Худкушии Владимир Маяковский (1893-1930)

 Владимир Маяковский шоир, намоишноманавис ва бозигар (актёр)-и рус дар таърихи 19 июли соли 1893 дар Гурҷистон ба дунё омад. Дар Русияи сезарӣ бар зидди сезар мубориза мекард ва ба зиндон афтод. Маяковский қабл аз инқилоби соли 1917 ба шуҳрат расид. Тарафдори инқилоби коммунистӣ буд ва ба болшевикҳо меҳр ва дӯстӣ меварзид.

  Ӯ шоире футурист буд. Футурист ба ин маъно ки гузаштаро инкор мекард ва ба оянда боварӣ дошт. Дар ҳоле, ки Ленин, раҳбари инқилоб ба ашъори суннатитар ва анъанавӣ тамоил дошт. Ленин, ки аз шеър ва адабиёти модерн сар дар намеовард (намефаҳмид) бо ӯ  чандон ба меҳр набуд.

 В. Маяковский шеърҳояшро дар кӯчаву бозор ва барои мардум бо садои баланд мехонд. Ҳатто ба майдони ҷанг мерафт ва барои ба шур ва илҳом овардани сарбозон шеър мехонд. Ӯ дар аввалҳо бисёр маҳбуб ва мавриди таваҷҷуҳ буд. Сталин ин муҳимтарин шоири инқилобии шуравиро ситоиш мекард.

 Ошиқпеша буд ва равобити ошиқонаи фаровон дошт. Дар охирҳои умр дарёфт ва фаҳмид, ки ашъори сиёсиаш, ки ҳама дар мадҳи коммунизм ва коммунист аст, дигар харидор ва хонанда надорад. Ва фақат ашъори ошиқонааш мавриди таваҷҷуҳ асту бас. Ҳамин ҳолат ӯро ба шиддат афсурда кард.

 Дар умраш беш аз як бор даст ба худкушӣ зад. Ҳамеша шартбандӣ мекард. Борҳо дар шартбандиҳои рулети русӣ ҳафттирро бар шақиқаи худ гузошт. Оқибат дар таърихи 14 апрели соли 1930 баъд аз 37 соли зиндагии пурҷангу ҷуш ва пуртаниш ҳафттиреро бар рӯи дилаш гузошта, охирин тирро холӣ кард.

Ёддошти худкушии Маяковский 

     “Ба ҳама:

 Воқеияти марги ман тақсир ва гуноҳи ҳеҷ кас нест. Хоҳиш мекунам ҳарф дар наёваред (баҳс накунед). Он кас, ки дар инҷо мурда аз шоеъа (овозаҳо) мутанаффир аст. Момон! (Модарҷон) хоҳарҳо!, руфақо! Маро бубахшед. Ин беҳтарин роҳаш нест (ман ба дигарон тавсия намекунам), аммо ман роҳи дигаре надорам.

       Лилия! Ошиқам бош.

   Рафиқ давлат! Хонаводаи ман Лилия Брек, модарам, хоҳаронам ва Вероника Витолдовна Полонская ҳастанд. Мамнун мешавам, агар зиндагии қобили таҳаммуле барои хонаводаам тартиб бидиҳед.

     Ашъори чопнашудаи маро ба хонаводаи Брек бидиҳед, онон аз ашъорам муҳофизат хоҳанд кард”.

Шеъре, ки пас аз худкушӣ дар ҷайби либосаш ёфтанд:

   Ба қавли маъруф,

   Ҳодисаи обдори ниҳоӣ тамом шуд.

   Қаиқе, ки ошиқаш будам,

   Дар бархурд ба сахраҳои зиндагии рузмарра дар ҳам шикаст.

   Ва ман бадаҳкориамро (қарздориамро) пардохтам.

   Дигар лозим нест бишмарам:

   Дардҳое, ки ба дасти дигарон заҷрашро (азобашро) кашидам.

   Бадбахтиҳо,

   Ва дашномҳо.

   Хуш ба ҳоли онон, ки боқӣ мондаанд.

   Владимир Маяковский

   Б.Т. (баъди таҳрир)

   Руфақо! Маро заъиф тасаввур накунед”.

Зиндагии иҷтимоии Маяковский

  В. Маяковский дар даврони фаъолиятҳои ҳунарӣ яке аз устодони сабки футуризм буд ва ҳамқадам бо ҷунбишҳои инқилобӣ дар Русия рушд ёфт ва пас аз инқилоби болшевикии Русия ва дар даврони ҳукумати шуравӣ яке аз номовартарин шоирони асри худ буд.

   

 Ин шоири футуристи (ояндагарои) инқилобии русӣ аз 14 солагӣ ба узвияти ҳизби болшевик даромад. Ва солҳои қабл аз инқилоб, фаъолиятҳои ҳунарӣ ва сиёсии худро оғоз кард. Владимир андаке баъд барои нахустин бор дастгир шуд. Пас аз се соли боздошт ва табъид (бадарға) дар соли 1911 таҳсил дар мадрасаи ҳунарҳои зебои Московро оғоз кард. Ва дар ҳамин даврон бо Давид Бурлюк, Владимир Хлебников, Василий Каменский, шоир ва ҳунармандони ҳамасраш, ошно мешавад.   Вай дар навиштани ду баёнияи футуристҳо ҳамкорӣ мекунад. Ва барои муаррифии ҷунбиши адабии ҷадид ва шеърхонӣ ба шаҳрҳои мухталифи Русия меравад. Вай дар шеъри русӣ вазн, алфоз, иборот, тамсилҳо ва истиороти тоза ва бадеъ падид овард. Бо дунбол кардани сабки (стил)-и ояндагароёна осори худро халқ мекард, вале ба ҳама усули ин сабк пойбанд набуд ва равиши хоси худашро дошт.

   

 В. Маяковский дар 20 солагӣ ба унвони яке аз маъруфтарин намояндагони футуристҳои русӣ ба шуҳрат ва маъруфият расид. Вай аз ҳеҷ василае барои интишори афкор ва осори худ бок надошт ва ҳатто дар кӯчаҳо қадам мезад, ва барои мардум шеър мехонд. Ҳикоят мекунанд: “Дар солҳои ҷанги дохилӣ дар Русия ӯ ба ҷабҳаҳои (фронт) мерафт ва дар сангарҳо ашъори худро барои сарбозон мехонд. Мардум аз ашъори ӯ илҳом гирифта, нотарсона ба ҷанг мешитофтанд. Ӯ бо садое расо ва пурҷушу хуруш дар радио осори худро мехонд ва мардум он ашъорро фавран ҳифз мекарданд...”.

 Аз 13 ҷилд мероси адабии Маяковский 12 ҷилди он баъд аз инқилоби Русия (1917) ба вуҷуд омадааст. Ӯ адабиёти манзум ва шеърро бо воқеият наздик карда, онро дар хидмати ниёзмандиҳои муосир гузошт. Ва табдил ба силоҳе барои мубориза дар ростои ҳадафҳои худ намуд.

  В. Маяковский аз ашъори классикӣ лаззат мебурд, аммо бандаи онҳо намешуд. Ӯ мегуфт: “Ҳунар бояд бо зиндагӣ даромехта шавад. Ё бояд дар ҳам омехта шавад ё бояд нобуд шавад.”

   В. Маяковский дар 14 апрели соли 1930 дар пайи бунбасти отифӣ (эҳсосӣ) ва ҳамчунин иҷозат надоштанаш барои берун рафтан аз хоки Шӯравӣ, ба зарби гулула (тир) худкушӣ кард. Вай пеш аз марг дар варақе навишт: “БАРОИ ҲАМА...МЕМИРАМ...”

   Қадамам-

   Дар хиёбон,

   Масофатро-

   Лагадмол мекунад,

   Ҷаҳаннам дарунамро,

   Аммо-

   Чора чист?

 В.Маяковский бисёре аз ашъори мондагорашро барои маъшуқааш Лили Брек суруда аст. Аз маъруфтарини онҳо ин шеър аст:

   Азизам,

   Умрам,

   Шиканҷаи ҷонам.

   Ишқам-

   Лилӣ.

   Ашъорамро бипазир,

   Шояд дигар,

   Ҳеҷ гоҳ,

   Ҳеҷ чиз,

   Насурудам”.

   Ҷасади вай дар гӯристони бузургони инқилоб дафн шуд. Вай дар Шӯравӣ бузургтарин шоири давраи инқилобӣ лақаб гирифта буд. 

  Муҳимтарин асарҳои В.Маяковский инҳо мебошанд:

 

 

 Абри шалворпуш - Ин шеъри баланд яке аз машҳуртарин осори Маяковский аст, ки навиштани он июни соли 1914 оғоз ва 18 моҳ тул кашид. Ин асар тавассути Мидё Кошигер ба форсӣ тарҷума шуда ва тавассути нашри Мино мунташир шуда аст.

Амрикое, ки ман кашф кардам.

Шеър чигуна сохта мешавад.

Содда чун садои гов (маҷмуаи шеър).

Оташи сард (маҷмуаи шеър).

НАМОИШНОМАҲО

   Кана (Клоп).

   Ҳаммом.

   Як трагедия.

   “Мистерия-буфф”.

   Мусобиқоти қаҳрамонии табақаи ҷаҳонии коргар.

Таҳия ва таҳқиқи:

Дидавар Бекзода

(равоншинос)

Манбаъ: ravshanfikr.tj

Барчаспҳо: