Китобхонаи миллӣ зарфи нуҳ моҳи сипаришуда ба маблағи зиёда аз 450677 23979 китоб дарёфт кард ва ин миқдор мавриди коркард қарор гирифт. Ба захираи умумии Китобхона 19655 нусха ба маблағи умумии 403174 сомонию 71 дирам ворид карда шуд. Аз ҷумла, 18374 нусха китоб, 806 нусха маҷалла, 79 нусха нашрияҳои давомноки илмӣ, 41 адад нотаҳо, 287 нусха диссертатсияҳо, 63 дона СD-DVD ва 5 нусха секограмма.
Директори Китобхонаи милли, профессор Ҷумахон Файзализод, ки дирӯз дар як ҷаласаи ҳисоботи нуҳ моҳи фаъолият дар ҳузури кормандон сухан мегуфт, иттило дод, ки дар ин муддат ба захираи мубодилавии эҳтиётӣ 2584 нусха китоб ба маблағи умумии 29889 сомонию 54 дирам ва бенавишт ба шуъбаҳо 1660 нусха ба маблағи 712 сомонӣ ба қайд гирифта шудааст. Тавассути мубодилаи байналмилалии китоб бошад 80 нусха ба маблағи 2784 сомонӣ сабт шудааст.
Бино ба гуфтаи Директори Китобхонаи миллӣ кормандони шуъбаи такмили адабиёт 2487 нусха (1474 номгў) китобҳои ҳатмӣ, 16378 нусха адабиёти туҳфашуда аз шахсони алоҳида ва 730 нусха китобро аз сарчашмаҳои гуногун қабул намуда, ба дафтари бақайдгирӣ сабт карданд. Ба китобҳо барга навишта ба шуъбаҳои дахлдор ирсол намуданд. Баргаҳо аз рўйи таснифоти сол, алифбо ва ҷойи нашр ба танзим дароварда шуда ба феҳристи фармоишии шуъба захира карда шуданд.
Ҳамчунин, 395 адад маҷаллаҳои обунавӣ ба маблағи 31044 сомонию 10 дирам ворид гардидаву муҳр зада шуда, дар феҳристи шуъба ба қайд гирифта шудааст. Ба 31598 нусха адабиёти коркардшуда рамзбандии вижавӣ (часпондани штрих-код) сурат гирифт.
Профессор Файзализода дар бахши дигари суханронии худ гуфт, ки дар нуҳ моҳи соли 2020 шумораи хонандагони ташрифоварда ба толорҳои хониш, толори электронӣ, толори маводи мусаббат, толори феҳриствораҳо, гўшаҳои кишварҳои хориҷӣ ва дигар нуқтаҳои хизматрасонӣ 157946 нафарро ташкил дод, ки ба ҳисоби миёна дар як рўз ба 585 нафар рост меояд. Ин хонандагон дар маҷмуъ 218699 нусха китоб дархост кардаанд. Директори Китобхонаи миллӣ иброз дошт, ки ҳам ҳузури хонандагон дар толорҳои хониш ва ҳам адабиёти пешниҳодшуда дар қиёс ба нуҳмоҳаи соли 2019 кам аст ва иллати аслии он коҳиши вуруди хонандагон ба сабаби авҷи коронавирус дар кишвар ва эълони маҳдудиятҳо дар корхонаву муассисаҳо ва боргоҳҳои омӯзишиву маърифатӣ буд.