Китобхонаи миллӣ дар нуҳ моҳе, ки сипарӣ шуд


Як нуҳмоҳаи дигар аз фаъолияти Китобхонаи миллии Тоҷикистон сипарӣ шуд. Нуҳ моҳе, ки пурбаракаттарин моҳҳои сол буданд, моҳҳое, ки хеле комёбиҳо доштанд, моҳҳое, ки рӯзҳояшон қариб бе чорабиниҳо нагузаштанд. Ва ин ҳама рӯзҳову моҳҳо акнун дар ҳукми таъриханд.
Дар ҷаласаи ҷамъбастии нуҳмоҳа аз ҳамин рӯзҳо ёд шуданд, ҳисобот пешниҳод шуд, ки дар ин нуҳ моҳ чӣ корҳое ба сомон расиданд ва бояд то охири сол ва давраҳои баъдӣ боз кадом корҳоро бояд анҷом дод.
Инак, мухтасари сайри ин нуҳ моҳи сипаришуда:
Зарфи ин нуҳ моҳ 12 ҳазору 530 нафар ба узвияти Китобхонаи миллӣ пазируфта шудаанд ва теъдоди ҳамаи муштариён дар ин боргоҳи маърифат ба 76 ҳазору 721 нафар расидааст. Шумори афроди нав ба узвияти Китобхона қабулшуда дар қиёс ба нуҳмоҳаи соли 2014 1074 нафар зиёд аст.
Маълумоти бештарро дар мавриди ҷалби хонандагон ба Китобхона аз ин ҷо метавонед мутолиа намоед:
Дар ин муддат 173062  нусха адабиёт  ба  маблағи  умумии  480353,87  сомонӣ ба Китобхонаи миллӣ ворид карда шуд. Аз ҷумла, ба фонди умумӣ,  китобҳо – 20779 нусха, маҷаллаҳо – 1896, нашрияҳои давомноки илмӣ-446,   нотаҳо - 61,  маводҳои коркарди гурўҳӣ - 17, авторефератҳо-200, диссертатсияҳо – 72, дастнависҳо- 13, изографикаҳо  -2, секограмма - 47 нусха ва  DVD - 115 дона.
Ба захираи мубодилавии эҳтиётӣ – 149169  нусха ба маблағи умумии – 9393,46   сомонӣ, ба захираи байналмилалии байникитобхонавӣ – 237  нусха  ба маблағи  умумии – 2495,71  сомонӣ ва бидуни  қайд ба шуъбаҳо  - 8  нусха  ба маблағи умумии -  165,32  сомонӣ ворид карда шуд. Муфассали фаъолияти шуъбаи такмили адабиёт ин ҷост:
Ҳамчуноне ишора рафт, дар ин нуҳ моҳ 3 ҳазору 72 нафар хонандагони мактабҳои таҳсилоти ҳамагонӣ ба узвияти Китобхонаи миллӣ пазируфта шудаанд, ки гумон мекунем теъдоди хеле зиёди онҳо толибилмони хурдсол ва наврасон мебошанд.
Дар ин муддат бахши  адабиёти бачагон ва наврасон мизбони  4866  нафар хонандагон буд. Кўдакон ва наврасони аз синни 3 то 14 сола ба толор  омада, дониш ва ҷаҳонбинии худро тавассути мутолиаи китобҳо ва истифодаи барномаҳои компютерӣ сайқал доданд. Матлаби бештарро метавонед аз ин ҷо бихонед:
Дар нўҳ моҳи сипаришуда ба шуъбаи абонементи байни китобхонаҳо  3463 нафар  истифодабарандагон  муроҷиат  намуданд,  ки  105 нафари онҳо хонандагоне мебошанд, ки нав аъзо шудаанд. Бо дархости онҳо  8109 нусха адабиёт ба хона барои  истифодаи  муваққатӣ  дода  шуд. Гуфтаниҳои дигар аз кори шуъба ин ҷост:
Маркази иттилооти ҳуқуқӣ дар нўҳ моҳи  соли ҷорӣ ҷиҳати фаъолсозии саҳифаи махсуси иттилооти ҳуқуқӣ дар сомонаи Китобхона матни  8334 адад Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро  ба забони русӣ таҳия карда ва баъдан  барои ворид намудани он ба сомона омода намуд. Шумораи умумии санадҳои меъёрии ҳуқуқии нав, ки нусхабардорӣ гардид,  дар нўҳ моҳи  соли ҷорӣ 2359 ададро ташкил медиҳад.
