Паёми тақдирсоз

Дар Паёми имсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон усулҳои таҳлил ва муқоиса бештар истифода гардида, ҳолати рушди кишвар, дастовардҳои ноилгардида ва дурнамои рушди устувори Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди таҳлил ва муқоиса қарор гирифт. Чунин тарзу раванди таҳлил ва ифодаи муқоисавии дастовардҳои кишвар дар соҳаҳои гуногун гувоҳи он аст, ки сиёсатгузориҳои арзишманди Пешвои миллат дар бахшҳои алоҳидаи ҷомеа аз қабили тандурустӣ, илму маориф, фарҳанг, иқтисодиёт, амният ва ғайра роҳандозӣ мегарданд. Диққати асосии Пешвои миллат тулӣ чандин сол  баҳри боз ҳам беҳтар кардани сифати илм ва таълим  равона карда шудааст. Шаҳодати ин гуфтаниҳо дар Паёми соли гузаштаи Президент ба Маҷлиси Олӣ солҳои 2020 – 2040 «Солҳои омўзиш ва рушди фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ дар соҳаи илму маориф» эълон гардиданд ва ҷиҳати татбиқи ин ташаббус аз ҷониби Ҳукумати мамлакат нақшаи чорабиниҳо барои солҳои 2020 – 2025 қабул карда шуд.

Вазифагузориҳои нав дар самти рушди маориф ва илм: ҳамасола озмуни ҷумҳуриявӣ зери унвони «Илм – фурўғи маърифат» дар сатҳи баланд доир карда мешавад, ки Вазорати маориф ва илм  вазифадор гардиданд  оиди ташаббусу таҷрибаи  муассисаҳои  таълимӣ доир ба ба­ланд бар­доштани сатҳу сифати таълим дар ҳамаи муассисаҳои таълимии кишвар васеъ татбиқ  карда шавад.  Инчунин  таваҷҷуҳи  Асосгузори Сулҳу Ваҳдати Миллӣ, Пешвои Миллат, Прези­денти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ба озмунҳои қаблӣ, аз ҷумла «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» ва «Фурўғи субҳи доноӣ китоб аст» як нуқтаи бисёр муҳимро собит намуданд: дар байни наврасону ҷавонони мо истеъдодҳои нодир ба воя расида истодаанд, ки мо бояд онҳоро ҳамаҷониба дастгириву ҳавасманд гардонем.  Аз ҷумлаи ибтикороти ҳадафрас ва манфиатбори соли охир пешниҳод ва назорати Озмуни ҷумҳуриявии «Фурўғи субҳи доноӣ китоб аст» буд, ки  он тавонист дар атрофи худ ҳазорон дўстдорони китобу маънавиёт, илму адаб ва фарҳангро ба худ ҷалб намояд ва дар ҷомеаи тоҷик таҳаввулоти ҷиддие дар самти рў овардан ба китобу хониш, донишандўзиву азбарнамоии осори гаронмояи ниёгону адибони муосир роҳандозӣ намояд. Баргузории Озмуни ҷумҳуриявии «Фурўғи субҳи доноӣ китоб аст» яке аз чорабиниҳои муваффақи фарҳангии солҳои 2019-2020 буд, ки мақсади ниҳоии он баландбардории донишу маънавиёт ва фарҳанги китобхонии миллати кўҳанбунёди тоҷик аст ва татбиқи он имконият фароҳам меорад, ки на танҳо фаъолияти китобхонаҳои марказӣ (Китобхонаи миллии Тоҷикистон, китобхонаҳои вилоятӣ, шаҳрӣ ноҳиявӣ), балки китоб­хонаҳои деҳот низ рў ба рушд ниҳанд ва он тавонист ба дили ҳазорон хонандагони кишвар ҷо гардад ва онҳоро ба ин даргоҳи муқаддаси илму фарҳанг – китобхона роҳнамоӣ намояд. Теъдоди хонандагони китоб­хонаҳо рўз аз рўз афзуд ва талабот ба китобҳои тозаэҷоди осори адабии ниёгон ва адибони муосир бамаротиб зиёд гардид. Ин иқдоми наҷиб имконият фароҳам овард, ки аз ҷониби нашриёт ва чопхонаҳои кишвар китобҳои зиёд нашр ва мавриди истифодаи мардум қарор гиранд.

 Сарвари давлат дар ҳар суханронӣ ва мулоқотҳояшон бо табақаҳои гуногуни кишвар аз фарҳангу маънавиёти бою қадимаи мардуми тоҷик, анъанаю суннатҳои неки ниёгон ва эҳёи аз қабили идҳои Наврўз, Сада, Тиргон ва Меҳргон, ки ҳар кадоме аз ин ҷашнҳо таърихи беш аз 6000 – сола дорад, ҳарф мезананд ва таъкид менамоянд, ки мо бояд ба қадри арзишҳои олии маънавиамон бирасем ва онро ба насли оянда расонем. Ин нукта дар Паёми навбатии Пешвои миллат низ мавриди таваҷҷуҳи хоса буд. Аз ҷумла, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми хеш иброз намуданд, ки: Дар шароити ниҳоят мураккабу ҳассоси ҷаҳони муосир мо бояд ҳамеша дар паҳлуи якдигар бошем ва ҳамдигарро дастгирӣ кунем, зеро ин хислати нек ба мову шумо аз гузаштагони некномамон ба мерос мондааст.

 Ҳамин тавр, Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2021 бори дигар дидгоҳи мардумсолор ва сиёсати халқпарвару инсонмеҳвари Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ифода ва инъикос намуд. Баррасии мазмуни Паёми имсола низ нишон медиҳад, ки дар масъалаи муҳими сиёсати Пешвои муаззами миллат маҳз арзишҳои бунёди, чун беҳбуди вазъияти зиндагии мардум, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон, таъмини рушди бардавоми иқтисодию иҷтимоии кишвар, эҳёву тақвияти фарҳангу арзишҳои миллӣ, ҳифзи манфиатҳои миллӣ, таъмини суботу амнияти мамлакат ва ғайра қарор гирифтаанд. Ин Паём бори дигар собит сохт, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон зери роҳбарии хирадмандонаи Пешвои миллат боз як марҳилаи рушди босуръати худро сипарӣ  карда, ба давраи сифатан нави рушди устувор ворид мешавад. Ҳамагон мо имрўз шоҳиди онем, ки ҳар як сухани Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як матни холиси сиёсӣ, иқтисодӣ ё иҷтимоӣ набуда, балки садои самимии ҳар як фарзанди халқи тоҷик аст, ки андешаи истиқлолу озодӣ ва соҳиб­ватаниву соҳибдавлатӣ тамоми вуҷудашро фаро гирифтааст. Қобили зикр аст, ки маҳорати Асосгузори Сулҳу Ваҳдати Миллӣ, Пешвои Миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пеш аз ҳама дар ғамхорӣ халқу миллати тоҷик, Ватани маҳбубамон бо қобилияти таъсиррасонии суханрони ба мардум ва дар қабули қарорҳои саривақтию одилона зоҳир мегардад, ки Паёми имсола гувоҳи равшани ин аст.

 Валиев Ҷамил – Китобхонаи миллии Тоҷикистон

Барчаспҳо: