Маҳфили навбатии “Равшандилон” ин бор бештар атрофи китоби нави Хомисаи Аюбзод «Ман ва ҳаёт» ҷараён гирифт ва ба гуфтаи муаллиф китоби мазкур ҳоло омодаи чоп шудаву рӯзҳои наздик ба дасти ҳаводоронаш мерасад.
Хомиса аз ҷумлаи аҳли эҷоди маҳфил буда, дар ҳам нишаст армуғоне барои дӯстонаш ва аҳли маҳфил дорад. Бо вуҷуди он ки аз ҷумлаи шахсони имкониятҳои маҳдуд мебошад, вале ба зиндагӣ дилгарм асту онро дӯст медорад. Гувоҳи ин навиштаҳои ӯст, ки дар шакли китоб чоп шудаву дар матбуот ҳам зиёд ба чоп мерасанд.
Шеъру таронаҳояш гувоҳанд, ки Хомиса ошиқи зиндагӣ, табиати нотакрори диёр ва мардумони сарбуланди он аст.
Ин маҳфил баъд аз зуҳри дирӯз, 27 октябр дар толори хониши шуъбаи хизматрасонӣ ба маъюбон доир гардид ва боз ҳам яке аз хотирмонтарин маҳфилҳои “Равшандилон” буд.
А.Назарова