Хизматрасонӣ ба атфол ва наврасон дар нуҳ моҳи соли 2015

Дар ин нуҳ моҳ 3 ҳазору 72 нафар хонандагони мактабҳои таҳсилоти ҳамагонӣ ба узвияти Китобхонаи миллӣ пазируфта шудаанд, ки гумон мекунем теъдоди хеле зиёди онҳо толибилмони хурдсол ва наврасон мебошанд.
Дар ин муддат бахши адабиёти бачагон ва наврасон мизбони  4866  нафар хонандагон буд. Кўдакон ва наврасони аз синни 3 то 14 солаи ба толор  омада, дониш ва ҷаҳонбинии худро тавассути мутолиаи китобҳо ва истифодаи барномаҳои компютерӣ сайқал доданд.
Инчунин кўдакон ва наврасон аз 14 компютере, ки дар толор насб карда шудааст, истифода намуданд. Дар компютерҳо барномаҳо барои омўзиши забони русӣ, донишҳои риёзӣ, адабиёт, таърих ва дигар фанҳо насб карда шудаанд. Мақсади ниҳоии ин бахш пеш аз ҳама  таъмин ва дастрас намудани кўдакон бо компютер ва барномаҳои компютерӣ мебошад.
Бо ташаббуси кормандони бахши адабиёти кўдакон ва наврасони шуъбаи хизматрасонӣ якчанд чорабиниҳо ва вохӯриҳо бо адибон гузаронида шуданд. Аз он ҷумла, 23 –уми феврал  бахшида ба рӯзи Артиши миллӣ ва  8-уми март ба ифтихори Рӯзи модарон чорабиниҳо роҳандозӣ шуданд, ки дар он хонандагони чанд мактаби миёнаи пойтахти кишвар ширкат намуданд.  
Дар ин чорабиниҳо кўдакон ҳар гуна тўҳфаҳо аз қоғазҳои ранга омода намуданд, дар васфи модарону сарбозон шеърхонӣ карданд ва дар викторинаҳо иштирок намуданд.
Рўзи 6 апрел бахшида ба Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кўдакон ва наврасони Тоҷикистон» (аз 2.04.2015 то 9.04.2015) вохўрии шоирони ҷавон Рудоба, Малика ва Хиромон, ки аз Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон омада буданд, бо хонандагони мактабҳои таҳсилоти ҳамагонии №8, 11, 34, 53 ва чанд тан аз толибилмони фаъоли Китобхонаи ҷумҳуриявии бачагонаи ба номи Мирсаид Миршакар гузаронида шуд.  
19 май бошад, адиби кишвар Ғанӣ Ҷӯразода бо мактаббачагони  мактабҳои №1, 9, 60  мулоқот кард.
 Рӯзҳои 30-31 майи соли равон дар  толори кўдакон ва наврасон бахшида ба Рўзи байналмилалии ҳифзи  кўдакон  300 нафар аз озмуни “Овози тиллоӣ” ва 400 нафар аз ҳар ноҳияҳо ва вилоятҳо аз Китобхонаи миллӣ дидан намуданд. Инчунин дар ҳамин рўз аз тарафи хонандагони мактаби № 87-и шаҳри Душанбе намоиши либосҳои миллӣ пешкаши кўдакон ва наврасон гардид.