Шуъбаи Робитаҳои байналмилалии Китобхона зарфи 9 моҳи соли 2015
Зарфи нуҳ моҳи соли 2015 Шуъбаи робитаҳои байналмилалии Китобхонаи миллӣ корҳои зеринро ба сомон расонид:
Моҳи феврали соли равон Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ байни Китобхонаи миллии Тоҷикистон ва Китобхонаи давлатии Туркманистон баррасӣ шуд, ки ҳоло бо вазорату идораҳои зидахли кишвар мувофақа мешавад.
Моҳи феврали соли ҷорӣ вохўрии директори Китобхонаи миллӣ бо сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт ва ширкатҳои туристии ин кишвар баргузор гардид.
Инчунин дар моҳи феврал вохўрии директори Китобхонаи миллӣ бо кордори сафорати Кореяи Ҷанубӣ анҷом пазируфт.
Моҳи марти соли ҷорӣ директори Китобхона бо сафири навтаъини Ҷумҳурии Исломии Эрон мулоқот кард ва дар ин дидор масъалаҳои равобити дуҷониба баррасӣ гардиданд.
Рўзи 20.03 2015. вазирони фарҳанги СҲИ Шонҳой ба Китобхонаи миллии Точикистон ташриф оварданд ва бо фаъолиятҳои он аз наздик ошно шуданд.
Рўзи 7 майи соли 2015 Шоҳзодахонуми Шоҳигарии Тайланд Маҳа Чакри Сириндорн ба Китобхона ташриф овард.
Имсол Китобхонаи миллӣ мизбони бахше аз чорабиниҳои Конфронси байналмилалии натиҷаи даҳсолаи «Об - манбаи ҳаёт 2005-2015» буд, ки дар кори он намояндагони зиёда аз 46 кишвари ҷаҳон ва созмонҳои ҷаҳонӣ ширкат доштанд.
Рўзи 8 июн Сарвазири Ҷумҳури Исломии Афғонистон ва муовини Котиби генералии Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид ба Китобхона ташриф оварданд.
Рўзи 12 июни соли ҷорӣ вохўрии директори Китобхона бо мудири кулли иттилоърасонии Китобхонаи миллии Эрон Ризо Шаҳробӣ ва мудири Китобхона ва асноди маркази Хуросони Разавӣ Акбар Шайх баргузор гардид. Аз ҷониби Китобхонаи миллии Эрон ба Маркази фарҳанги Эрон дар Китобхона таҷҳизоти технологӣ тақдим карда шуд.
Рўзи 13 июн Раиси вилояти Хуросони Ҷумҳурии Исломии Эрон бо ҳамроҳии Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Исломии Эрон дар шаҳри Душанбе ба Китобхона ташриф оварда, бо директори Китобхона вохўрӣ намуданд.
Инчунин дар ин рўз дар Гўшаи фарҳангии Куриёи Ҷанубӣ озмуни беҳтарин донандаи забони куриёӣ баргузор гардид, ки дар чорабинӣ Кордори Сафорати Куриёи Ҷанубӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкат варзид.
25 нусха китоб ва 10 нусха маҷалла ба тариқи мубодилаи байналмилалии китоб ба фонди Китобхона аз Китобхонаи миллии Белорусия, Китобхонаи миллии Арманистон, Китобхонаи миллии Ҷопон, Китобхонаи миллии Куриё, Китобхонаи миллии Булғористон, Китобхонаи миллии Чин ва Китобхонаи Донишгоҳи Ростоки Олмон ворид карда шуд.
Ҷиҳати мубодилаи байналмилалии минбаъда 106 нусха китоб ва 19 маҷалла аз рўйхатҳои пешниҳоднамудаи Китобхонаи давлатии Русия, Китобхонаи миллии Белорус, Китобхонаи миллии Ҷопон ва Китобхонаи миллии Арманистон, Китобхонаи Миср ва Китобхонаи миллии Ўзбекистон интихоб гардида фармоиш дода шуд.
Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо 22 китобхонаҳои бузурги дунё ҳамкорӣ дошта, бо 21 китобхонаи ҷаҳон мубодилаи китобро ба роҳ монда аст. Аз ҷумла, бо Китобхонаи давлатии Русия, Китобхонаи Конгресси Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Китобхонаҳои миллии Булғористон, Маҷористон, Лаҳистон, Куриё, Эрон, Ветнам, Туркия, Олмон, Фаронса, Ҳиндустон, Қазоқистон ва ғайра.
Дар шуъбаи адабиёти хориҷӣ 9 намоиши мавзўии китоб гузаронида шуда, 385 нусха ба маъраз гузошта шуд. Аз ҷумла, намоишҳои мавзўии китоб бо унвони «Артиши миллӣ», «Реша»(бахшида ба соли замин эълон гардидани соли 2015), «Соли иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ», «Наврўзи хуҷастапай», «Иди занон», «Ҳифзи кўдакон», «Китобҳои тозанашр аз Озарбойҷон», «Китобҳои тозанашр аз Тайланд» ва «Ваҳдати миллӣ» ташкил карда шуд.
Рассоми тоҷик, рассом-ороишгари Китобхонаи миллии Тоҷикистон Зокир Собиров дар намоишгоҳи «Мавҷи байналмилалии ҳунар»-и шаҳри Ню-Йорк, ки таҳти унвони «Ҳунар дар ҳоли рушд» баргузор шуд, ғоибона ширкат варзида, соҳиби ҷоизаи асосӣ «Уқоби тиллоӣ» гардид. Ин конкурс, ки таи 6 моҳ, аз 1 январ то 30 июни соли ҷорӣ идома дошт, асарҳои рассомони ҷаҳонро дар панҷ равия дар назар гирифта буд: реализм, сюрреализм, импрессионизм, фантазия ва абстраксия. Аммо асарҳои З. Собировро, ки дар равияи хоси худи ў-параллелизм, эҷод шуда буданд, пазируфт ва асари “Бародари ман”-ро Моҳи сентябри соли гузашта низ З. Собиров дар намоишгоҳи байналмилалӣ дар шаҳри Тсиндауи Чин асарҳояшро ба маърази тамошо гузошта буд ва ин равия аз тарафи коршиносони ҳирфаӣ эътироф гардида буд.
Дар рафти сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳри Ишқободи Туркманистон 19-20 августи соли ҷорӣ Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ байни Китобхонаи миллии Тоҷикистон ва Китобхонаи давлатии Маркази давлатии фарҳангии Вазорати фарҳанги Туркманистон ба имзо расид.
Инчунин лоиҳаи Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ байни Китобхонаи миллии Тоҷикистон ва Китобхонаи миллии Озарбойҷон мувофиқа гардид.
Дар 4-умин Намоишгоҳи байналмилалии Китоби Боку, ки 16-18 сентябри соли 2015 дар шаҳри Бокуи Ҷумҳурии Озарбойҷон баргузор гардид, сардори шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ ширкат варзид. Дар намоишгоҳи мазкур 30 номгўй китобҳои тозанашри Тоҷикистон ба намоиш гузошта шуданд. Дар рафти сафар ба Ҷумҳурии Озарбойҷон ҷиҳати боз ҳам вусъат бахшидан ба ҳамкорӣ дар соҳаи китобу китобдорӣ бо директори генералии Китобхонаи миллии Русия вохўрӣ доир карда шуд, оид ба дастрас намудани нусхаҳои электронии дастхатҳои Шарқ, рўзномаи «Туркестанские ведемости» ва «Бухорои шариф» суҳбатҳои доир гардид. Инчунин ҷиҳати ба имзо расонидани Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ байни Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо китобхонаҳои Русия, Молдова, Озарбойҷон, Туркия, Эстония, Босния ва Ҳерсоговина, Албания ва Словакия бо директору намояндагони онҳо гуфтушунидҳо баргузор гардид.
Дар давоми нўҳ моҳи соли ҷорӣ Гўшаи фарҳангии Шоҳигарии Арабистони Саудӣ ба 1700 нафар, Маркази иттилооти Олмон ба 1965 нафар, Гўшаи Ҷумҳурии Халқии Хитой ба 510 нафар ва Гўшаи фарҳангиии Эрон ба 2237 нафар хизмат расониданд. Гўшаи Куриё 680 нафар хонандаро ба омўзиши забони куриёӣ ҷалб намуд.
