Азизи Азиз: Адабиёти бачагона дар кишваре рушд мекунад, ки кўдак бачагӣ дорад
Ин суҳбати ихтисосӣ Бо Азизи Азиз-яке аз адибони маъруфи бачаҳо чор сол пеш доир ва дар ҳафтаномаи “Нигоҳ” чоп шуда буд. Субҳи имрӯз паём аз зодрӯзи адиби маъруф расид. Мусоҳибаро бори дигар хондам ва онро боз ҳам дархури рӯз ёфтам. Басо нуқтаҳои ҷолибе дорад ин суҳбат, ки хондани он талафи беҳудаи вақт нахоҳад буд. Мушкили имрӯзи адабиёти кӯдак дар Тоҷикистон ва минтақа, роҳу шеваҳои ҷалби атфол ба китоб ва нақши волидон дар ин бора. Азизи Азиз дар ин мавзӯъҳо дидгоҳҳои худро дорад, ки куллан дар ин мусоҳиба омада. Хонед, азизон, зарар намебинед.
Азизи Азиз барои ҷомеаи Тоҷикистон шахси ноошно нест, бахусус барои он доирае, ки китоб мехонанд ва ба таълими насли наврас сарукор доранд. Аз муваффақтарин адибони кӯдакнависи кишвар аст, ки бештар аз 200 афсонаву 130 ҳикояи хонаданӣ навиштааст. Теъдоди китобҳояш шояд ба 30 наздик шуда бошанд. Ва ҷолиб он аст, ки ҳикояҳои ӯ то ин замон бо чандин забони олам, аз ҷумла русӣ, инглисӣ, гурҷӣ, қирғизӣ, узбекиву чехӣ тарҷума шудаанд. Ҳоло дар остонаи шунидани хабари чопи китобаш бо ҳуруфи форсӣ дар Эрон аст.
Гумон мекардам як сирри муваффақияташ дар иншои ҳикояҳои дилчасп таҷрибаи кораш дар мактаб бошад, чун ҳам кори омӯзгорӣ кардаву ҳам ба мактабҳо зиёд даъват мешавад ва бо атфол суҳбат мекунад. Вале то ҷойе иштибоҳ ҳам карда будам. Чун худи ӯ мегӯяд: “Барои он ки асаре нависӣ, то кўдак хонаду фаҳмаду дар хотир бигирад, муаллим будан шарт нест. Гап дар сари он ки кўдакро модар хонанда мекунад, на адиб, ҳатто адиби хуб. Бовар дорам, ки як мактаб омўзгор аз ўҳдаи хонанда кардани лоақал як шогирд намебароянд, то замоне, ки модар дасту остин барзада, фарзандашро таълим надиҳад. Ин фикр хатост, ки вазифаи мактаб таълим додан асту вазифаи падару модар – тарбият. Ба ёд оред, ки вақте Фирдавсӣ “Шоҳнома”-ашро ба Султон Маҳмуд манзур кард, чанд тангаи камарзиш гирифт ва шоир дарғазаб шуда, гуфт:
Агар модари шоҳ бону будӣ,
Маро симу зар то ба зону будӣ...
Фирдавсӣ ба куҷо, ё ба киву чӣ ишорат кардааст? Ба он ки дар таълиму тарбияи кўдакон бештар аз ҳама модар масъул аст.
Ва ҳамин тавр суҳбати мо низ оғоз шуд...
- Азиз, шумо шахси тасодуфӣ дар адабиёт нестед ва соҳиби чандин китобу даҳҳо ҳикояву афсона барои атфолед. Ва то ҷйе медонем, аз адибони эътирофшудаи кўдакнавис дар кишваред. Гумон мекунам ин ҳақро доред, ки дар бораи адабиёти бачагона дар Тоҷикистон изҳори назар кунед.
- Дар 25 соли охир барои кўдакон ин қадар китоб чоп шуд, ки дар 70 соли шўравӣ чоп нашуда буд. Манзурам на асари назмист, зеро ман шоир нестам ва назми кўдаконаро баррасӣ карда наметавонам, ҳарчанд зиёд шеър мехонам ва ба шеъри кўдакона бетараф нестам. Ин ҷо насри барои кўдакони синни 5-10-сола иншошударо дар назар дорам. Вале маводи ба қавле, бачахўрак кам аст. Китоби хуб аҳён-аҳён ба дасти кўдак мерасад. НошЭрон низ саҳлангоранд, бахусус, ношЭрони мустақил. Баъзе китобҳо бо ҳуруфе чоп мешаванд, ки дар Русия барои истифодаи чунин ҳуруф ноширро ба суд кашиданашон аз эҳтимол дур нест. Боз, рассоми бачагона надорем. Ягона рассом, ки завқи кўдакро ба назари эътибор гирифта, саҳифаҳоро оро медиҳад, Сайёра Имоддинова аст. Хуллас, агар назорату сахтгирии замони шўравӣ мебуд, эҳтимол 70 фоизи ин китобҳо ба нашр намерасиданд.
- Чаро?
- Ин қиссаҳо бисёр содалавҳонаанд. Муаллифон хонандаро зиёд насиҳат мекунанд, маслиҳат медиҳанд. Масалан, бачаҳо ба боғ даромада, себ медузданд. Боғбон омада онҳоро насиҳат мекунад, ки дуздӣ одати бад аст... Ин қиссаи бачагона намешавад. Қиссаи бачагона мисли ҳар асари бадеии дигар бояд ҳикмати баланд дошта бошад. Баъзан набудани як ҷумла моҳияти қиссаро заиф мекунад, онро беҳикмат менамояд.
Ҳар ҳодисаро метавон қиссаи бачагона кард, вале ин кори осон нест. Болои сўхта намакоб, бисёр адибон чӣ будани адабиёти бачагонаро сарфаҳм намераванд. Як мисоли одӣ: баъзе носирон гумон доранд, ки «Ситораҳои сари танўр»-и Сайф Раҳимзод асари кўдакона аст. Дар асл ин қисса барои калонсолон аст аз ҳаёти кўдак, фақат қаҳрамони қисса кўдак аст.
- Ё “Киштии сафед”-и Чингиз Айтматов...
- Бале, кўдак будани қаҳрамони қисса чунин маъно надорад, ки онро бачагона гўем. “Киштии сафед” барои бача фалсафаи мураккаб аст. Вале ҳикояву афсонаҳое, ки нависандаи рус Валентина Осеева эҷод кардааст, барои кўдакони синни хурди мактабӣ басо мувофиқанд. Дар қиссаҳои ў ҳар калима мақому мазмуни баланд дорад. Бадбахтона, мо чунин адиб надорем. То имрўз қиссае ҳам нест, ки ҳамсанги «Тобистон»-и Пўлод Толис бошад.
- Ман то ҷойе бар ин назарам, ки назми кӯдаконаи мо пешрафтатар аз насрамон аст. Шояд иштибоҳ кунам. Вале ба гумонам аз ибтидо чунин буд. Мо то ҳол порчаҳое шеърии устод Миршакарро дар ёд дорем. Гирем ҳамон шеъри “Гумон мабаред”,-ро. Магар куҳна шудааст? Пеш аз мо даҳсолаҳо хонданд, насли мо бо он шуруъ кард ва имрўз ҳам агар таблиғ ба ҳамон сурат бошад, ин шеър вирди забонҳо мешавад. Ё худ ашъори бачагонаи Убайд Раҷабу дигарон. Гумон мекунам пеш аз “Тобистон” ин шеърҳо буданд, ки шуҳрат ёфтанд.
- Бале, назм пешрафтатар аст. Ҳатто устод Айнӣ чанд шеъри бачагонаи хотирмон доранд! Баъдтар Абдусалом Деҳотӣ “Баррачаи ман”-ро навиштанд, устод Миршакар назми кўдаконаи тоҷикро басо ғанӣ карданд. Муаллима Гулчеҳра Сулаймонӣ низ шеърҳое доранд, ки вирди забони кўдакон аст. Ростӣ, ҳатто ҳар шоири ниммашҳури бачагона низ барои хурдсолон лоақал 2-3 шеъраки хуб навиштааст. Зиёданд шоирони машҳури бачагонаи мо. Ба ин ду байти Ҷўра Ҳошимӣ эътибор диҳед:
Гар болои мошинӣ,
Болои чор О шинӣ!
Калобаи момоям,
Ғелон ояд, ки оям!
Ин шеърак оҳанг, дониш, ҳазл дорад, кўтоҳу хотирмон аст, зуд аз ёд мешавад.Шоирони бачагонаи мо тавонистанд, ки барои ҳар сину сол шеър эҷод кунанд. Вале наср, ба қавле, дупоя мелангад.
Адибони бачагонаи мо кўдакшинос нестанд
– Сабаб чист? Метавонад, ки айб фақат дар адибон бошад?
– Сабабҳо зиёданд. Яке, кўдаки тоҷик ҳанўз хонанда нест, зеро модараш намехонад. Дуюм, адибони бачагонаи мо кўдакшинос нестанд…
Ҳар инсон ақл дорад. Аммо на ҳар инсон соҳиби фаросат аст. Ақлу фаросат маъниҳои ба якдигар наздиканд, вале як чиз нестанд. Ақл манбаи дониш аст, манбаи илҳом фаросат мешавад. Масалан, фарзанди боақл ба пиёлаи падар чой мерезад. Фарзанде, ки боз фаросат дорад, ин амалро бо камоли одоб анҷом медиҳад: сухани хуш мегўяд, пиёларо ба назди падар мегузорад, феълу табиати падарро, ки хуб омўхтааст, ба пиёла ҳамон қадар чой мерезад, ки падар инро хуш мепазирад, боз нон мешиканад ва мунтазири хидмати дигар меистад ва ғайра. Кошифӣ фармудааст, ки фаросат модарзодист, агар чунин нашуд, инсон бо азму талоши зиёд соҳиби фаросат хоҳад шуд. Хуллас, фаросат манбаи илҳом аст. Барои эҷоди асар адиби бачагонро низ фаросати фавқуллода зарур аст.
Боре як нафар афсона овард. Мазмун: Барои ба маликаи гунҷишкон писанд омадан дигар гунҷишкон тўҳфаҳо меоранд. Яке – ангуштарӣ, дигаре – марворид, сеюмӣ – тоҷи заррин… Ва малика арўси гунҷишке мешавад, ки тоҷи заррин оварда буд. Ман ин афсонаро тағйир додам: беҳтарини гунҷишкон ҳамоне мешавад, ки барои малика як табақ дона овардааст! Муаллиф ба шўр омад, ки афсонаашро «вайрон» кардам. Лол мондам, ба ў фаҳмондам, ки барои гунҷишк донаву пашша аз ҳар гуна тўҳфа авлотаранд. Охир вай гунҷишк аст, симу зарро аз мавҷудоти олам танҳо одамӣ мепарастад. Нафаҳмид…
- Аз мактабу оила сухан рондед. Дар воқеъ як тазодро мебинем. Волидон таълиму тарбияро куллан кори мактаб медонанд ва кам касон ҳастанд, ки бо мактаб якҷо кор кунанд. Аммо чӣ гуна метавон шуури волидонро тағйир дод, то онҳо дарк кунанд, ки ба тарбияи фарзандашон бештар онҳо бояд масъулият дошта бошанд?
– Ин кори душвор аст, вале шуданист. Ёд доред, барои даъват ба аскарӣ “облава” мекардем. Агар дар оила ҳар замон аз Ватану ифтихори ватандорӣ ҳарф зананд, тафаккури бача дигаргун мешавад. Он чӣ дар мактаб омўзгор вобаста ба Ватан мегўяд, ночиз аст. Ҳарфи падару модар дигар, нишонрасу ба дили бача наздиктар аст. Пас ба боварии оила бояд сазовор шуд. Дар кишвари Туркия ҳатто одами 50-сола ихтиёран ба хизмати аскарӣ меравад...
Бештарини оилаҳо маърифат надоранд. Аз ин сабаб дар мактаб шогирди босаводу хушодоб кам ба назар мерасад. Оиларо дар оғоз маҳз тавассути қонунҳо метавон бомаърифат кард, баъдтар замоне фаро мерасад, ки зарурат ба эҷоди қонуну қоидаҳо намемонад, зеро маърифат ба табиати ҳар оила табдил меёбад. Қонун дар бораи масъулияти падару модар барои тарбияи фарзанд басо бамаврид шуд. Аммо ин кам аст. Коре бояд кард, ки падару модар дарк кунанд, ки саводнок будани фарзандашон фарз аст. Масалан, тавассути тест қабул шудани хонандагон ба мактабҳои олӣ тасаввуру андешаи волидонро вобаста ба саводнокии фарзанд хеле хуб тағйир дод. Онҳо бовар доранд, ки акнун имконияти ба мактаби олӣ дохил шудани фарзандашон зиёдтар шуд ва ба додану гирифтани ришва зарурат нест. Лекин ин ҳам кам аст. Чанд соли охир бо кўмаки дастгирии Ҳукумати Тоҷикистон маҳз барои чопи китобҳои кўдакона маблағи муайян ҷудо карда мешавад. Вале ин китобҳо арзиши гарон доранд ва рассоми хуб онҳоро оро надодаст. Барои бачаҳои синни хурди мактабӣ ҳар сол камаш 1000 номгўй асар чоп кардан лозим аст ва ин китобҳо рангаю камсаҳифа ва арзон бошанд. Аз чопи китоби бачагона манфиати пулӣ интизор шудан мутлақо хатост.
Боре хондам, ки ҳар кўдаки 10-12-солаи ҷопонӣ соле аз 120 китоби бадеӣ имтиҳон месупорад. Онҳоро водор мекунанд, зеро таълим аслан хусусияти иҷборӣ дорад. Кош ҳар мактаб корманде медошт, масалан, муовини директор, ки бо волидон сарукор мегирифт, фақат бо волидон.
Баъзан мегўянд, ки дар мамлакате, ки сатҳи зиндагии мардум паст аст, бачаҳо соҳиби савод намешаванд. Ин хатост! Ё ин гап имрўз ба Тоҷикистон дахл надорад. Дар ҳар давру замон ва дар шароит фарзанд метавонад, соҳиби одоби хуб ва савод шавад, агар оила инро хоҳад. Дигар ҳама баҳона асту бас.
- Як мушкили дигарро ҳам набояд нодида гирифт. То ҷойе огоҳам мо китобҳои равоншиносии кӯдак ва волидон надорем. Ҳар чизе ҳам агар ҳаст, бештар тарҷумаи русист ва ё баъзе пажуҳишҳое, ки асосашон беруна аст. Пас зарурате ҳаст, ки ин гуна китобу дастурҳо бо назардошти минталитети миллӣ таҳия шаванд? Ё не?
– Китобҳои равоншиносии кўдак заруранд. Хуб мешуд, ки чоп мекардем ва онҳо бо забони содатар ба дасти волидон мерасиданд. Бигузор ин адабиётро ҳар оила ройгон мегирифт, ё аз китобхонаи мактаб дастрас менамуд. Бисёр омўзгоронро зарур аст ин гуна китобҳо мутолиа кунанд. Дар маҷлиси падару модарон мудом рафтори хуб ё бади бачаҳо муҳокима мешавад. Волидон аз ин маҷлис фақат ҳаминро мунтазиранд, чунонки дар амри маъруфи масҷидҳо имомон солҳо инҷониб бештар аз тартиби таҳорату ғусл ҳарф мезананду ғафлату ҳузур дар намоз, вале худ намедонанд, ки ҳузур аслан чист... Ахлоқи фарзанд бояд дар сўҳбати як ба яки омўзгору муттахассису падару модар ҳаллуфасл шавад, на дар ҷамъомади умумӣ. Дар он ҷамъомадҳо омўзгорон бо волидон масъалаҳои муҳимтару бузургтарро бояд муҳокима кунанд. Шарм дорондан ё таърифи ину он модару падар дар маҷлиси падару модарон ҳанўз коре нест. Ин як баҳсест, ки моҳияташ “Кӣ зўр?” аст. Ҳар бача олами махсусу дигар аст. Мутахассисон мегўянд, ки фарзанди гарданшаху якрав ва бадгуҳару авбошро тарбият кардан осонтар аст ва дуруст мегўянд! Аммо чӣ тавр? Кӣ бояд тарбият кунад? Ана, ин савол аст! Ана, дар ин мавзўъ бояд китоб навишт, ҳам барои волидон ва ҳам барои омўзгорон.
– Адабиёти бачагона метавонад дар ин самт коре кунад?
- Метавонад, вале фақат баъди он ки оила соҳиби маърифат шавад. Бигузор китоби бачагонаро аввал модар мутолиа кунад, чун фаҳмиду писандид ба фарзандаш тавсиа диҳад, чун ў хонд, модар ўро номаълум имтиҳон намояд. Афсўс, ки ин кори душвор аст, басо душвор, на ҳар модар карда метавонад. Куҷост модари хушҳавсалаи босавод?! Ғами фарзандро хўрдан танҳо ин нест, ки либоси тоза пўшонӣ ва таоми лазиз ба наздаш гузорӣ. Ғизои маънавӣ чӣ? Ин кор танҳо ва аввал дар оила оғоз мешавад.
- Худи шуморо чӣ ба майдони адабиёти бачагона овард? Чӣ ҳодисае таконе шуд, ё чӣ тавр шуд, ки аввалин навиштаи шумо барои кўдакон рўйи коғаз омад?
- Ҷавоби саҳҳеҳ доданам муҳол аст… Шояд ин буд, ки аз бачагӣ зиёд афсона мехондам. Ё ягон сабаби дигар…
- Душвориҳои ин адабиёт дар чист? Чаро мегўем, ки навиштан барои атфол ба маротиб мушкилтар аст?
- Ин ба завқу табиати адиб вобаста аст. Агар шумо як-ду рўз дар мактаб ба бачаҳо дарс мегуфтед, ба осонӣ мефаҳмидед, ки диққати ўро ба худ ҷалб намудан басо душвор аст. Кўдакро дарк карда тавонистан лозим аст. Агар сухани шумо обшуставу умумӣ бошад, бештар насиҳат кунед, бахусус, исрор намоед, ки шуморо гўш кунанд, тамом – онҳо дилтанг шуда, худро нороҳат ҳис мекунанд. Камтар одамон, ҳатто омўзгорон лаёқати бо кўдак гуфтугў кардан доранд.
Баъзе адибони машҳур тавонистанд, ки чӣ будани адабиёти бачагонаро сарфаҳм раванд. Лев Толстой баъди «Ҷанг ва сулҳ», ё «Анна Каренина» барои атфол афсонаву ҳикояҳое навиштааст, ки гаштаю баргашта мехонем! Ё Чингиз Айтматов баъди «Дуроҳаи бўронӣ» афсонаи «Чипалак»-ро низ навишта буд, ки басо марғуб аст ва «Муаллими аввалинаш» дар барномаи таълимии мактабҳои Олмон омўзонида мешавад.
Дар вохўрӣ бо атфол баъзе адибони бачагонаи мо ба минбар баромада, беист шеър мехонанд, ё воқеаеро нақл мекунанд. Борҳо шоҳид будам, ки аҳли толор онҳоро гўш намекард ва омўзгорон гаштаву баргашта исрор мекарданд, ки бачаҳо сухани адибро шунаванд. Ин бад аст.
Ба саволи дуюматон мегўям, ки барои бачаҳо қиссаю афсона навиштан душвор аст. Аммо барои ман – баръакс: боре чанд хостам барои калонсолон ягон қисса нависам. Аз дастам наомад… Дидед? Ин тавр ҳам мешавад.
Мо муаллими хуб надорем
- Шояд ин ҳам бошад, ки забони кўдакро намедонанд?
- Забони кўдак гуфта чиро дар назар доред? Агар ин лўғатдонии кўдак бошад, кам аст. Забони кўдак сину сол, шавқу завқ, ҷаҳонбинӣ, орзую умед ва талошҳои ўст. Ин ҳама умумию хос мешаванд. Аз ин сабаб ҳатто баъзан як достони олиҷаноб метавонад ба ину он кўдак писанд наояд. Пас адиби хуб бояд аз бисёр чиз огоҳ бошад, вай аз омўзгор бештар кўдакро омўзад, агарчӣ худ омўзгор, балки омўзгор хуб ҳам буда наметавонад.
- Аммо Шумо муддате омўзгор ҳам будед ва ҳоло ҳам зиёд иртибот бо мактабҳо доред. Мулоқот бо кўдакону наврасон бароятон чӣ медиҳад?
- Омўзгори асил дар синфҳои ибтидоӣ чунон ангуштшумор аст, ки баъзе мактабҳо дар хоби шабашон ҳам надидаанд. Худ шоҳид будам, ки муаллимаи 40 сол собиқаи коридошта дар муқоваи дафтари шогирди синфи аввалаш 7 хато содир кард. Ва бовар мекунед, ин муаллима дар он мактаб баобрўст!
Аслан имрўз барои таълиму тарбия қариб тамоми шароит муҳайёст. Ашёи хониш – фаровон. Вазорати маориф ва илм барномаю ҳуҷҷатҳои заруриро таҳия намудааст. Китоби дарсӣ дорем. Вале муаллими хуб кам аст. Бадбахтона, падару модаре, ки тарбияву таълими фарзандашро ҳаргиз фаромӯш накунанд, ангуштшумор. Барои ҳар гапу кор ба вазорат дарафтодан осон аст. Боре ба падару модарон ҳақиқатро фаҳмонед, ба қавле, боре гиребони худро бигиранд. Болои сўхта намакоб, волидон ҳуқуқашонро намедонанд.
Бо вуҷуди ин барномаҳои таълимӣ хато доранд. Як хатои мактаби мо ин аст, ки хонандаи синфи ибтидоиро забоншиносӣ меомўзем! Чӣ лозим аст ҳамин омўхтани ҳиссаҳои нутқ, пасванду пешванд барои кўдак?! Вай ҳанўз забондон нест, забоншиносӣ чаро?! Дар синфи ибтидоӣ кўдак чор амалро аз худ кунад, кифоя: хондан, навиштан, фаҳмидан ва нақл карда тавонистан! Агар ин амалро ба 4 ҳисса баробар донем, сеякаш бояд хондану нақл карда тавонистан бошад, 25 фоизи дигар – навиштанҳои кўдак аст.
Дар Ҷопон беадабии фарзанд дар мактаб мотами волидон дар хона аст
- Ё айб дар кўдакон ҳам бошад? Бисёртар омӯзгорон ва ҳатто падару модарон аз лаёқати фитрии фарзандону шогирдон шиква мекунанд.
- Кўдак ҳамеша беайбу бенўқсон аст, магар ки дар равонашу ҷисмаш аз лаҳзаи таваллуд айбу нуқсон нарафта бошад! Айбро дар кўдак аввал модар, баъд падар, ниҳоят омўзгор «мерос» мегузорад. Бубинед, омўзгор дар охир меистад, на дар аввал.
Дар кишвари Русия, Ҷопон, Эрон, ё Куриёи Ҷанубӣ, ки кўдакон бениҳоят зиёд китоб мехонанд, дар мағоза китобро модарон интихоб мекунанд! Чунки босаводанд… Вақте дар ҳузури ман Ҳадя Шарифӣ ном модари эронӣ ба Теҳрон аз Душанбе занг зада пурсид, ки писараш Сиёмак оё китобашро хонда ба итмом расонд ва оё китоби навашро ба даст гирифт ва боз ба ман гуфт, ки ин китоби 57-ум аст, ки Сиёмаки шашсола(!) хондааст, ҳуш аз сарам парид.
Мо дар 4-5 сол як маърака обод мекунем. Мабодо дар маърака хатое равад, 4-5 сол ин як нуқсонро дар ғайбу ҳозираш ба рўйи соҳибмаърака мекашем. Вале фарзанд, ки ҳар рўз хато мекунад, боиси маломат намешавад. Бесаводии фарзанд айби бузурги хонадон аст. Модарон ба саволи «Анварҷонатон дар мактаб чӣ хел мехонад?» чунон беғам ва бепарво ҷавоб медиҳанд ва мавзўи сўҳбатро чунон саросема ба бозор мекашанд, ки гўё аз рафтори фарзанд қаноатманд бошанд. Худо накунад, ки фарзанд дар хона ба модару падар аз сарзанишу танбеҳи омўзгораш хабар биёрад! Дар Ҷопон беадабии фарзанд дар мактаб мотами волидон дар хона аст. Волидон муддати дароз аз омўзгор узр мепурсанду худро шармандаву гунаҳкор медонанд.
- Модари тоҷик на ҳамеша ба ҷараёни таҳсили фарзандаш таъсир расонда метавонад, гарчанде модарони маълумоти олидор кам ҳам набошанд. Бетарафӣ ва бепарвоии волидон низ метавонад таъсир дошта бошад.
- Ў агарчӣ хондаю навишта метавонад, ҳатто маълумоташ олист, дар таълиму тарбияи фарзандаш бесавод асту таҷриба надорад. Якуми сентябрро волидон бесаброна мунтазир мешаванд. Якуми сентябр аслан барои онҳо ид аст, на барои фарзандонашон. Онҳо ниҳоят нафаси «осуда» мекашанд, ки аз ғавғои кўдакоу назораткарданҳои дурудароз халос шуданд. Ин – бадбахтист!
Ҳар зани хонавода, бахусус модар бояд босавод бошад. Афсўс, ки дар мо алҳол чунин нест. Дар замони шўравӣ низ чунин набуд. Албатта, модарони босавод дорем, аммо ангуштшуморанд… Ин ҷо гап аз аксарият меравад.
Боре дар як сўҳбат гуфтанд, ки «ҳар синфи мактаби мо 35-40 хонанда дорад ва аз куҷо босавод шавад? Омўзгор фурсат надорад, ки ҳар шогирдашро пурсад…» Моро одат шудааст, ки айбро ба гардани дигарон, масалан, мактабу вазорат бор кунем. Агар 1000 омўзгор як кўдакро таълим диҳаду оила бетараф бошад, мурод ҳосил намешавад. Имрўз маҳз чунин аст.
Хуб, ба он шикоят ҷавоб додам, ки дар Куриёи Ҷанубӣ синфхона то 60 шогирд дорад ва аксарият хубу аъло мехонанд. Медонед сабаб чист? Модарон он ҷо баъзан аз кор даст мекашанд, чунонки аксарияти модарони ҷопонӣ чунинанд, то фарзанди худро таълим диҳанду тарбия.
Дар мо таълимро комилан кори мактаб медонанд ва тарбияро гоҳ-гоҳ қисман вазифаи оила меҳисобанд. Ана, ин ҷаҳолат аст! Инро хурофот дар илм гўем хато намекунем. Бе модари хушсаводу ҷаҳоногоҳ фарзанди фарзона ба воя намерасад. Худатон қазоват кунед: модар, ки 2-3 фарзандро наметавонад тарбия кунад, як омўзгор дар ним рўз чӣ тавр 30-40 фарзандро таълим диҳаду тарбият?! Вале мо таъриф мекунему халос: модарони мо чунинанду чунонанд! Оре, чунинанду чунонанд, вале аксарият чунину чунон нестанд.
Хуб мешуд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Қонун дар бораи масъулияти падару модар»-ро дубора таҳрир мекард. Ин Қонуни бамавриду бамаънӣ басо раҳмдилона навишта шудааст, муаллифон гўё аз кадом кас ё кадом як қонуни байналхалқӣ ҳаросидаанд. Дар асл ҳар қавму миллат махсусияти худашро дорост ва ин чиз ба мо муҳимтар аст, на кадом касу кадом қонуни ҳатто СММ!
- Вале мо модаронро таъриф мекунем…
- Ба аксарият намефорад, ки айбашро рўирост гўем, ҳарчанд ҳар халқ, ё маҳал хислату одати хос дорад, ки дар дигар маҳал камтар ба назар мерасад. Масалан, маҳалҳои босаводу бесавод, майпарасту майбезор, бодиву ҷиддӣ, хурофотзадаву қавиимон, ҳатто оқилтару аблаҳтар ҳастанд. Аз ин хусус забон кушоед, ҳақ ҳам бошед, дар бало мемонед. Аз ин сабаб танқиди модарон низ дар Шарқ раво нест. Бигузор чунин монаду бошад! Халқро бо таҳияи қонуну қоидаҳо метавон тарбия кард, то замоне, ки мақсад ба даст ояд ва ба ҳукми одат дарояду табиати мо гардад. Қонунҳои ҷиддӣ эҷод кунему амалӣ шаванд, бахусус қонунҳое, ки дар боло зикрашро кардем.
Андерсен розӣ нашуд, ки муҷассамаашро дар ҳалқаи бачаҳо бунёд кунанд
- Баргардем бар сари масъалаи адабиёти бачагона. Мегўянд, ки адабиёти бачагонаи мо таърихи дароз надорад. Дар асри гузашта пайдо шуд.
- Рост аст. Адабиёти бачагонаи шифоҳӣ вуҷуд дошт, ки асли адабиёт нест, як шоха, ё фасли адабиёти бачагона ба шумор меравад. Адабиёти бачагона дар кишваре пайдо мешавад ва рушд мекунад, ки кўдак бачагӣ дорад. Дар он замонҳо кўдакон бачагӣ надоштанд. Яъне, агар ў то наврасӣ аз пайи пайдо кардани ризқу рўзӣ шавад, кўдакӣ надошт гуфтан мумкин аст. Дар гузашта маҳз чунин буд: аз синни 5-у 6 бачаҳо дастёру ёрдамчии падару модар мешуданд: мўзадўзу челонгару кулолу деҳқон... Фурсати бозиву саводомўзӣ набуд. Яъне, фарзанд якбора «калонсол» мешуд. Аз ин рў, бе кўдакӣ кўдак нест. Вақте кўдакӣ нест, мактаб намешавад, бе мактаб савод нест, бе савод зарурат ба адабиёт намемонад.
Адабиёти бачагонаи мо солҳои сиюми асри гузашта рўйи майдон омад. Воқеан, бачаҳо ҳар қадар саводноктар бошанд, адабиёти бачагона он қадар зиёдтар рушд мекунад.
- Дар Ғарб чӣ гуна буд?
- Таърихи адабиёти бачагонаи Ғарб низ чандон тўлонӣ нест. Аммо аз мо пештар аст.
- Имрӯз вазъи адабиёти кӯдак дар минтақа дар кадом сатҳ аст?
– Дар мо – бад...
- Вале адабиёти Ғарб хеле адибони барҷаста дорад. Ба монанд Люис Кэрролл (муаллифи “Алиса дар сарзамини аҷоиб”), Селма Лагерлеф, Корней Чуковский, Самуил Маршак, Ҷоан К. Роулинг (муаллифи “Гарри Поттер”), Ҳанс Кристиан Андерсен...
- Дуруст. Аммо ин ҷо сатҳи завқу дониши бача муҳимтар асту аҳамият дорад. Дар бисёр кишварҳои Ғарб забони китоб аз забони хонавода қариб тафовут надорад. Ин чиз басо муҳим аст. Гоҳо як ҷумларо бачаи мо танҳо барои он ба душворӣ мефаҳмад, ки пасоянди “ро” дорад. Аз шогирдони синфи 2-и як мактаб пурсидам, ки соҳил чист, касе надонист...
Андерсен дар кишвари худаш адиби бачаҳост, вале ўро дар Тоҷикистон асосан мо, калонсолон, адиби бачаҳо мегўем. Воқеан, худи Андерсен боре розӣ нашуд, ки муҷассамаашро дар ҳалқаи бачаҳо бунёд кунанд. Эътироз намуд, изҳор кард, ки адиби бачаҳо нест, барои бачаҳо наменависад. Дуруст гуфта буд: бештарини афсонаҳояш барои калонсолонанд, зеро сахт мураккабанд ва фалсафаашон барои мағзи бачаҳо вазнинӣ мекунанд.
Адиби бачаҳо ҳамон аст, ки бачаҳо бе дахолати бевоситаи калонсолон эътироф кардаанд! Баъзе афсонаҳои Андерсенро бачаҳо баъди таҳияи филмҳои тасвирӣ, бахсус, филмҳои тасвирии дар Русия таҳияшуда, беҳтар дарк карданд.
- Пас филмҳо содатару фаҳмотар аз асарҳои Андерсенанд?
- Оре! Барои кўдак дидан аз хондан осонтар аст. Агар ба бача аз ин ду якеро пешниҳод кунем, диданро интихоб мекунад. Шунидан кай бувад монанди дидан! Аз ин сабаб хондан хусусияти иҷборӣ дорад. То водор накунед, кўдак китобхон намешавад. Аммо ин водор кардан бояд хашму ғазаб, танбеҳу сарзаниш надошта бошад. Омўзгор басо доною ҳунарманд бошад, ки шогирдонаш китобхон шаванд.
- Пас Саъдиву Бедилу Ҳофиз хондани кўдакон дуруст нест?
- Баъзан модар фарзанде ба дунё меорад, ки ҳофиза, завқ ва истеъдоду фаросати фавқуллода бузург дорад. Масалан, худи Ҳофизи Шерозӣ, ё Бедил. Аммо ин ба таълиму тарбияи умумии кўдакон қариб ягон муносибат надорад. Ҳофиз дар тифлӣ шеър гуфтааст гўён, ҳамаро ба ин кор водор кунем, девонахонаҳо пур аз кўдак хоҳанд шуд. Ин мисли он мешавад, ки ба тифли чандрўза тухмбирён хўронем. Оқибат чӣ мешавад, ҷойи баҳс нест…
Бачаҳо нахуст хонданро ёд гиранд ва он чӣ хонданд, фаҳманд. Ин кори дар шароити Тоҷикистон 3-5-солаи мактабӣ аст. Пасон ба омўзиши адабиёти ниёгон шурўъ кунем. Ба донишҷў шеъри Ҷомиро хонед, хобаш мебарад… Ё шумо гумон мекунед, ки ин байти Туғралро донишҷўёни мо ба осонӣ, ё ба якбор хондан мефаҳманд:
Дишаб аз лаъли бадахшон шуд ҳикоят, лаъли ў
Хандае аз нописандӣ дар Бадахшон карду рафт.
Не, ҳаргиз! Муддате хонанда, ниҳоят ошиқи адабиёт бояд буд, то аз пасу пеш омадани мубтадову хабар, аз ин ҷову он ҷо гузошта шудани нуқтаву вергул саргаранг намонӣ!
- Адабиёти кўдак дар минтақа: агар мо надорем, пас дигарон доранд?
- Шумо Осиёи Марказиро дар назар доред?
- Бале!
– Надоранд. Чизи хонданиашон басо кам аст. Кирои омўхтан намекунад. Бо баъзе адибонашон ҳамсўҳбат будам. Бисёр шиква мекунанд. Чӣ ҷои шиква?! Бояд навишту навишт, агар шавқ ояд!----
- Танқид барои шумо чӣ қудрат дорад?
- Одатан, замоне ки дар маҷаллаи «Чашма» муҳаррир будам, навиштаҳоямро ба шоири бачаҳо Ҷўра Ҳошимӣ ё ба устод Камол Насрулло нишон медодам. Беқарор мешудам, ки кай варақҳоро бармегардонанд. Вақте хатоҳоямро мебинам, хушҳол мешавам. Танқид хуб аст, агар намоишкорӣ набошад. Танқид бояд ҷўраҳошимиёна бошад!
- Таъриф шунавед чӣ?
- Аз ҳакиме пурсидаанд: «Чун сармо асар кард, чӣ кор мекунед?» Гуфт: «Меларзам!» Бештар эътибор медиҳам, ки мунаққид кист.
- Шумо мавзўъро чӣ хел интихоб мекунед?
- Агар супориш дода ё хоҳиш карда бошанд, сахттар заҳмат кашидан лозим меояд.
- Магар чунин ҳам мешавад?
- Мешавад! Гоҳо супориш низ боиси эҷоди асари арзанда мешавад.
- Мушкил аст адиби кўдакон буд?
- Замоне мушкил буд, алҳол – не… Дар олам ягон кори осон нест. Корро завқу илҳом осон мекунад.
- Дар кадом сатҳ адибони кўдакнавис дорем: ҷаҳонӣ, минтақавӣ ё дохилӣ?
- Инро шумо муайян кунед... Агар исрор кунед, мегўям, ки имрўз, баъди Пўлод Толис, насрнависи бачагонаи (таъкид мекунам: нависандае, ки барои хонандагони синни хурди мактабӣ бояд эҷод кунад) маҳаллӣ ҳам надорем.
- Чӣ халал мерасонад?
- Халал нест. Баҳона ҳаст.
- Масалан чӣ баҳона? Метавонед рушантар ҳарф занед?
- Масалан, мегўянд: имрўз бачаҳо китоб намехонанд, чаро заҳмат кашем? Адиб ҳаргиз эътибор намедиҳад, ки хонандааш зиёд аст ё кам. Илҳом барои хонанда намеояд, илҳом ҳолати табиии адиб аст. Агар ташна монед, бе иштироку мадади “мухлиси”-и дигарон низ об нўшидан мегиред. Завқу илҳом бошад, бояд навишт. Агар қисса хуб бошад, хонанда ёфт мешавад. Бесабаб Расул Ғамзатов нагуфтаст, ки аз “Доғистони ман” як нафар баҳра бардорад ҳам, худамро хушбахт меҳисобам.
Ё як ривояти чинӣ ҳаст. Ҳунарманде мудом ва фақат дар кўҳистон, дар лаби чашма, дар оғўши гулу себаргаю дарахтони ҳазорсола най менавохт. Вақте садои най ба гўши мардум расид, гурўҳ-гурўҳ рафта саропо гўшу ҳуш мешуданд. Боре як мухлисаш гуфт: “Чаро ба шаҳр намеоӣ, то ҳама ин мусиқии нотакрорро шунаванд?” Ҷавоб дод, ки “Ман барои худ най менавозам. Маро чӣ кор ба шунавандаҳо!?” Агар эҷодкор дар фикри писанд омадану наомадани қиссааш бошад, асари мондагор эҷод карда наметавонад. Булбулро чӣ кор ба мардум? Муҳимаш нағма гўшнавоз бошад, шунаванда пайдо мешавад. Магар Ҷўрабек Муродов лоақал боре исрор кардааст, ки ину он сурудашро гўш диҳем?
- Барои адиби бачаҳо дастгирӣ лозим аст?
- Дар оғоз – ҳа, баъд, дар ҳар шароит, ҳатто зери танқиди дурусту нодуруст, таърифу маҳкум карданҳо ҳам адиб эҷод мекунаду халос. Мўсо Ҷалилро дар маҳбас фашистон магар дастгирӣ кардаанд!? Ё устод Айниро ҳини навиштани «Намунаи адабиёти тоҷик» кӣ пуштупаноҳ буд?!
- Дурнамои ин адабиётро метавонед тасаввур кунед?
- Не, наметавонам. Ҳар чӣ шуданаш мумкин. Чингиз Айтматов ногаҳон арзи ҳастӣ карду фарҳанги қирғизу Қирғизистонро олам шинохт… Ё Расул Ғамзатов Доғистонро дар як сол маҳбуби хонандагонаш кард… То Айтматову Ғамзатов чунин набуд...
Мусоҳибаи Бобоҷон Шафеъ
Муаррифӣ: Азизи Азиз
Аз муваффақтарин адибони кӯдакнависи кишвар аст, ки бештар аз 200 афсонаву 130 ҳикояи хонаданӣ навиштааст. Теъдоди китобҳояш шояд ба 30 наздик шуда бошанд. Ва ҷолиб он аст, ки ҳикояҳои ӯ то ин замон бо чандин забони олам, аз ҷумла русӣ, инглисӣ, гурҷӣ, қирғизӣ, узбекиву чехӣ тарҷума шудаанд. Замоне, ки ин матлаб навишта мешуд, дар остонаи шунидани хабари чопи китобаш бо ҳуруфи форсӣ дар Эрон буд.
Азизи Азиз 12-уми феврали соли 1960 дар деҳаи Каҷровути ноҳияи Ғончӣ таваллуд шудааст. Мактаби ҳаштсоларо дар зодгоҳаш ва миёнаро соли 1977 дар интернати шаҳри Чкалов хатм намуда, ба факултаи педагогика ва методикаи таълими ибтидоии Донишгоҳи омўзгории Хуҷанд дохил шуд.
Баъди хатми донишгоҳ (соли 1982) муддате муҳаррири кумитаи садои Комбинати абрешими Хуҷанд буд. Пас ба зодгоҳаш рафт ва то соли 1987 дар мактаби деҳа омўзгорӣ кард.
Соли 1987 барои кор ба Душанбе даъват шуд. Аввал муҳаррири калон, баъд котиби масъули маҷаллаи бачагонаи «Чашма» таъин гардид. То ин замон корманди ҳамин маҷалла мебошад.
Азизи Азиз барои бачаҳо афсона ва ҳикоя менависад. Чанд китоби латифаю чистонҳояш низ ба чоп расидаанд. Вале бештар чун афсонанавис шинохта шудааст.
Аз ҷумлаи маъдуд адибони кӯдакнависи кишвар аст, ки эҷодиёташ аз ҷониби мунаққидони дохиливу хориҷӣ мусбат арзёбӣ шудааст. Чунончӣ, Камол Насрулло, нависандаи халқии Тоҷикистон, ки муддате бо Азиз ҳамкор буд, мегӯяд: «Азиз ягона нависандаи точик аст, ки барои кудакони синни хурди мактаби навишта метавонад…»
Сю Елис, Директори Маркази Рушди таҳсилоти ибтидоии Ингилистон мегӯяд: “Азизи Азизро Худованд ҳамчун адиби бачаҳо офаридааст. Вай истеъдоди табиӣ дорад, эҷодиёти ӯ ба синну сол ва шавқу завқи кӯдакон бисёр мувофиқ аст. Чӣ қадар ангуштшуморанд афсонанависон! Шуҳрати афсонаҳои Азиз берун аз кишвари Шумо рафтааст...”
Гулзар Канчи, мушовири байналмилалии адабиёти бачаҳо (Фаронса) мегӯяд: “ Ман дар Осиёи Миёна зиёд кор кардаам ва бо кори бисёр нависандагон шинос ҳастам ва бо боварии кулл гуфта метавонам, ки Азизи Азиз беҳтарин нависандаи бачаҳои Осиёи Миёна ба шумор меравад”
Бек Жилдиз, аз Қирғизистон дар номае унвони адиби шинохта навиштааст: “Муҳтарам Азизи Азиз! Хеле хушбахтам, ки бо нависандаи боистеъдоди бачагонаи Тоҷикистон вохӯрдам. Дар ҳақиқат афсонаҳои Шумо хеле зебоянд. Андерсен! Шумо нависандаи бузурги бачагонаи муосиред. То ҳол ҳамаро ёд дорам. Ман шунидам ва хушнуд шудам, ки ҳикояҳои Шумо дар хориҷ ҳам чоп мешаванд, аз ҷумла дар нашриёти “Детский литература”. Онҳо аз он ки ҳикояҳои Шуморо чоп мекунанд, бурд хоҳанд кард. Шумо истеъдоди хуби навиштан доред. Ман анҷумани китоби кӯдак баргузор мекунам ва ҳатман ба он шуморо даъват хоҳам кард...”
Азизи Азиз навиштаҳои худро дар китобҳои зерин гулчин кардаву дар солҳои гуногун чоп кардааст:
«Афсона ва ҳикояҳо» (соли 1989, «Адиб»);
«Хандонак» (соли 1998, «Нодир»);
“Қиссаи пирамарди тоҷик ва сарлашкари муғул» (соли 1998, «Пайванд»);
«Қарзи сарлашкар» (соли 2001, «Адиб»);
«Донишманд ва девдарахт» (соли 2010, «Адиб»);
«Афсонаи об»;
«Шаш ва нўҳ»;
«Саргузашти заргўшак»;
«Афсонаи тарс»;
«Ҷануб кадом тараф аст?» (соли 2013, «Истиқбол»).
Аз соли 1994 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст. Барандаи ҷоизаи Ҷавонони Тоҷикистон (соли 1994) ва Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Дар шаҳри Душанбе зиндагӣ мекунад.
Дар Китобхонаи миллӣ аз Азизи Азиз ва дар бораи ӯ боз ин матолибро ҳам метавонед бихонед:
Имтиҳони иншо. – Душанбе, 1992. – 45 с.
Афсонаи об: Барои кўдакони сини 3-4 сола. – Душанбе, 2013. – 8 с.
Қиссаи гандумак: Барои кўдакони сини 5-6 сола. – Душанбе, 2013. – 16 с.
Саёҳати заргўшак: Барои кўдакони сини 5-6 сола. – Душанбе: Истиқбол, 2013. – 12 с.
Чилпо. – Душанбе: Истиқбол, 2014. – 14 с.
Қиссаи гандумак. – Душанбе: Истиқбол, 2014. – 10 с.
Сулҳ чист. – Душанбе: Маориф, 2018. – 24 с.
Афсонаи пеш аз хоб. – Душанбе: Маориф, 2019. – 16 с.
Афсонаи корд. – Душанбе: Маориф, 2019. – 12 с.
Ростаку чапак. – Душанбе: Маориф, 2019. – 16 с.
Панд; Афсўси гургона; Кўршапарак; Шукр; Гург ва рўбоҳ: Тамсилҳо // Ҷавонони Тоҷикистон. – 1989. – 29 октябр.
Гурба ва одам: Қисса // Машъал. – 1990. – №5. – С. 8-9.
Хусабародарон: Ду фарзанд: Ҳикояҳо // Машъал. – 1993. – №4. – С. 14-16.
Қиссаҳои гандумак: Ҳикоя // Чашма. – 1994. – №3-4. – С. 6-13.
Афсонаҳо // Адабиёт ва санъат. – 2000 – 16-19 май.
Ҳавас; Тоҷики муҳоҷир: Шеърҳо // СССР. – 2009. – 16 июл.
Дар Ҷопон муаллимро носазо гуфтан гуноҳ аст!: Андешаҳои нависандаи бачагонаи тоҷик Азизи Азиз // Нигоҳ. – 2016. –16 март.
Бори гарони дўши кўдак: Проблема ва пешниҳод оиди истифода барои забони модарӣ // Омўзгор. – 2018. – 3 май.
Дунё пур аз савол аст: Порча аз повест // Истиқбол. – 2018. – №3. – С. 52-61.
Дурўғ: Повест // Садои Шарқ. – 2019. – №4. – С. 132-148.
Хоҳиши падар; Алӣ-ҳисоб; Ду хирсак беша рафтанд; Афсонаи хурўсак: Ҳикояҳо // Адабиёт ва санъат. – 2019. – 21 ноябр.
Дар бораи адиб
Истеъдод заррае ба зар ниёз надорад: Мусоҳибаи Б. Қодирдўхт бо котиби масъули нашрияҳои “Чашма” ва “Зангўла” Азизи Азиз // Чархи гардун. – 1999. – 8 июл.
Адабиёти бачагона дар кишваре рушд мекунад, ки кўдак бачагӣ дорад: Сўҳбати рўзноманигор Б. Шафеъ бо адиби маъруфи бачагон Азизи Азиз // Нигоҳ. – 2016. – 21 сентябр.
Калонсолон дар китобхонӣ намуна бошанд: Мусоҳибаи Шодӣ Раҷабзод бо адиби шинохтаи бачаҳо Азизи Азиз оиди китобу китобхонӣ // Омўзгор. – 2018. – 3 май.
Энтони де Милло. Таъқиб; Бадмаст; Ҷустуҷў; Кашфиёти бузург: Латифаҳо / Тарҷумаи А. Азиз // Адабиёт ва санъат. – 2019. – 14 феврал.
Адабиёти бачагонаро ҳамқадами замон созем: Мусоҳибаи З. Салим бо шоири адабиёти бачагона Азизи Азиз // Адабиёт ва санъат. – 2019. – 30 май.
Таҳияи Бибикубрия Қурбонова,
корманди шуъбаи библиографияи миллӣ.