назар мо бори нахуст кӯшиш ба харҷ додаем, ки ба ҷаҳони табиии инсон, ки муҳимтарин ва мураккабтарин офаридаи табиат аст, таваҷҷуҳ намоем. Мақсади мо ошкор кардани омилҳои табиат дар ташаккули вазъи иҷтимоии ҷомеаи инсонӣ аст.
Ба истифода аз мафҳуму ифодаҳои математикӣ дар китоби мазкур собит карда мешавад, ки инсон сарфи назар аз ҳамаи омилҳои табию иҷтимоии ташаккулаш дорои сифатҳо ва қобилиятҳои фитрию модарзодист, ки он дар ҷое инкишоф ёфта, дар синни камолот ӯро дар ин ё он соҳаи илм ё ҳунар соҳибистеъдод мегардонад. Барои ба ин мартаба расидани як қатор омилҳое ҳастанд, ки онҳоро зери мафҳуми “сифатҳои матеватсионӣ” дар китоби мазкур мавриди баррасӣ қарор гирифтааст.
Дар ҳамоиши мазкур академики Академияи илмҳои кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикитсон Д. Комилов, доктори илмҳои физикаю математика А. Комилӣ, номзади илмҳои филологӣ А. Байзов, доктори илми филология Ш. Солеҳов, доктори илми таърих А. Қушматов, А. Афзалов ва дигарон фикру мулоҳизоҳои худро баён намуда, таъкид карданд, ки воъқеан ин шеваи таҳқиқи табиати одамӣ дар илм падидаи комилан нав ва назирияи тоза аст. Ба ҳамин хотир пешниҳод гардид, ки китоби мазкур бояд дар доираи васеътар ва бо иштироки донишмандони соҳаҳои гуногуни илми муосир мавриди баррасӣ қарор гирад, ки он барои такмили назарияи мазкур муфид ва судманд хоҳад буд.
Илова бар ин дар ҳамоиш зикр гардид, ки Т. Раҷабов воқеъан муҳаққиқи ҷӯянда ва пуркору фаррохназар мебошад. Махсусан корҳои пажӯҳишии солҳои охир ба анҷом расонидаи ӯ далели дар масири дурусту имрӯзии донишҳои илмӣ қарор доштани ин муҳаққиқи тоҷик мебошад. Аз ин ҷиҳат метавон хулоса кард, ки китоби мазкур натиҷаи босамари ҷустуҷӯйҳои илмии Т. Раҷабов мебошад.
Дар ин натиҷагирии илмӣ, ки дар шакли китоби мавриди назар пешниҳод гардидааст, муаллиф ҳамчун як назирияпардози комилан ҷадид муаррифӣ мешавад ва афкори назарии пешниҳодгардидаи ӯ метавонад барои таҳқиқотҳои минбаъдаи амалӣ заминаҳо фароҳам оварад.