Дар нўҳ моҳи соли ҷорӣ ба шуъбаи адабиёти хориҷӣ 2765 китоб ва маҷалла ворид карда шуда, мушаххасоти библиографии маводи воридшуда дар китоби инвентарӣ ба қайд гирифта шуд. Шумораи адабиёти мавриди зикр ба тариқи харидорӣ аз нашриёти «Дониш», нусхаҳои ҳатмии ватанӣ, шахсони алоҳида, профессорҳо Наврўзов, М. Шакурӣ, С. Соатов , Анҷумани дўстии Эрон-Тоҷикистон, САҲА, СММ, Сафорати Ҷумҳурии мардумии Чин ва Шоҳзодаи Тайланд ворид карда шуд.
48 нусха китоб ва 10 нусха маҷалла ба тариқи мубодилаи байналмилалии китоб ба фонди Китобхона аз Китобхонаи миллии Белорусия, Китобхонаи миллии Арманистон, Китобхонаи миллии Ҷопон, Китобхонаи миллии Куриё, Китобхонаи миллии Булғористон, Китобхонаи миллии Чин ва Китобхонаи Донишгоҳи Ростоки Олмон ворид карда шуд.
Ҷиҳати мубодилаи байналмилалии минбаъдаи китоб 106 нусха китоб ва 19 маҷалла аз рўйхатҳои пешниҳоднамудаи Китобхонаи давлатии Русия, Китобхонаи миллии Белорусия, Китобхонаи миллии Ҷопон ва Китобхонаи миллии Арманистон, Китобхонаи Миср ва Китобхонаи миллии Ўзбекистон интихоб гардида, фармоиш дода шуд.
Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо 22 китобхонаҳои бузурги дунё ҳамкорӣ дошта, бо 21 китобхонаи ҷаҳон мубодилаи китобро ба роҳ монда аст. Аз ҷумла, бо Китобхонаи давлатии Русия, Китобхонаи Конгресси Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Китобхонаҳои миллии Булғористон, Китобхонаи миллии Маҷористон, Китобхонаи миллии Лаҳистон, Китобхонаи миллии Куриё, Китобхонаи миллии Эрон, Китобхонаи миллии Ветнам, Китобхонаи миллии Туркия, Китобхонаи миллии Олмон, Китобхонаи миллии Фаронса, Китобхонаи миллии Ҳиндустон, Китобхонаи миллии Қазоқистон ва ғ.
Дар шуъбаи адабиёти хориҷӣ 12 намоиши мавзўии китоб гузаронида шуда, 400 нусха ба тамошо гузошта шуд. Аз ҷумла, намоишҳои мавзуъии китоб бо унвони «Артиши миллӣ», «Реша»(бахшида ба соли замин эълон гардидани соли 2015), «Соли иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ», «Наврўзи хуҷастапай», «Иди занон», «Ҳифзи кўдакон», «Китобҳои тозанашр аз Озарбойҷон», «Китобҳои тозанашр аз Тайланд», «Ваҳдати миллӣ» ва “Рўзи китоб” ташкил карда шуд.
Рассоми тоҷик, рассом-ороишгари Китобхонаи миллии Тоҷикистон Зокир Собиров дар намоишгоҳи «Мавҷи байналмилалии ҳунар»-и шаҳри Ню-Йорк, ки таҳти унвони «Ҳунар дар ҳоли рушд» баргузор шуд, ғоибона ширкат варзида, соҳиби ҷоизаи асосӣ «Уқоби тиллоӣ» гардид. Ин озмун, ки таи 3 моҳ, аз 1 январ то 30 июни соли ҷорӣ , идома дошт, асарҳои рассомони ҷаҳонро дар панҷ равия дар назар гирифта буд: реализм, сюрреализм, импрессионизм, фантазия ва абстраксия. Аммо асарҳои З. Собировро, ки дар равияи хоси худи ў-параллелизм, эҷод шуда буданд, пазируфт ва якеи онро (албатта бо назардошти ҳамаашон) сазовори ҷоизаи асосӣ донист. Моҳи сентябри соли гузашта низ З. Собиров дар намоишгоҳи байналмилалӣ дар шаҳри Тсиндауи Чин асарҳояшро ба маърази тамошо гузошт ва ин равия аз тарафи коршиносони ҳирфаӣ эътироф гардида буд.