Маҳфили “Ҳамешабаҳор”: Баҳори Гурез САФАР

  Маҳфили набатии “Ҳамешабаҳор” бегоҳии рӯзи 4-уми апрели соли равон дар саҳни Китобхонаи миллӣ бо ширкати ҷамъе аз донишмандон, ҳанармандон, мухлисони шеъри ноб, хонандагон баргузор мегардад. “Ҳамешабаҳор” маҳфилест, ки аз ҷониби Шуъбаи кӯдакон ва наврасони Китобхонаи миллӣ, бахши адабиёти кӯдаки Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ва ҳайати эҷодии  нашрияи “Пайрав” барпо мешавад ва ҳар маҳфил мавзуи хос дорад.

  Ин бор маҳфил “Баҳори Гурез Сафар” ном дорад ва чуноне аз номаш пайдост, ҳама гуфтумонҳо атрофи ашъори шоири маҳбубанд.

  Маҳфил чун ҳамеша аз равзанаҳои “Афрӯза” (ин бор китобҳои Гурез Сафар), “Афроза” (нақли шавқовар), “Афшина” (зарбулмасал), “Афшона” (шакарханд) “Андеша” (санъати сухан), “Ангеза” (байтбарак) иборат аст.

  Ва боз: маҳфилоро шоир Хайрандеш, Базморо устодони санъати волои тоҷик – Қурбоалӣ РАҲМОН, Ҷамшеди ИСМОИЛ, Афзалшоҳи ШОДӢ ва Раҳматуллоҳи ҲОШИМАНД!

  Таърихи сабгузорӣ: 4-уми апрели соли 2019;

Макон: саҳни Китобхонаи миллӣ

Оғоз: Соати 17:30.

Ширкат озод!

Барчаспҳо: