Ту хомӯшӣ, намехонӣ, вале танбӯри ту гӯёст... САДУ БИСТУШАШ СОЛ МУҚАДДАМ...

 Шариф Ҷўраев – дар мусиқии касбии тоҷик бозёфти  бузург аст ва ҳунарманде мисли ў ба ин қудрат ва тавоноӣ, ба ин эҷодкорӣ асолати миллии мусиқии моро ба шунаванда нарасонидааст. Ҳунари ў хотирнишин ва фаромўшнашаванда буда, аз рангинтарин саҳифаҳои таърихи тамаддуни навини тоҷикист.

Бобоҷон Ғафуров

 Бунёди Байналмилалии Акашариф Ҷӯраев ва хонадони шодравон эҳтироми бепоёни хешро ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баён менамояд. Қобили қайд аст,ки ҷашни 100-солагии Акашариф Ҷӯраев соли 1994, дар даврони бисьёр мушкилу тақдирсози миллати мо, маҳз бо дастур ва ҳидояти Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти ҷумҳурӣ  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  баргузор гардид. Ин ибтикори бовардид ва хирадмандона далели дигаре ба фарҳангдӯстиву эҳтиром ба шахсиятҳои фарҳангӣ доштани сарвари давлати тоҷикон буду ҳаст. 

 Дар баробари ҷашни пуршукӯҳ, бо ташаббуси Президенти ҷумҳурӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Филармонияи Давлатии Тоҷикистон низ ба номи Акашариф Ҷӯраев номгузорӣ шуд.

Ҳайёт ва эҷодиёти Акашариф Ҷӯраев

 Хонанда,навозанда,оҳангсоз ва мусиқидони номвар Шариф Ҷӯра  3 марти соли 1894 ба дунё омадааст. Акашариф зода ва парваришёфтаи ноҳияи зебоманзари кӯҳистони Дарвоз мебошад. Дар овони кӯдакӣ ва наврасӣ дар назди устодони шеъру мусиқӣ-Иззатшоҳ (шоир ва амалдори Дарвоз) ва Мирзо Ғулом (чангнавоз) дарси мусиқӣ гирифтааст. Яъне, Акашариф истеъдоди фитрӣ дошт ва дар айни замон ӯ назди устодони ҳунари мусиқӣ таълимӣ комил гирифтааст.Ин таълим аз як тараф боиси рушди маҳорат гардид, аз тарафи дигар бошад ба мазмуни суруду таронаҳои Акашариф бахшҳои нав Бухорову Самарқанд ва Бадахшону Ҳирот ворид мешавад,зеро таърихан маълум аст,ки устод якчанд вақт дар Самарқанд, назди Ҳоҷӣ Абдулазиз  дарсӣ мусиқӣ омӯхтааст.

 Бидуни муболиға гуфтан мумкин аст, ки Акашариф мероси мусиқии ҳамаи  манотиқи кишвари тоҷикро ба пурагӣ аз бар намудааст. Сурудҳои мавригӣ, ки имрӯз пораҳои шикаста ва қариб ношиноси онҳо дар мавзеи  Бухоро боқӣ мондаанд, дар эҷодиёти Акашариф ба пуррагӣ дар сюитаи “Чорзарб”маҳфузанд. Маълум аст, ки Мавригӣ ё “мавригихонӣ” яке аз бобҳои бузург ва қадимии мусиқии суннатии тоҷикон ба шумор меравад.Ду сюитаи мусиқии рақсӣ, ки якеш  “Чорзарб”мебошад, дар репертуари Филармонияи давлатӣ , ҳамчун ёдгории санъати пурбаҳо, аз ин устод боқӣ мондааст.

 Ман ёри туям,намешавам ёри касе,

Дар доми туям,намешавам ром ба касе.

Ин косае шарбате,ки бо ҳам хурдем ,

Ҳаргиз нахӯрем шароб ба  ҷоми касе

Акашариф ҳунарманди соҳибмактаб буда, саъату осори баландғоя ва  пурмуҳтавои зебошиносию ҳунариаш дар таърихи иҷрокунандагии тоҷик нақши муоссир  дорад. Дар  таровиши оҳангҳои “Шашмақом “ ва Шашмақоми классикӣ якчанд таронаҳо эҷод намудааст , ки “Хами зулф”, “ Чашми хумор”, “Чашми соқӣ”,” Ироқи Дарвоз”ва ғайра аз ин ҷумлаанд.

Акашариф Ҷӯраев 2 – уми октябри  соли 1966 аз дуньё чашм пӯшид  Дар театри Лоҳӯтӣ маросими хайрбод  Акашарифи Ҷӯрара баргузор гардид 

Санаҳои таърихӣ ва фаъолияти ҳунарии Акашариф Ҷураев

Соли  1918 – тавлиди аввалин оҳанги Акашариф Ҷӯраев.

Соли 1920 – ҳунарнамоии аввалин дар ноҳияи Ғарм .

Соли 1922 – иҷрои барномаи хосаи ҳунарӣ дар Дарвоз.

Соли 1927-  А.Ҷӯраев дар Маскав  “Шашмақом”бо номи “Шаш асари мусиқӣ”.

Соли 1931 – ширкати А. Ҷӯраев дар озмуни мусиқии тоҷикон.

Соли 1935 - ҳамчун роҳбари гурӯҳ ба Радиои тоҷик даъват мешавад.

Солҳои 1936-1937 - сафари ҳунарӣ ба Самарқанду Бухоро.

Соли 1938 - сабти сурудҳои А.Ҷӯраев барои китоби “Намунаи фолклори тоҷик”.

Соли 1939- тибқи Қарори Ҳукумати Тоҷикистон филармонияи давлатии Тоҷикистон таъсис ёфт.

Соли 1940 - сурудҳои “Чорзарб”, “Занг” ,“Шарқи сурх”ҳамчун суруди беҳтарин сол эълон гардид.

Соли 1950 – сафари ҳунарии Акашариф Ҷӯра ба Туркманистону Ӯзбекистон.

Соли 1957 – сафари ҳунарӣ ба Эрон.

Соли 1957 - сафари ҳунарӣ ба  Маскав.

Сурудҳои сароидаи Акашариф Ҷӯраев

 “Навбаҳор омад”;

 “Меҳнат шараф аст”;

 “Агар ба гулшан”;

 “Духтари пахтачин”;

 “Ёр ба рақс омадааст”;

 “ Маҳбубаи ҷон”;

“ Ҷураҷонам”;

 “ Ҷон додаракам”;

 “ Додаракам”;

 “ Аз дараи Камароб”;

 “ Нолаи булбул”;

 “ Хами зулф”;

“Моҳ”;

 “ Нома аз фронт”;

“Ташниз”;

“Қалъабандӣ”;

 “ Ниҳоли умед”;

“ Ёр гул суман”;

”Чорзарб”;

“ Хами зулф”;

 “Чашми хумор”;

“ Чашми соқӣ”;

 “ Соқиномаи Дарвоз”;

 “Ироқи Дарвоз”;

“Ташниз”;

“Сабзак”;

” “Як даста гул”;

”Чашми сиёҳ”;

 “Овози ҷавонон”;

 Сад доғе”;

 “Ман ёри туам”;

 “Гули санҷид”;

 “Булбулон”;

“ Аз фурқати ту”;

“Мулки ман”  ва ғайра.

Сурудҳои интишоршудаи Акашариф Ҷӯраев (бо нота)

“Агар ба гулшан”, “Додаракам”, “Духтари пахтачин”, “Ёр ба рақс омадааст”, “ Маҳбубаи ҷон”, “ Ҷураҷонам”, “ Ҷон додаракам”, “ Додаракам” “ Аз дараи Камароб”, “ Нолаи булбул” “Сабзак”, “Як даста гул”, Чашми сиёҳ,” “Овози ҷавонон”, “ Сад доғе”, “Ман ёри туам” “Гули санҷид”, “Булбулон”, “ Аз фурқати ту” ва ғайра .

Сивучаҳор таронаи марғуби Акашариф Ҷӯраев дар бойгонии радиои тоҷик буда, ҳамаи онҳо вориди хазинаи тиллоӣ шудаанд. 

Туро имрӯз ҳам хонанд дар ҳар манзили тоҷик,

Чу дорӣ хонаи ҷовид андар ҳар дили тоҷик.

Ту хомӯшӣ, намехонӣ, вале танбӯри ту гӯёст,

Агарчи ҷои ту холист дар ҳар маҳфили тоҷик.

Саодат Набиева, сармутахассиси шӯъбаи адабиёт доир ба фарҳанг ва ҳунар.

Барчаспҳо: