Ширкати фаъоли хонандагон дар чорабинии “Наврӯзи ҳуҷастапай”
Нашр шуд 2019-03-20 14:26
Баъд аз зӯҳри дирӯз дар ошёнаи якум, бо ташаббуси шуъбаи маъюбони Китобхонаи миллии Тоҷикистон бахшида ба фарорасии Наврӯзи фархундапай чорабинии фарҳангӣ таҳти унвони “Наврӯзи оламафрӯз” доир гардид. Чорабинӣ бо суханони муқаддиммавии муовини Директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон Салима Раҷабова оғоз шуд. Вай ҳозиринро бо фарорасии Наврӯзи шодбош гуфта, беҳтарин таманниётро баҳрашон орзу намуд.
Салима Раҷабова ёдовар шуд, ки Ҷашни Наврӯз аз қадимтарин ва густаришёфтатарин идҳои мардумони форсу тоҷик буда, умри дарози беш аз панҷҳазорсола дорад. Тавре ки аз номи он бармеояд, Наврӯз «рӯзи нав» маънӣ дошта, дар аввали соли нави хуршедӣ ба истиқболи соли нав барпо мешавад.
Муовини Директори Китобхонаи миллӣ афзуд: “Наврӯз ҷашни фарорасии баҳори нозанин, зиндашавии табиат, оғози корҳои кишоварзӣ ва боғдорӣ, айёми баробаршавии шабу рӯз дар баҳор мебошад. Ҷашни Наврӯз нишебу фарозҳои таърих, ҳаводиси сиёсию иҷтимоӣ ва маънавиҳои зиёдеро паси cap карда, то ба имрӯз омада расидааст. Роҷеъ ба таърихи пайдоишу баргузории ин ҷашни кӯҳанбунёд дар сарчашмахои таърихию адабӣ ва бадеӣ маълумотҳои зиёд зикр гаштаанд, ки донишмандони тоҷику эронӣ ва хориҷӣ дар асоси онҳо мақолоту рисолаҳои арзишманд таълиф намудаанд”.
Қисмати дуюми чорабинӣ фарҳангӣ буда, аз базму суруд иборат буд. Дар ин қисмат сарояндаи шинохта Мадина Ақназарова ва сарояндагон ва аъзоёни фаъоли шуъбаи хизматрасонӣ ба маъюбон: Заринаи Абдураҳим, Мавзунҷони Ғафурзод, Абдулазиз Ашуров бо сурудҳои тозаэҷоди хеш хотири ҳозиринро шод намуданд.
Ширкаткунандагон ҳамчунин шеърҳои тозаэҷоди худро дар васфи баҳору Наврӯз қироат намуданд. Ҳамзамон, дастаи раққосаҳои Муассисаи давлатии “Базморо”-и Вазорати фарҳанг бо ҳунарнамоии хеш хотири ҳозиринро болида гардониданд.
Дар охир аъзоёни фаъоли шуъбаи хизматрасонӣ ба маъюбон бо сипосномаву ифтихорномаҳои Китобххонаи миллӣ сарфароз гардиданд. Зумраи дигар аз хонандагони фаъоли шуъба бо туҳфаҳои хотирмони ташкилоти эҳсонкории “Пешрафт” сарфароз гардиданд.
Фарзонаи МИРЗО