Сиришки ёдҳо...

  Имрӯз ба даргузашти шоираи хушбаён Норинисо Алимуҳаммадова 2 сол пур мешавад. Шоира рӯзи 19-марти соли 2018 баъди бемории тӯлонӣ дар шаҳри Хуҷанд, дар манзили фарзандаш аз олам даргузашт. Духтари шоира рӯзноманигор, узви Иттифоқи рӯзноманигорони Ҷумҳурии Тоҷикистон, Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилбар Воҳидова аз шаҳри Тулаи Федератсияи Русия  ёдномаи саропо меҳру дардро ба сомонаи мо ирсол карда, ки ин ҷо мегузорем.

Нисфи шаб гӯё маро касе бедор кард.Чашмонамро боз намудам, вале дар торикии сокиту ором дар паҳлӯям касеро надидам. Дар пеши назарам Ту пайдо шудӣ. Симои зебову табассуми малеҳи танҳо хоси худат дар рӯ ба рӯям, бо ҳам хеле сӯҳбат намудем.

Пас аз рафтан барои дидани ту боз меоям,

Чу мурғи аз қафас озод дар парвоз меоям.

Хабар мегирам имрӯзу пагоҳи зиндагиятро

Чу як паррандаи зебои хушовоз меоям.

Рӯзҳое ба шумор монда, то чун парастуҳои баҳорӣ ба ватан баргардем. Аз рӯи одати ҳамешагӣ аз тайёра фаромадан замон сӯи мазори Ту мешитобем. То ки гулдастаи  хотираву андешаҳо ва сидқу сафоро бароят ифшо бикунем. Пас аз чанд рӯзаке фасли дӯстдощтаи Ту-баҳор ба мулки нозанини мо қадам мегузорад, бо омад-омади фасли зебопайкар эҳсос менамоям, ки  боз соле сипарӣ гаштаву аз Туи азиз хабаре нест. Боз як соли дигар бар он зам мешавад, ки  ба дунёи дигар кӯч бастаӣ...

Чӣ қадар фасли баҳорро дӯст медоштӣ. Бо куртаи атлас, ки ба танат хеле зебанда буд, аз ҷамъомаду вохӯриҳо бо даста-даста гулҳои зебо шукуфону хандон меомадӣ. Шукрона аз он мекардӣ, ки боз ба баҳори нав расидем.

 

Бо дуои кӯҳсорон зиндаем,

Бо навои обшорон зиндаем.

Гар нагирад ҷони мо парвардигор,

Аз баҳорон то баҳорон зиндаем.

Гумон мекунам, ки пешомади хешро гӯиё медониста бошӣ, мисраҳои болоиро эҷод намудаӣ. Мутаассифона, фасли беҳтарини умри одамиро бо оғӯши кушодаву лабрези фараҳу шодӣ пешвоз гирифтиву пасон онро ба зудӣ падруд гуфтӣ.

 

Маро бо дардҳоям зери хоки сард гӯронед,

На болову на поёну на дур аз дард гӯронед.

Ба ташвишу тараддудҳо тамоми умр саргардон,

Чу як фарзанди унвондори яктогард гӯронед.

 

Замину осмон дигар саробонӣ нахоҳад кард,

Агар бо дидаи тар, рангу рӯи зард гӯронед.

Садои ошно ояд агар аз олами боло,

Зи ҳар як нолаи дил бохабар як гард гӯронед.

 

Сари ҳарфи каломе, ки расида аз Худовандам,

Чу бадбахтеву хушбахте, ки дорад вард гӯронед.

Сари савдои дил шӯру мағалро дур андозед,

Дар оғӯши замини сабзи беогард гӯронед.

 

Ба исёну туғёне, ки дорам дар ниҳоди хеш,

Ҳақиқатгӯ, ҳақиқатҷӯ чун як мард гӯронед.

  Беҳуда дар маросими хайрбодӣ бо Ту Биҳоҷал Фатҳиддиновна Раҳимова нагуфта буд: “ - Норинисо зане буд оташмиҷоз, мубориз, матинирода, ҳақиқатҷӯй, ҳақиқатгӯй, адолатпарвар ва дар хотири мову сафҳаҳои таърих ӯ доиман ҳамин хел мемонад...”.

 Мегӯянд, ки эҳсосоти зан ҳамчун модар хеле баланд аст. Ин гуфта дар он зоҳир гардид, ки дар дами вопасин ҳам, айёми бо ин дунё бидруд гуфтан беист ва якмаром “Дил, Дил”, “Калонӣ” - гӯён садои ҳазину ноумед баровардӣ. Шояд бо ҳузури ман дарди ту камтар мегашт??? Шояд уқдаи нуҳуфтаи замиратро бароям пеш аз сафари абадӣ ошкор намудан мехостӣ???

Бо матни пурраи ин ёднома ин ҷо ошно шавед: Сиришки ёдҳо...

 
Дарёфти мавод: 
Барчаспҳо: