Герасимов Михаил Михайлович: чеҳракушои Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ
Нашр шуд 2019-05-24 13:49
Герасимов Михаил Михайлович антрополог, муҷассамасоз ва бостоншиноси рус, доктори илмҳои таърих 5-уми сентябри соли 1907 дар шаҳри Петербурги Маскав таваллуд шудааст. Асосгузори мактаби бозсозии пластики антропологӣ дар Русия, ҳамчун барқароркунандаи симои ашхос аз рўи косаи сар (беш аз 200 нафар) маъруф аст. Аз солҳои мактабхонӣ дар экспедитсияҳои бостоншиносӣ ширкат мекард. Соли 1941 бо як ҳайати бостоншиносӣ дар кушоиши дахмаи Темури Ланг ва авлоди ў дар оромгоҳи Гўри Мири Самарқанд (бо мақсади собит намудани воқеияти дафнҳо) ҳамкорӣ кард.
Фаъолияти илмии Герасимов дар ду самти асосӣ ҷараён гирифтааст – бостоншиносии пеш аз таърих ва таҷдиди пластикии инсонҳои қадим. Соли 1928 дар ҳафриёти нази Иркутск тифли дафншудаеро бо лавозимоти зиёд пайдо кард, ки аз нахустин осори баъди асри санг дар қаламрави ИҶШС шумурда мешавад ва ин кашфиёт аҳамияти ҷаҳонӣ дорад.
Нахустин таҷдиди симои инсони ибтидоиро Герасимов соли 1927 ба ҷо овард. Вай симои инсони питекантроп ва неандерталро дубора барқарор кард. Бар иловаи гузаштагони инсони имрўза ва намояндагони қабоилу ақвоми азбайнрафта, Герасимов портрети чандин шахсияти таърихӣ – Темур, Улуғбек, Шоҳрух, Муҳаммад Султон, Ярославл Мудрий, Ивани IV Грозний, И. Шиллер, Ҳоҷӣ Мурод, Ф.Ф. Ушаков ва дигаронро сохт.
Барои ковишҳои бостоншиносӣ ва барқарор кардани симои Абуабдуллоҳи Рўдакӣ ба Тоҷикистон даъват шуд. Дар деҳаи Панҷрўди ноҳияи Панҷакент (ноябри соли 1956) қабри Рўдакиро, ки бар асоси далелҳои фаровон муайян шуда буд, кушода, тарҳи чеҳра ва танаи ўро (то апрели соли 1957) аз рўи устухонҳои косахонаи сар ва баданаш офарид.
Ин портрет бори нахуст дар Даҳаи адабиёт ва санъати тоҷик дар Маскав (1957) ба намоиш гузошта шуд. Дорандаи мукофоти сталинӣ (1950). Бо ордени «Нишони Фахрӣ» сарфароз гардидааст.
Ў 21-уми июли соли 1970 дар зодгоҳаш аз олам мегузарад.
Бознашр аз «Энсиклопедияи миллии тоҷик». – 2015. – Ҷ.4. – С. 318.
Дар Китобхонаи миллӣ дар боари фаъолияти Герасимов ин матлаб қобили дарёфт аст:
Опыт воспроизведения документального портрета по скелету из Панджруда. – Сталинабод: Таджикское государственное издательство, 1958. – 104 с.
Таҳияи Насиба Даниярова,
корманди шуъбаи библиографияи миллӣ