Ғалати ом (м) ғалати машҳур, ғалати мусталаҳ ё худ вожае, ки лиҳози луғату дастури забон ғалат, вале бисёр роиҷу мутадовил аст. Муқобили ғалати авом. Ғалати ом зоҳиран аз иштибоҳи китобии ин ё он котибу нависанда ва ё аз гуфтори лаҳҷавии ашхос сар зада, маълум ва аз ҷониби аҳли ҷомеа, соҳибони забон пазируфта шудааст ва он чун меъёр мавриди истифода мебошад. Масалан, калимаи «чаро» дар гуфтугӯ навишт, аз ҷумла ҳамчун ҷонишини саволӣ истифода мешавад, ки нодуруст мебошад.
Зеро «чаро» дар фарҳангҳо ба маънои алафу гиёҳе, ки чаҳорпоён онро бичаранд ва чаридан, амали ҳайвоноти чаранда дар чарогоҳ аст, на калимаи пурсиш. Ҷонишини саволии «чаро»- ро мебояд «чиро?» ( дар вазни «киро?» ба маънои «барои чӣ?», «ба чӣ?») навишту талаффуз кард. Ба ҳамин маъно Саноии Ғазнавӣ чунин гуфтааст:
Аблаҳе дид уштуре ба чаро,
Гуфт: «Нақшат ҳама каж аст?»
Гуфт уштур, ки: «Андар ин пайкор
Айби Наққош мекунӣ, ҳуш дор!..»
Ба ҳамин монанд калимаи «занбўр» дар асл «зунбур», «сандуқ» дар асл “сундуқ” будааст, вале имрўз шакли аввалашон маъмул аст (Дар баъзе лаҳҷаҳои забони тоҷикӣ «сундуқ» мегўянд).
Дар сутуни зер аввал вожаи дар шакли имрўз дар забон роиҷшуда ва дар сутуни дуввум шакли аслиашон оварда шудааст:
Арғувон – арғавон
Армуғон – армағон
Аёдат – иёдат
Бобул – Бобил
Борбардор – борбурдор (дар ҳамин радиф: номбардор- номбурдор, фармонбардор – фармонбурдор)
Валодат – вилодат
Дашном – душном
Иддао – иддио
Узор – изор (ъизор – рухсора)
Қаланфур -қаранфул
Манзалат – манзилат
Молу мулк – молу мулк
Мунозира – мунозара
Мансаб – мансиб
Мастоба – мостоба (ё ки: яхмос – яхмост)
Маҳол – муҳол
Маҳсӣ – масҳӣ
Муноқиша - муноқаша
Муолиҷа – муолаҷа
Муомила – муомала
Мусодира – мусодара
Мутамарказ – мутамаркиз
Муҳаббат – маҳаббат
Муҳориба – муҳораба
Муколима – муколама
Муқобила – муқобала
Нуқс – нақс
Пирамард – пирмард
Пиразан – пирзан
Расво – русво
Фулуз – филизз
Фаришта – фиришта ( дар шаҳри Ваҳдат деҳаест бо номи Фириштӣ)
Хиргоҳ – харгоҳ
Хирман – харман
Шукуфа – шикуфа
Ҷурғот – ҷуғрот ва ғ.
Бозчоп аз Энсиклопедияи Миллии Тоҷик. – Душанбе. – 2017. – Ҷ.5. – С. 38.
Муаллиф: М.Диловаров
Таҳияи Парвина Қаюмова
корманди шуъбаи библиографияи миллӣ.