Пажуҳиши тозаи илмӣ дар бораи Фахруддини Розӣ ва осори ӯ

Фахриддини Розӣ яке аз мутафаккирони маъруфест, ки дар оғози марҳилаи сеюми инкишофи илми калом зиставу фаъолият кардааст. Дар бисёре аз сарчашмаҳои таърихӣ, олимону муаррихон ўро ҳамчун мутакаллими варзида ва идомадиҳандаи роҳу равиши Муҳаммади Ғазолӣ васф кардаанд. Аксари муаррихону муҳаққиқон дар бораи ин, ки Фахриддини Розӣ мутакаллим аст ё файласуф, сухан гуфтаву андешаҳои худро баён доштаанд. Донишманди эронӣ Муртазо Мутаҳҳарӣ дар бораи Фахруддини Розӣ чунин гуфтааст: «…ҳам фақеҳ буд, ҳам мутакаллим ва ҳам муфассир ва ҳам файласуф ва ҳам пизишк ва ҳам хатиб…Дар айни ин, ки дар афкори фалосифа ворид аст ва таълимоти гаронбаҳо дар фалсафа дорад, тарзи тафаккураш тафаккури каломӣ аст на фалсафӣ ва сахт бар фалосифа метозад ва дар мусалламоти фалсафа ташкик менамояд». Ибни Абиусайба дар «Уюн-ул-анбоъ фи табақот-ил- атиббо» Фахруддини Розиро яке аз файласуфони машҳур номидааст.
Соҳиби «Нузҳат-ул-арвоҳ» Шаҳризурӣ бошад, мақоми Фахруддини Розиро дар фалсафа эътироф накарда гуфтааст: «…воқиф ба ҳақоиқи фалсафа нашудааст». Муаллифи «Бузургони фалсафа» андешаи худро нисбати Фахруддини Розӣ чунин баён доштааст: «Аҳамияти Фахруддини Розӣ дар кўшишест, ки барои оштӣ додан миёни суннатҳои фалсафӣ ва динӣ ба харҷ додааст. Дар ин кўшиш Фахруддин аз як машраби ақлонӣ пайравӣ намуда, ки маъмули асри вай набудааст...». Олим ва муҳаққиқи дигари эронӣ Эҳсони Табарӣ бошад, мавқеи Фахруддини Розиро дар муносибати ў ба калому фалсафа ба назар гирифта, ўро «мутакаллими файласуфмашраб» номидааст.
Пажўҳишгари тоҷик Нозир Арабзода бошад, назари воқеъбинонаи худро чунин баён доштааст: «Фахруддини Розӣ дар марҳилаи аввали фаъолияташ мутакаллими ашъарӣ буд, сипас хост, ки фалсафаро бо калом пайваста, дурусттараш фалсафаро бо калом тобеъ гардонда, каломи нақлиро бо каломи ақлӣ-фалсафӣ табдил диҳад, ниҳоят аз калому фалсафа ноумед шуда, ба таълимоти Қуръон рў овард ва онро воситаи беҳтарини идроки ҳақиқат шумурд» . Ба назари банда низ ин гуфтаҳо хеле ба ҳақикат наздиканд, зеро осор ва эҷодиёти Фахруддини Розӣ ба ин гуфтаҳо далолат мекунанд.Чунки таълифоти давраи аввали ҳаёти ў аксаран сарфи калому фалсафа гаштаанд ва эҷодиёти давраи охири ҳаёташ ба таълимоти динӣ равона шудааст, ки намунаи боризи он таълифи тафсири «Мафотеҳ-ул- ғайб» аст. Ҳикоятеро, ки олим ва орифи машҳури диёрамон Мавлоно Яъқуб ибни Усмони Чархӣ (ваф. 851 ҳ.қ.) дар тафсири ояти 32-и сураи «Ал-ҳоққаҳ» овардааст, далолат ба бисёрии таълиф ва муриди яке аз машоих гаштану тамоюл ба ирфон овардани Фахруддини Розӣ мекунад.
Ҳикоят: Имом Фахри Розӣ (р. ҳ.) рўзе дар дарс нишаста буд, ногоҳ девонае аз дар даромад, ба шакли аҷиб ва гуфт: эй Имом, Худои Таъолоро нашнохтаӣ, ин чандин тасниф ва таълиф чист ва туро чи суд дорад? Ва аз пеши Имом нопайдо шуд, яъне ба тариқи мушоҳида, ки он роҳи анбиё ва авлиёи хоси ҳазрат аст, Худоро бишнос. Ҷазба дар Имом пайдо шуд, толиби он дарвеш шуд ва дарсро тарк кард. Гуфтанд ин дарвеш шайхи Синҷон аст. Имом аз роҳи Ҳирот ба ҷониби Синҷон равон шуд. Чун расид дид, ки он дарвеш дар болои минбар ояти мазкурро тафсир менамояд. Дарвеш гуфт: Илоҳо, байт: Ҳалқае бас бошад ин девонаро, Ин ҳама занҷир дар занҷир чист? Фарёд аз Имом баромад ва бар болои минбар шуд ва бар дасти шайх тавба кард ва аз асҳоби шайх шуд. Шайх фармуд, ки миқроз (қайчи) биёред, то мўйи пешонии Фахрро бигирам. Имом гуфт: он фахри мо бошад.

Назм:

Гар хирад дар роҳи ў раҳбин будӣ,
Фахри Розӣ роздони дин будӣ.
Чунки ў ман лам язуқ лам ядри буд,
Илми таҳсилоти ў ҳайрат фузуд”
.

 Почае, ки овардем, аз китоби Сироҷиддин Пиров “Фахруддини Розӣ ва андешаҳои ахлоқиву тарбиявии ў” буд, ки соли гузашта бо талоши Пажуҳишгоҳи фарҳанг ва иттилооти назди Вазорати фарҳанги Тоҷикистон дар нашриёти “Аржанг” рӯи чопро дид. Ҳамчуноне аз номаш пайдост, ин рисолаи илмиест, ки зиндагӣ, осор ва афкори ахлоқиву тарбиявии донишманди шинохтаи охири асри XII ва аввали асри XIII (V-VІ-и ҳиҷрӣ) Фахруддини Розиро дар асоси сарчашмаҳои адабию таърихӣ ва осори худи ў мавриди пажўҳиш қарор додааст. Рисолаи мазкур барои муҳаққиқону муаррихон, омўзгорону донишҷўён ва доираи васеи хонандагон пешниҳод мегардад.

Дарёфти Китоб: ФАХРУДДИНИ РОЗӢ ВА АНДЕШАҲОИ АХЛОҚИВУ ТАРБИЯВИИ Ӯ

Барчаспҳо: