ҚИБЛАИ УМЕД

  Ҳар боре, ки ҳамчун намояндаи Кумитаи андоз дар вилояти Суғд ба шаҳри Душанбе сафари корӣ доштам, чун вақти бозгашт фаро мерасид ҳамеша имдодталабона ба ман мегуфтӣ: “Дилҷон, биё, боз як шабакаки дигар қати ман ист, аз дидори якдигар сер шавем, ту нахустфарзандам, меҳри аввали ман ҳастӣ, суханҳое ба ту гуфтан мехоҳам, ки зеби гӯши бегонагону дигарон нест”. Муддате ки ман аз ту масофаҳои тӯлонӣ дур будам, чанд маротиба барои сари марқадат гул фиристодам, зеро гулро бисёр дӯст медоштӣ.

Боз омадам ба сӯи ту, эй қиблаи умед,

Эй модаре, ки ки соҳати ҷонам барои туст.

Боз омадам, ки саҷда кунам бар мазори ту,

Эй модаре, ки ҷону дили ман фидои туст.

Салом модар, эй мабдаи нуру зиёи ман!

Омадам, бо умеди дидори хаёлӣ бо ту, ки муддате аз канори меҳрборат дур будам. Афсӯс, ки дар сари марқади покат ҳам ба дидори гармат расида наметавонам. Дасти қисмат моро онқадар аз ҳам дур сохтааст, ки ба гуфти шоир дигар ба гарди ҳамдигар расида наметавонем. Вале ман-фарзанди нахустину дилбандат, ки дар рагҳоям хуни ту ҷорист, сари ҳар қадам эҳсос менамоям, ки аз мо ҷудо нестӣ.

            Профессорон ва докторони илмхои тиб Малишева Елена Василевна ва Продеус Андрей Петрович оиди таркиби ҷисми инсон чунин факту далелҳо овардаанд: олимони соҳаи генетика пас аз тадқиқотҳои бисёрсола исбот намуданд, ки ДНК-и инсон  аз 46 хромосома иборат буда, 23-то аз падар ва 23-тои дигараш аз модар мегузаранд. Аз ҳуҷайраҳои падар танҳо пойдевор вобаста бошад, тамоми дигар хишту обу гил барои инкишоф, тавлид ва тарзи зиндагиву рафтору кирдор аз ҳуҷайраҳои модар вобастаанд. Ҳуҷайраҳои асосие, ки бо забони тиб ДНК мегӯянд, яъне чизе, ки тамоми вуҷуду буду нобуди мо, ҳатто ранги пӯсту мӯву хулқу атвору қаду қомат, одобу ахлоқу адабиётдустӣ ва ё мусиқипарварӣ ҳамааш бо воситаи ДНК-и модар танҳо ба духтараш аз насл ба насл мегузарад, зеро писар ДНК-и падарашро ба мерос мегирад ва агар худаш падар гардад, ДНК-и худаш ба писаронаш ва ДНК-и завҷааш ба духтаронаш ба насл мемонанд. Бинобар ин, сарфароз ва ифтихорманд аз онам, ки вуҷуди ман сар то по аз обу гили ту сиришта шудааст, модари нотакрору бузурги ман! Ва худро хушбахту хушрӯз аз он меҳисобам, ки насли ту дар симои духтарам Нилуфар идома мекунад ва боз бо карами Худованди муттаол идома хоҳад ёфт.

Ҳарчанд роҳи бозгаштам дар қиёс бо роҳи охирати бебозгашти ту чандон тӯлонӣ набуду хатсайри Душанбе-Хуҷанд-Туларо дар бар мегирифт, ҳини бозгашт, то расидан ба оромгоҳи абадият дар хаёлам роҳи ба ҳазорсолаҳо баробарро тай намудам.

Ба сарзамини аҷдодии ману ту имрӯз нафаси тозаи Наврӯз расидаву ҳама ҷоро сабза гулпӯш намудааст. Сабзаву гулҳо аз хоки мазори ту низ сар кашидаанд, ки аз диданашон дилам рештар мешавад, зеро онҳо сабзаву гулҳои орзуҳои амалинашуда ва ормонҳои ношикастаи туанд.

 Зимистон тухми гул бар хок мерезад,

Баҳорон мавҷи гул аз хок мехезад.

Чу тухми одамӣ резад, намехезад,

Намехезад, ки авсофи туро гӯяд...

Маро имрӯз танҳо ҳамин кор мондааст, ки саҷда бар санги мазорат занаму бипурсам: куҷоӣ модари бо ҷон баробари ман ва чӣ ҳоле дорӣ дур аз бари мо?

Ало, эй монда аз гуфтор, чунӣ?

Азизи рафта аз ин дор, чунӣ?

Ман ин ҷо нола дорам бо дили реш,

Ту он ҷо бо тани афгор, чунӣ?

Оре модар, ҳарчанд дилам реш аст, меҳри модариву фарзандӣ бароям болу пар бахшид ва ба тавофи марқадат омадам. Омадам, бо умеди он, ки бо тиловати сурае аз Қуръони карим рӯҳи туро шод намоям ва дар як вақт бо ту ба таъбири худат сӯҳбати хосса дошта бошем. Дар муддати дур аз канори ту ва бо ёди ту буданҳо дар дилам ғаму дардҳое ҷамъ шудаанд, ки онҳоро танҳо бо ту тақсим кардан мехоҳам. Дардҳое, ки гумон аст бо гузаштани ҳафтаву моҳу солҳо шифо ёбанд.

Модар, фариштае набувад поктар зи ту,

Бахшад Худо маро, ки худои дигар туӣ.

Ҳунарпешаи машҳури рус Борис Невзоров дар як сӯҳбаташ гуфта буд: “Барои аз дарди ҷудоии абадӣ бо наздикони аз байнрафта марҳам ёфтан, камаш даҳ сол лозим будааст”. Вале ба захме, ки дар рӯҳу равони ман баробари аз дунё рафтани ту пайдо гашт, фикр мекунам, ки ягон малҳаму доруи олам даво шуда наметавонад. Зеро ин дардест, ки дар бардоштани он ҷисму ҷони наҳифи ман торафт душворӣ мекашад. Гарчанде маро дар рӯҳияи сабуриву мушкилнописандӣ, пурбардоштиву батамкинӣ тарбия намудаӣ, вале ҳис мекунам, ки рӯҳу тавони ман дар пешорӯи ин масъала оҷиз аст.  Аҳсан ба онҳое, ки мисли ту кӯҳи ғамро бар дӯши худ мегиранду боре лаб ба шиква намекушоянд!

Имрӯз дили кӯчаки ман бе меҳри бузурги ту чун зарфи шикаставу холист. Ва ин холигаҳро касе наметавонад, ки андак бошад ҳам, пур карда тавонад. Магар дар дунё касе ё чизе меҳри модарро иваз карда метавонад? Албатта, не.

Ҳар гаҳе бо мушкилиҳои беҳисобу бешумори зиндагӣ рӯ ба рӯ меоям, ҳамеша туро пеши назар меорам ва аз худ мепурсам: агар дар ҷои ман модарам мебуд, ҳамин масоилро чӣ гуна ҳал мекард?...Оҳ модар, магар ту дар зиндагӣ кам рӯзҳои вазнину сангинро аз сар гузаронидаӣ? Масъалаву мушкилотеро ҳал кардаӣ, ки ҳатто мардони мард дар пешорӯи онҳо нотавону оҷиз буданд. Ту аз зиндагӣ ҳамеша шукргузор будӣ, аммо хомаи ҳақиқатнигорат ҳақиқати ҳаётатро рӯи қогаз сабт намуда:

           Офарин бар пайкари хурду назарногири ман,

            К-ин ҳама бори гарони зиндагонӣ мекашад,

            Киштии уммедро то соҳил аз навмедиҳо,

            Гоҳ осону гаҳе бо сад гаронӣ мекашад.

        Ҳарчанд, ки имрӯз ман ҳам модаркалон ҳастам, лекин худро ҳанӯз кӯдак ҳис мекунам, кӯдаке, ки аз меҳри модар, аз дидори модар, аз бӯи бағали ӯ сер нашудааст. Беҳуда дар урфият намегӯянд, ки бахти духтар ҳамчу санги фалахмон асту дасти тақдир ба кадом сӯе равон кунад, ба ҳамон самт майл мекунад. Сарнавишти дар овони фасли зебои ҷавонӣ бо шаҳри Хуҷанд пайваст гардиду масофаи байни шаҳрҳо ману туро аз ҳам ҷудо кард. Ту дар пойтахт мондиву ман муқими зодгоҳи аҷдодиамон шудам. Вале ҳама дам, ҳама соат, ҳар лаҳза меҳри нотакрору поку беолоиши туро аз дур бошад ҳам эҳсос менамудам.

Хирадмандони олам “марги падару модар мерос, марги фарзанд теғи алмос гуфтаанд”. Тибқи ҳадисе баъд аз 12-солагӣ ятим нест. Вале инсон дар содсолагӣ аз волидони худ, махсусан аз модар ҷудо шавад ҳам, ятим мешудааст. Камина ҳикмати “то бо зартӯдаи падар мондан, бо хокистартӯдаи модар мондан” ва “фалонӣ фарзандашро мисли гурба газида калон кард” гуфтани мардумро дар тану ҷони худ эҳсос намуда бошам ҳам, дар оғӯши меҳрпарвари ту худро хушбахттарин фарди олам меҳисобидам, аммо бо даргузашти туи якдонаву ягона бори вазнини ятимӣ бар дӯши ман низ афтод. Гумон мекунам, ки дасту поям аз осмону замин канда шудааст. Аз роҳпоиву интизориҳоям суде несту аз сурати беҷони ту ягон овое ба гӯш намерасад.

Аз ҷумлаи рафтагони он роҳи дароз,

Боз омадае ку, ки ба мо гӯяд роз?

Ва боз омаданат нест, чу рафтӣ, рафтӣ...

Бо ҳазор умед ва тасаллият бахшидан ба дили хеш ба шаҳри Душанбе рафтам. Ин маротиба ҳамон маҳалла, ҳамон кӯчаҳо, ҳамон гузар аллакай бароям бегонаву ноошно буд. Аз хиёбонҳое, ки ману ту бегоҳиҳо соатҳои тӯлонӣ дар болои харак сӯҳбати хосса меоростем, бо умед қадам задам. Вале ҳайҳот... Аз ҳеҷ сӯе нишонатро наёфтам.

Ало, моҳе, ки зери хок рафтӣ,

Аз олам бо дили садчок рафтӣ.

Дар ин рафтан ҳама таъхир хоҳанд,

Ту аммо чобуку чолок рафтӣ.

Ҷаҳони зери чархат хуш наёмад,

Канори Хоҷаи лавлок рафтӣ.

Намеёбам ба ҷустан дар заминат,

Малак будӣ, ки бар афлок рафтӣ.

  Ин навбат низ дар дар гирдам ҳамсояҳои ҳамдарду қарину ғамошноят-апаи Бибисоро, апаи Марям, Хотираву Марҳабо ва дигарон парвонавор шуданду ҳалқа заданд. Умедвор будам, ки бо дидани онҳо каме бошад ҳам, хуморам мешиканад, вале баръакси ҳол алами ҳанӯз навам боз дубора тоза шуд... Зеро дари хонаи ту барои ман абадан баста шуд. Касе маро дар ин ҷо интизор нест. Касе чун ҳарвақта сад бор бароям садқа намешавад.

Умри ту чу умри об бошад, модар,

Панди ту чу сад китоб бошад, модар.

Дар домани ту нишаста покиза шавам,

Дидори ту ҳам савоб бошда, модар.

Инак, дар сари марқади хоксоронааст қарор дорам, ки як ҷаҳон меҳру муҳаббат, вафодориву садоқат, адолату ҳақиқат ва сухани ногуфтаро дар дили худ ниҳон доштааст. Дастаи гулеро рӯи гӯрат мегузораму бо оби дида санги мазоратро мешӯям. Ояте аз Куръони маҷид, ки ба рӯҳи покат мебахшам, боз чеҳраи зебову лаби хандонатро дар пеши назарам ҷилвагар месозад.

Сари  гӯри ту биншастам даме чанд,

Гиристам зи андӯҳу ғаме чанд.

Зи санги сарди болои мазорат,

Бипурсидам: баҳои одамӣ чанд?

Нав эҳсос мекунам, чандин сол пеш “Дар маҳфили шумоён Норинисо ғанимат!” гуфтанат чӣ ҳикмату мазмуне доштааст. Оре, модар, ҳар нафасу лаҳзаи бо ту будан барои аҳли ҷомеа пеш аз ҳама мо-ҷигарбандонат ғанимат будаасту бехабар мондем, ки чӣ тавр аз мо рафтӣ, хар лахзаву хар соат хис мекунам, ки рӯҳи покат аз осмонҳо ба сӯямон наззора дорад, моро ҳамеша ҳамроҳӣ мекунад ва имрӯз ҳам дар ғами мо-ҷигарбандонат ҳастӣ. 

Ҳар боре, ки ҳамчун намояндаи Кумитаи андоз дар вилояти Суғд ба шаҳри Душанбе сафари корӣ доштам, чун вақти бозгашт фаро мерасид ҳамеша имдодталабона ба ман мегуфтӣ: “Дилҷон, биё, боз як шабакаки дигар қати ман ист, аз дидори якдигар сер шавем, ту нахустфарзандам, меҳри аввали ман ҳастӣ, суханҳое ба ту гуфтан мехоҳам, ки зеби гӯши бегонагону дигарон нест

Муддате ки ман аз ту масофаҳои тӯлонӣ дур будам, чанд маротиба барои сари марқадат гул фиристодам, зеро гулро бисёр дӯст медоштӣ. Дар хоб туро дидам, гӯё ту гуруснаиву хӯрок хӯрдан мехоҳӣ, намедонам кӣ ба зиёрати ту омаду овозат аз дуриҳо ба гӯш расид:  

Надорад болу пар паррандаи инсофу имонам,

Намегиранд аз ҳолам хабар ёрони нониам.

Ба талхиву ба тундӣ бигзарад умри азизи ман,

Куҷо рафтанд мурғони диёри шодмониям???

Ҷаҳони бекарон имрӯз монанди дилам холӣ,

Намедонанд мурғони ҳаво рози ниҳониам.

Азоби бемодариву ятимиро ту аз ман беҳтар медонӣ, модар, ки гуфтаӣ:    

Модари ҷонам чу аз дунё гузашт,

Гавҳари дубора нопайдо гузашт.

Шаҳсутуни сабрро селоб бурд,

Шодиям чун олами рӯъё гузашт.

Мебарам бар ҳар куҷо бо нешу нӯш

Бори вазнини ятимиро ба дӯш.

   Ҳамагӣ дар рӯи замин 68 сол зиндагонӣ кардӣ. Умрат кӯтоҳ буд, аммо зиёда аз 20 маҷмӯаи ашъор ба ту умри абадӣ бахшиданд, модар. Мардуми бедордил ашъори нобатро бо шавқ мехонанд. Сурудҳои бар матни шеърҳоят эҷодшударо бо гши ҷон мешунаванд. Ибтидои роҳи ту аз забони худат чунин буд:

Кӯчаҳои тангу пурчангу ғубору печ-печ,

Бо ман аз айёми хурдӣ ҳамдами деринаед.

Бар сарам ёди диёру дӯст аз дур омадам,

Лек ҳоло ҳам шумо монанд бар пешинаед.

Омадам, то ёд орам баччагии хешро,

Роҳгардиҳоям аз домони модар дошта.

Аз саҳар ӯ бо парастории ман овора буд,

Корҳои хонаро бар як тараф бигзошта.

Дар ҳамин ҷо хайрухуш нокарда гум кардам, дареғ,

Баччагию беғамиро ҳамчу як хобу хаёл.

Боиси як лаҳза хурсандии мо-духтарчаҳо,

Ман намедонам куҷо зочаи соҳибҷамол?

Олами равшан ба ман гӯё ҳамин Раззоқ буд,

Хонаҳои хурдаки аз дуди оташдон сиёҳ.

Бо ҳама он хоксорӣ, ноаёниҳои худ,

То ба ҳоло мебарад беихтиёр аз ман нигоҳ.

Чунки ман андар дили ин кӯчаҳои хурди деҳ.

Ханда кардам, гиря кардам, хешро бишнохтам.

Дар сари ҳар печутобе баччагиро бохта,

Раҳ ба сӯи шоҳроҳи зиндагонӣ ёфтам.

  Оре, модар, роҳе, ки аз деҳаи Раззоқ оғоз шуд, туро бо абадият пайваст. Ором бихоб, ки ҷоят на дар синаи хоки тар, балки дар синаҳои мардуми орифу оқил аст.

 Дилбар Воҳидова,

узви Иттифоқи рӯзноманигорони

 Ҷумҳурии Тоҷикистон,

Аълочии фарҳанг ва матбуоти

Ҷумҳурии Тоҷикистон

Аз Норинисо Алимуҳаммадова ва дар бораи ӯ дар Китобхонаи миллӣ метавонед ин матолибро ҳам суроғ кунед:

Дуньёи умед. – Душанбе: Ирфон, 1980. – 64 с.

Оҳангҳои соҳил. – Душанбе: Ирфон, 1983. – 96 с.

Риштаи хаёл. – Душанбе: Маориф, 1987. – 80 с.

Гаҳвораи меҳр. – Душанбе: Адиб, 1988. – 160 с.

Ҳазору сад сатр. – Душанбе, 1998. – 63 с.

Лаҳзаи дидор. – Душанбе: Сурушан, 2001. – 146 с.

Ошёни меҳр. – Душанбе: Деваштич, 2004. – 84 с.

Скоро в школу. – Душанбе: Истикбол, 2006. – 9 с.

Дарёи муҳаббат. – Душанбе: Ҳумо, 2007. – 108 с.

Меҳвари андеша. – Душанбе: Шуҷоиён, 2010. – 118 с.

Шаҳболи орзу. – Душанбе, 2010. – 125 с.

Сию се ғазал. – Хуҷанд, 1993. – 38 с.

Дар зери чархи гардун… . – Хуҷанд, 2013. – 668 с.

Ҳоҷиева, О. Бимон; Биё: Шеърҳо / Аз ўзбекӣ тарҷумаи Норӣ // Комсомоли Тоҷикистон. – 1981. – 16 август.

Пахтачин: Шеър барои духтарони Ёвон // Ҳақиқати Қўрғонтеппа. – 1982. – 30 ноябр.

Мистраль, Г. Шабнам; Абрҳо; Ба ҷон баробар; Бозёфт: Шеърҳо / Тарҷумаи Норӣ // Газетаи муаллимон. – 1984. – 1 декабр.

Тоҷикистон: Шеър// Газетаи муаллимон. – 1985. – 30 март.

Духтари аср: Шеър // Тоҷикистони советӣ. – 1986. – 30 ноябр.

Алиева, Ф. Ҷустуҷў: Шеър / Тарҷумаи Норинисо // Тоҷикистони советӣ. – 1987. – 10 сентябр.

Нестам офтоб; Сарзаниш; Ту аз ман меравӣ; Хонаи ман; Ғазал: Шеър // Занони Тоҷикистон. – 1988. – № 8. – С. 9.

Даъват; Саҳар: Шеърҳо // Пионери Тоҷикистон. – 1989. – 28 июн.

Беимдод; Бесабрӣ; Дил; Қасри тиллоӣ; Умед: Шеърҳо // Фирўза. – 1990. – № 4 . – С. 14.

Ҳайкали хомўш: Шеър // Ҳақиқати Ленинобод. – 1990. – 4 август.

Гар сиришти одамӣ пайванд бо обу гил аст: Шеър // Байрақи Октябрь. – 1991. – 27 июл.

Андеша: Шеър // Ҷавонони Тоҷикистон. – 1992. – 4 январ.

Ёди дўст: Дар бораи қаламкаш Раҳматулло Зайдулло // Машъал. – 1993. – № 5. – С. 18.

Дунёи шодию ғам: Шеър // Ҷумҳурият. – 1994– 5 март.

Дард: Шеър // Садои мардум. – 1999. – 5 март.

Орзу дорем…: Шеър // Ҷумҳурият. – 2003. – 11 ноябр.

Эй дўст биё…: Шеър // Фирўза. – 2004. – № 3. – С. 16.

Назм // Адабиёт ва санъат. – 2009. – 30 июл.

«Роғун» // Минбари халқ. – 2010. – 7 январ.

Соҳибватан ҳастем: Шеър // Адабиёт ва санъат. – 2011. – 28 апрел.

Аз ҷумла пиру барно, Наврўзатон муборак: Шеър // Тоҷикистон. – 2014. – № 3. –3-4 . – С. 29.

                             Дар бораи шоира:

Ҳоҷӣ, Б. Бовар намесозӣ агар...: Нақиза ба Норӣ Алимуҳаммадова // Садои Шарқ. – 1988. –  № 9. – С. 129.

Шарифзода, М. Духтаре аз соҳили Сир: Дар бораи шоира Норинисо // Фирўза. – 1991. –  № 1. – С. 24-25.

«Хаёлам ман ба наср рў меоварам…» : Суҳбат бо шоира Норинисо / Мусоҳиб Ҳайдар Фаёзӣ // Чархи гардун. – 2000. – 4 август.

Норинисо. Роҳи дил то ба мулки дидаҳо бод: Мусоҳиба бо шоира Норинисо / Мусоҳибон А. Каримов, М. Сироҷиддин // Ҷавонони Тоҷикистон. – 2004. – 22 октябр.

Ҳуҷҷатӣ, Б. Майдагул, Мамонӣ ва фалсафаи шоира: Мусоҳиба бо шоира Норинисо Алимуҳаммадова // Минбари халқ. – 2005. – 8 октябр.

Занҷири ноумедӣ бардор аз миёна: Суҳбати хабарнигори рўзнома Валиҷон Баёнӣ бо шоира Норинисо // Ҷавонони Тоҷикистон. – 2007. – 29 август.

Сўгворӣ: Норӣ Алимуҳаммадова шоираи шинохтаи тоҷик 25.03.1949-19.03.2018 // Адабиёт ва санъат. – 2018. – 29 март.

Расулӣ, Т. Як даста гули ёд: Ёде аз шоираи ширинкалом шодравон Норинисо // Адабиёт ва санъат. – 2019. – 14 март.

Таҳияи Истампулод Ормонов,

корманди шуъбаи библиографияи миллӣ