Сайре дар китобхонаҳои бузурги олам: Китобхонаи миллии Фаронса

Китобхонаи миллии Фаронса дар хиёбони Ришелю минтақаи “Париж ду” воқеъ шудааст. Поягузорони Китобхонаи миллии Фаронса подшоҳони Фаронса мебошанд. Карли V дар солҳои (1360-1380) аввалин китобхонаи салтанатӣ бо дороии ҳазор нусхаи хаттӣ дар яке аз толорҳои сохтмони Лувр  барои худ сохт. Жил Моле дар соли 1373 феҳристе аз нусхаҳои мавҷуд дар китобхонаро таҳия намуд, ки ҳанӯз дастнависи он дар бахши нусхаҳои хаттии китобхона мавҷуд аст. Ҷойнишинони Карли V ба ин Китобхона чандон аҳамияте надоданд ва нусхаҳои хаттиро дар соли 1424 ба Ҷон Ланкастери герсог Бедфорд фурӯхтанд. Карли VIII ва Луйи XII низ ба тавсиаи он пардохтанд ва маҳали китобхона бо тағйири маҳали иқомати подшоҳон аз қасре ба қасри дигар тағйир мекард. Дар соли 1523 сарпарастии китобхона ба Гиём Бюде донишманди машҳури улуми инсонӣ вогузор гардид ва маҳали он дар қасри Фонтенбло қарор гирифт.

Соли 1537 қонун “Дар бораи супоридани нусхаҳои ҳатмӣ” ба тасвиб расид ва тибқи ин қонун ҳар китобе, ки дар кишвар ба чоп мерасад, бояд як нусхаи он ба ин китобхона ворид шавад. Бо ин тартиб дар соли 1622 фонди умумии ин китобхона ба 4712 нусха китоб расид.

Дар соли 1692 дарҳои китобхона ба рӯйи тамоми мардум кушода шуд ва соли 1743 ба макони ҳозираи он дар қасри Кординал Мазарин воқеъ дар хиёбони Ришелю интиқол ёфт ва дар он ҷо ба панҷ бахш тақсим гардид.

Соли 1789 китобхонаи салтанатӣ расман ба номи Китобхонаи миллии Фаронса номгузорӣ шуд. Бо шуруъи Инқилоби кабир дар Фаронса фаъолияти Китобхона то муддате қатъ гардид. Дар ин муддат талаботи Қонун “Дар бораи супоридани нусхаҳои ҳатмӣ” низ тӯли се сол амалӣ нашуд, вале маҷмӯи фонди китобхонаи мазкур бо дарёфти беш аз 3000 санад мусодирашуда аз амволи хонадони салтанатӣ ва хориҷиён ғановати бештаре ёфт.

Алорағми он, ки  ин китобхона дар тӯли қарнҳо чанд бор аз ҷое ба ҷое интиқол ёфтааст. То охири даҳаи 1800 ҳамчунон ба унвони бузургтарин китобхона дар ҷаҳон шинохта мешуд.

Аз он ҷойе ки афзоиши рӯзафзуни маводи гуногуни мавҷуд дар китобхона ҳифзу нигаҳдорӣ ва хизматрасониро ба хатар андохта буд, давлати Фароса тасмим гирифт, ки сохтмони бинои нави Китобхонаи миллии Фаронсаро ба роҳ монад. Дар давоми солҳои 1990-1995 бинои нав ба истифода супорида шуд.

Азнавсозӣ, густариш ва эҷоди имкониятҳои наву модернизатсия шудани саросари Китобхона сабаб шуд, ки Китобхонаи миллии Фаронса ҳамчунон яке аз бузургтарин китобхонаҳои дунё бо беш аз 10 млн нусха китоб шинохта шавад.

Дар ҳоли ҳозир Китобхонаи миллии Фаронса ба ҳашт бахш тақсим гардидааст. Аз ҷумла: бахши китобҳои чопӣ, бахши ҷамъоварӣ ва омодасозӣ, бахши нусхаҳои хаттӣ, бахши матбуоти даврӣ, бахши тасвирӣ, бахши нақша ва харитаҳо, бахши нишонаҳо ва осори атиқа ва бахши мусиқӣ.

Китобҳои мавҷуд дар Китобхонаи миллии Фаронса мавзӯъҳои гуногун аз ҷумла, ҳунар, ҳуқуқ, иқтисод, забон ва адабиёт, илм ва технология, илмҳои ҷамъиятшиносӣ, фалсафа ва ғайраро дар бар мегиранд. Ин китобхона ҳамчунин маҷмӯаҳои гуногуне аз осори таърихӣ шомили беш аз 5000 нусхаи юнониро дар ихтиёр дорад ва низ шумораи зиёди сиккаҳои атиқа аз ҷумла, юнонӣ, румӣ ва фаронсавиро дар бар мегирад.

Имрӯз, Китобхонаи миллии Фаронса яке маконҳои сайёҳии он кишвар ба ҳисоб меравад. Дар ин миён машҳуртарин вижагии ин Китобхона қисмати марбут ба ҷаҳони Луис XIV аст.

Китобхонаи миллии Фаронса дар умум дорои 13 млн нусха китобу осори чопӣ, 250000 нусха китоби дастнавис, 250000 нашрия, 12 млн акс, беш аз 800000 нақша, 2 млн фиттаи мусиқӣ, 1 млн санади овозӣ, 98000 санади видеоӣ, 530000 қитъаи сикка ва медал, 117000 китоби электронӣ, 250000 акси электронишуда, 2651 нафар корманд, ҳамчунин будҷаи баробар ба  250000 € дар як сол аст.

Чанд маълумоти аҷиб дар мавриди Китобхонаи миллии Фаронса

Китобхона танҳо ба муассисаҳои илмӣ ва китобхонаҳо тариқи абонемент китоб медиҳад.

Хонандагони аз 18-сола поён ба Китобхона роҳ дода намешаванд. Агар хонанда аз 18-сола поён бошад ва китоби мавриди ниёзаш ба ҷуз Китобхонаи миллӣ дар ягон ҷои дигар вуҷуд надошта бошад, танҳо дар ин сурат метавонад бо истифода аз шароити истисноӣ ба муддати 2-3 рӯз аз ин Китобхона истифода намояд.

Хориҷиён барои ворид шудан ба Китобхона бояд аз сафорати кишварашон дар Фаронса муаррифнома дошта бошанд.

Дар ин Китобхона 2500 нусхаи хаттӣ бо забони форсӣ мавҷуд аст.   

Китобхонаи миллии Фаронса яке аз китобхонаҳои зебо ва бузурги ҷаҳон ба шумор рафта, дар инкишоф ва равнақи илму фарҳанги кишвари Фаронса нақи калидӣ дорад.

ҲАДИЯТУЛЛОҲИ Амриддин,

сардори шуъбаи котибот                          

Барчаспҳо: