Субҳи 1-уми марти соли 2020 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар интихоботи даъвати нави вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ ба участкаи интихоботии №15, ҳавзаи интихоботии №2-и ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе ташриф оварданд. Таъкид бояд кард, ки дар участкаи интихоботии №15, ҳавзаи интихоботии №2-и ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт 1260 интихобкунанда ба қайд гирифта шуда, аз ин шумора 119 нафарашон бори аввал овоз медиҳанд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар участкаи интихоботии №15 дар асоси талаботи қонунгузории мамлакат дар ҳузури мушоҳидони сершумори байналмилалӣ, намояндагони ҳизбҳои сиёсӣ ва васоити ахбори оммаи дохиливу хориҷӣ ба ҷонибдории номзад ва ҳизби сиёсии арзанда ба хотири пешрафту шукуфоии боз ҳам афзуни Тоҷикистони соҳибистиқлол овоз доданд.
Дар интихоботи даъвати нави вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ сокинони маҳаллаи Маҳмадулло Холови ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе, ки участкаи интихоботии №15 дар ҳудуди он ҷойгир аст, чун дигар сокинони мамлакат бо эҳсоси баланди ватандўстӣ ва ифтихор аз давлату давлатдорӣ иштирок намуда, овоз доданд!
Манбаъ: Ховар