Аввалин тадорукоти наврӯзӣ дар Китобхонаи миллӣ. Шуъбаи хизматрасонӣ ба маъюбон Наврӯзро ба хонандагонаш шодбош гуфт
Нашр шуд 2021-03-16 13:38
Баъд аз зӯҳри дирӯз, душанбе, 15-уми март бо ташаббуси шуъбаи хизматрасонӣ ба маъбони Китобхонаи миллӣ дар ҳамкорӣ бо Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон чорабинии фарҳангӣ бахшида ба Ҷашни Наврӯзи ҳуҷастапай доир гардид.
Нишастро бо сухани муқаддимавӣ муовини якуми Директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон Салима Раҷабзода ҳусни оғоз бахшида, ҳозиринро бо фарорасии ҷашни бошукӯҳи Наврӯзи ҳуҷастапай табрик намуда, беҳтарин ва қашангтарин хушиҳои рӯзгорро таманно намуд.
Баъдан, суханронии Неъматзода Маликшо - Раиси Федератсияи Иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон шунида шуд .
Ҳамзамон, сарояндаи шинохтаи кишвар Тобиш Ҳилол, Некруз Ниёзов, Парвиноз Акназарова, Алимуҳаммад Фақиров ва Матлуба Раҳимова аъзоёни фаъоли шуъба бо сурудҳои тозаэҷоди хеш хотири ҳозиринро шод намуданд. Инчунин, рақси зебо дар иҷрои Султонбоева Шаҳзода пешкаш гардид.
Дар охир, ба иштирокчиён туҳфаҳо аз ҷониби Иттифоқи касабаи мустақили Тоҷикистон тақдим гардид.
Мавзуна Орумбекова