Дар шуъбаи  автоматикунонӣ ва раванди китобдорӣ 150 нусха китоб дар ҳаҷми 90020  саҳифа нусхабардорӣ шуда, мавриди  коркард қарор гирифт ва ба формати pdf баргардонида шуд. Китобҳои омодашуда ба сервери ftp, ки фонди китобҳои электронии Китобхона аст, ворид карда шуд. Муфассалтар дар ин бора аз ин ҷо бихонед:
Кормандони шуъбаи адабиёт доир ба фарҳанг ва ҳунар барои таҳияи дастури библиографӣ бо номи «Адабиёти нав доир ба фарҳанг ва ҳунар» 596  нишондиҳандаи библиографӣ аз матбуоти даврӣ бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ ҷамъ ва омода намуданд, ки ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 210 адад зиёд мебошад. Матлаби бештарро аз ин ҷо дарёфт кунед.
Шуъбаи матбуоти даврӣ дар ин нуҳ моҳи сипаришуда як силсила корҳоеро дар самти таблиғи китобхонӣ, ҳуввияту худшиносии миллӣ анҷом додааст. Маълумоти бештар аз фаъолияти ин шуъба ин ҷост:
Китобхонаи миллии Фаронса 30 нусхаи хатии электрониро ройгон ба Китобхонаи миллӣ тақдим кардааст, ки он ба хазинаи хаттии электронии Шуъбаи дастхатҳои Шарқ ва китобҳои нодир ворид карда шудааст.
Дар ин шуъба корҳои дигаре ҳам тӯли ин шаш моҳ анҷом шудаанд, ки муфассалтар аз ин ҷо метавон хонд:
Дар шуъбаи Конуни забони тоҷикӣ ва омўзиши забонҳои хориҷӣ баргардон ва  ба нашр омода намудани  «Фарҳанги рўзи сухан» ва такмилу таҳрири «Фарҳанги мукаммали забони тоҷикӣ» идома дорад. Феҳристи электронии осори забоншиносии солҳои 2009-2015 дар ҳаҷми 380 номгўй мавод гирдоварӣ шуд. Маркази «Тоҷикшиносӣ» ду ҷилди навбатии силсилаи «Тоҷнома»-китоби дуюми «Мероси хаттии бостон» (565 с. А-4) ва асари А. П. Шишов   «Тоҷикон”-ро таҳия намуда, барои табъу нашр пешниҳод намуд. Лутфан ба ин саҳифа ворид шавед:
Кормандони Маркази такмили ихтисоси Китобхона ду барномаи таълимӣ барои бозомўзии кормандонро таҳия карданд:  барномаи таълимии «Омўзиши донишҳои компютерӣ» ва “Омўзиши донишҳои библиографӣ». Курси «Омўзиши донишҳои компютерӣ»-ро 15 нафар корманди Китобхона ва курси “Омўзиши донишҳои библиографӣ»-ро 20 нафар хатм намуда,  соҳиби сертификат гардиданд. Маълумоти муфассалтар ин ҷост:
Як бахши муҳим дар Китобхонаи миллӣ равобити байналмилалист, ки дар барои фаъолияти муфассали он метавон аз ин ҷо мавод дарёфт кард.
Дар ин нуҳ моҳ дар Китобхонаи миллӣ маҳфилу ҷамъомадҳо, чорабиниҳои зиёди фарҳангӣ гузаштанд. Танҳо шумори чорабиниҳои дорои аҳамияти байналмилалӣ ва ҷумҳуриявӣ ба 71 расид.

Барчаспҳо: