Чорабиниҳои фарҳангии Китобхона дар нуҳ моҳи соли 2015

Дар Китобхонаи миллӣ  давоми нўҳ  моҳи соли равон чорабиниҳои зерин баргузор гардид.
   28.01.2015. Семинар оид ба муҳокимаи лоиҳаи “Таҳкими иштироки бахши хусусӣ дар низоми таҳсилоти касбӣ-техникии Тоҷикистон”, бо ташаббуси Бонки Рушди Осиё.
 29.01 2015. Гуфтугў аз тариқи Скайп бо номи “Мо толиби сулҳем”, бо ҳамдастии Бунёди хайриявии “Маркази таълимии Самира”
13.02.2015.Маҳфили «Фарҳанги оиладорӣ” дар партави Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамзамон рўнамоии китоби Дилафрўзи Қурбонӣ “Розҳои оиладорӣ”
18.02.2015. Мизи мудаввар  бо ҳузури  700 ҷавони касбу кори гуногун ва  иштироки раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон дар партави Паёми Сарвари давлат ба Маҷлиси Олӣ.
 20.02.2015. Конфронс бахшида ба Рўзи байналмилалии забони модарӣ,  бо ибтикори Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати корҳои хориҷӣ ва Китобхонаи миллӣ ва  иштироки намояндагони халқиятҳои гуногуни муқими Тоҷикистон.
  25.02.2015.Мизи мудаввар дар мавзўи “Шўрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани сармоягузорӣ ҳамчун омили муколамаи байни давлат ва бахши хусусӣ”.
 05.03.2015.Ҷаласаи тантанавии кормандони Китобхона бахшида ба “Рўзи модар”
  11.03.2015.Маҳфили адабӣ бо иштироки аҳли илму адаби марказҳои фарҳангии  ҷумҳурӣ бахшида ба 150-солагии зодрўзи Нақибхон Туғрал.      01.03.2015. Чорабинии фарҳангии “Соли оила”
 16.03.2015. Маҳфили ҷамъбасти  “Озмуни беҳтарин тарғибгари забон” бо иштироки васеъи донишмандону забоншиносони ҷумҳурӣ.
 18.03.2015. Чорабинии фарҳангии  муаррифии имконоти хидматрасонӣ ва навгониҳои  Китобхона  -  “Рўзи дарҳои кушод дар Китобхонаи миллӣ”, ки  зиёда аз 10.000 шаҳрванд ташриф оварданд.
  19-20.03.2015.Ҷаласаи шашуми Шўрои сарпарастони Муассисаи фарҳангии Созмони ҳамкории иқтисодӣ (СҲИ) ва ҷаласаи панҷуми коршиносони сатҳи баланд.
 19-20.03.2015. Вохурии ҳайати Ҷумҳурии Қазоқистон ҷиҳати иштирок дар ҷаласаи 12-уми Комиссияи муштараки байни Ҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ.
 21-22.03.2015. Намоиши китоб, маҷаллаву суратҳо ва либосҳои миллӣ бахшида ба Наврузи ҷаҳонӣ ва аксияҳои фурўши китоб бо чалби мағозаҳои китобфурўшӣ дар саҳни Китобхонаи миллӣ.
  02.04.2015. Семинари илмӣ-амалӣ дар мавзўи “Ҳамкории ҷавонон бо мақомоти корҳои дохилӣ дар мубориза бо ифротгароӣ”.
  06.4.2015 “Барномаи дастгирии давлатии соҳибкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои  солҳои 2012- 2020”.
 06.04.2015. “Барномаи рушди фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, барои солҳои 2008- 2015”.
   07.04.2015. Таҷлили муштараки “Наврўзи аҷам” бо Вазорати фарҳанг ва ташкили намоиши китоб, маҷаллаву суратҳо ва либосҳои миллӣ бахшида ба Наврўзи ҷаҳонӣ дар саҳни даромадгоҳи  КМТ.
 10.04.2015.Конфронси “FFPSD (GIZ)”.
 14.04.2015.Мизи мудаввар таҳти унвони “Масъалаҳои амнияти миллӣ ва сиёсати хориҷӣ дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон”.
  15.04.2015. Мулоқоти олимони тоҷик дар мавзўи “Илми тоҷик ва забони муосир” бо иштироки Кумитаи забон ва ислоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон .
  16.04.2015. Маҳфили “Ҳофизхонӣ”.
  16.04.2015. Намоиши китоб, Маркази байналмилалии рушди инсон САМО, Дар ҳар хонадон нобиғаи ояндае ҳаст, ки ба дастгирӣ эҳтиёҷ дорад.
 17.04.2015. Бахшида ба 90-солагии Пойтахт Конфронси «Китобхона ҳамчун маркази фарҳангию таърихии пойтахт».
  17.04.2015. Маҳфили “Сайри гули лола” дар Боғи фарҳанги ба номи А.Рўдакӣ бо иштироки кормандони Китобхона, донишҷўёни Консерваторияи миллии Тоҷикистон ва аъзоёни маҳфили “Ҳамешабаҳор” .  
  23.04.2015. Конфронси Асcотсиатсияи боркашонҳои байналмилалии автомобилии Ҷумҳурии Тоҷикистон «ABBAT».
   24.04.2015. Бизнес- форуми соҳибкорони Тоҷикистон ва Фаронса.
  27-29.04.2015. Барномаи мизи мудаввар оид ба  «Ҳамкории милитсия ва ҷомеа: кор бо шўроҳои ҷамъиятӣ ва ВАО».
 28.04.2015. Семинари илмӣ-фарҳангӣ бахшида ба зодрўзи устод С.Айнӣ таҳти унвони “Айнӣ дар Фаронса”.
 05.06.2015. Конфронси илмию амалӣ бахшида ба 50-солагии Китобхонаи давлатии патентию техникии Муассисаи давлатии “Маркази миллии иттилоот”- и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳуриии Тоҷикистон.
30. 07.05.2015. Чорабинии фарҳангӣ бахшида ба 70 – солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ бар фашизми гитлерӣ таҳти унвони “Мулоқот бо иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ”.
31.07.05.2015. Рўнамоии китобҳои “Аскарони Ғалаба”-и Ҳабибов А.   Мирзо Р. ва “Тоҷикистон дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ (солҳои 1941-1945)”-и Қараев Ф., Аминов Ф.  
  30.04.2015.Имтиҳони байналмилалии IELTS дар шаҳри Душанбе «ФОУР ОУКС  АКАДЕМИ» .
  14.05.2015. Конфронси илмию амалӣ таҳти унвони “Ҳимояи Ватан-Модар вазифаи ҳар як фард мебошад”.
 14.05.2015. Маҳфили “Ҳофизхонӣ” (14.05. 2015 соати 1500).  
 15.05.2015.Мизи мудаввар таҳти унвони “Нақши муҳити оила дар тарбияи ҳувияти миллӣ”.
 20.05.2015. Маҳфили “Ҳамешабаҳор”.
 22.05.2015. Маҷлиси саҳмдорони НБО-и Роғун.
  22.05.2015. Анҷумани VI- уми педиаторон ва ҷарроҳони кўдаконаи Тоҷикистон.
  26.05.2015.Конфронси  Раёсати СММ ( UNODC).
 26.05.2015.  Конфронси Ҳамоҳангсозии раисони кумитаҳои мудофиа ва амнияти парламентҳои давлатҳои аъзои СААД.
  27.05.2015. Семинари омўзишӣ таҳти унвони “Нашри китоб дар Тоҷикистон ва раванди таъмини китобхонаҳо ба китобҳои тозанашр”.
  27.05.2015. Конфронси ҷумҳуриявии илмӣ- амалӣ дар мавзўи “Ифротгароии салафӣ: масъалаҳои амнияти давлатдории дунявӣ ва ҳифзи ҳувияти миллӣ”.
  28.5.2015. Ҷаласаи Шарҳи лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ.
  28.05.2015. Маҳфили “Ҳофизхонӣ”.  
 29-30.05.2015. Конфронси байналмилалии “Энергетические ресурсы в горных регионах Централной Азии в эпоху глобалных изменений: исследования и практика” .
 30-31.05.2015. Бахшида ба “Рузи байналмилалии ҳифзи кўдакон”, Сайри иштирокчиёни озмуни рассомони ҷавон “Олами рангини  кўдакон”.
  29.05.2015.Мулоқоти хонандагони фаъоли шуъбаи абонементи байни китобхонаҳо бо аспирантҳо ва унвонҷўён таҳти унвони “Чароғи маърифат”.   
 01-06.2015. Ҷаласаи техникии Агентии байналмилалии нерўи атомӣ (МАГАТЭ).
  06-11.06.2015. Ҷаласаҳои Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба масъалаҳои Даҳсолаи байналмилалии  “ Об барои ҳаёт”, 2005-2015 ва талошҳои минбаъда ба мақсади дастрас ба рушди устувори захираҳои об.  
  13.05.2015. Чорабинии  «Таълими забони хитоӣ дар Тоҷикистон».
  18.06.2015.Конфронси байналмилалӣ дар мавзўи «Ҳамоҳангӣ ва ҳамкории зичи мақомотҳои сарҳадӣ оид ба мубориза бар зидди фаъолияти  ғайриқонунӣ дар сарҳадҳои берунаи давлатҳо- иштирокчиёни ИДМ».
 24.06.2015. Мизи мудаввари ташкилоти ҷамъиятии ҷумҳуриявии “СПИД Фонд Шарқу Ғарб - Тоҷикистон” (ТҶҶ СФШҒ).
 22-23.07.2015  Конфренсияи байналмилалӣ дар мавзўи “Ислом зидди экстремизм ва терроризми динӣ”.
27.07.2015.  Конфренсияи байналмилалӣ дар мавзўи “Масъалаи вожагузинӣ ва истилоҳоти забони форсӣ-тоҷикӣ”.
  05.08.2015. Конфренсияи Агентии захираҳои моддии давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Ҷаласаи 11-уми Шўрои машваратии роҳбарони мақомоти ҳокимияти давлатие, ки идоракунии захираи моддии давлатиро давлатҳо-аъзоёни Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба уҳда доранд”.
 12.08.2015. Чорабинии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан” дар мавзўи “Омилҳои гаравидани ҷавонон ба гурўҳҳои ифротӣ ва роҳҳои пешгирӣ аз он ”.
  15-19.08.2015.  Намоиши аксҳои Агентии иттилоотии намояндагии “Синхуа”  бахшида ба 70-умин солгарди пирўзии башарият ба фашизм.
 18.08.2015. Машварати сеюми Вазирони адлияи давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай дар Душанбе.
59.18-20.08.2015 Машварати Ташкилоти ҷамъияти Ҷ.Т.“Олимони навин”.
 26.09.2015. Конфренсияи ҷумҳуриявии илмию амалӣ дар мавзўи “Нақши Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар такмили ҳокимияти судӣ”.
 29.08.2015 Конфронси байналмилалии туристии “Тоҷикистон-кишвари туризм” ва Фестивали туристиву фарҳангии “Мероси роҳи Абрешим”.
 04.09.2015. Композитсияи бадеӣ- мусиқӣ зери унвони “Тараннуми  ваҳдат” бо иштироки маҳфили “Ҳамешабаҳор” дар пояи ҳайкали Устод Рўдакӣ.
 05.09.2015. Рўзи «Дарҳои боз» ва намоиши китоб.
 10.09.2015. Мулоқоти олимони Академияи улуми таҳсилоти Тоҷикистон таҳти унвони “Чароғи равшан”.
 10.09.2015. Мулоқоти аҳли адаби кишвар бо хонандагони КМТ таҳти унвони “Китоб ва рушди зеҳнии ҷомеа”.
 21.09.2015. Ҳамоиши илмӣ таҳти унвони “ Рўдакишиносӣ дар солҳои охир”.
  29.09.2015. Чорабинӣ ба ифтихори Рўзи забони давлатӣ таҳти унвони “Умри миллат ба умри забон вобаста аст”.
29.09.2015. Конфиренсия бахшида ба Рўзи забони давлатӣ дар мавзўи “Номҳои ҷуғрофӣ ва суннати номгузорӣ “.
  04.09.2015. Кормандони КМТ дар семинари ҷумҳурявии бахшида ба Рўзи китоб таҳти унвони “Нақши китобдори ҷавон дар тарғиби сарватҳои иттилоотӣ”, ки Китобхона давлати патентӣ ва иттилоотӣ иштирок ва маърўза намуданд, кормандон  Н. Мансуров бо ифтихорномаи Вазорати маориф ва илм ва Даниярова Н. бо сипосномаи Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуданд.
 06-09.2015. Кормандони КМТ дар Намоишгоҳи  чоруми байналмилалии “Китоби Душанбе” иштирок варзиданд ва КМТ бо дипломи ифтихорӣ сарфароз гардонида шуд.
22.09.2015. Инчунин дар омода  намудани  Китобхонаи марказии ноҳияи Ҳисор барои  маросими ифтитоҳи он рўзи 22.09.2015 бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гурўҳи кормандони КМТ бо сарварии муовини директор Маҳмудов Г. саҳми шоиста  гузоштанд.
    Илова бар ин дар Китобхона маҳфили адабии  “Ҳамешабаҳор” амал мекунад, ки дар тўли нўҳ моҳи соли ҷорӣ 23  маротиба баргузор гардид.
Ҷалби васоити ахбори омма ба тарғиб ва ташвиқи чорабиниҳои баргузоргардида  яке аз самтҳои фаъолияти  Китобхона  мебошад. Дар давраи ҳисоботӣ чорабиниҳои гузаронидашуда (50 – чорабинӣ) тавассути шабакаҳои телевизионии “Шабакаи аввал” , ТВ “Сафина ”,  ТВ “Баҳористон ” ва  ТВ  “Ҷаҳоннамо” тарғиб  карда шуданд. Масалан:                                                                                                                                                                 
ТВ  «Шабакаи аввал»  - 17   маротиба,                                                                                     ТВ   «Сафина» - 12  маротиба ,                                                                                            ТВ   «Баҳористон» - 15 маротиба,                                                                                                   ТВ   «Ҷаҳоннамо» - 6 маротиба
барои сабти барнома ва таҳияи гузоришҳо ба Китобхона  муроҷиат намуданд.     
           Як бахши дигари фаъолият гузаронидани экскурсия дар дохили Китобхона ба ҳисоб меравад. Метавон гуфт, экскурсия барои тарғибу ташвиқи китобу китобхонӣ дар байни хонандагони макотиби миёна ва аҳолии мамлакат манфиати хосаи фарҳангӣ дорад. Дар давоми  нўҳ моҳ  барои намояндагони корпуси дипломатӣ, меҳмонони дохиливу хориҷӣ ва донишҷўёну мактаббачагон  302  экскурсия -дар маҷмўъ ба 4786  нафар меҳмонон  дар дохили Китобхона саёҳат ташкил карда шуд.  
 Ба намоиш гузоштани китобҳои тозанашр ва мавзўӣ аз ҷониби шуъбаҳои дахлдор пайгирона амалӣ карда мешавад. Дар нўҳ моҳи соли  ҷорӣ 14 намоишҳои китоб ташкил ва бештар аз 493  нусха  китобҳои пурмуҳтаво ба намоиш гузошта шуд.