Матбуоти тоҷик: гузашта ва имрӯз
Мусаллам аст, ки дар ҳама давру замон расонаҳо дар ташаккули афкори ҷомеа нақши муҳиму арзанда доранд. Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи тантанавӣ ба ифтихори 100-солагии матбуоти тоҷик таъкид доштанд: «Дар ҳақиқат матбуот ва воситаҳои ахбори омма ба ташаккули афкори ҷомеа таъсири муқтадир ва муассир мерасонанд. Онҳо, хусусан дар замони таҳаввулот ва тағйирёбии самтҳои рушди ҷомеа, бадалшавии идеологияҳои ва ташаккули диди нави иҷтимоӣ аҳамияти хоса пайдо мекунанд. Ҳама гуна ҷомеаи демократӣ, алалхусус ҷомеаи кишварҳое, ки нав ба ин ҷода қадам гузоштаанд, ба воситаҳои ахбори омма ва фаъолияти пурсамари онҳо ниёзманд мебошанд».
Табиист, ки гузашти марҳилаҳои таърихӣ ва раванди муборизаҳои шадиди тамаддунҳо дар замони муосир собит менамояд, ки воситаҳои ахбори омма дар ҳама давру замон арзиши устувор доштанду доранд. Албатта, чунин омилҳо аз решаҳои мустаҳками таърихи деринаи онҳо ва доштани таҷрибаи пешқадам дарак медиҳанд. Дар ин замина матбуоти тоҷик низ таҷриба ва собиқаи беш аз садсола дошта, марҳилаҳои зиёди таърихиро паси сар намудааст. Таъсиси нахустин рўзномаи тоҷикӣ таҳти унвони «Бухорои шариф» сароғози матбуоти миллӣ ба шумор рафта, бо ибтикор ва ташаббуси фарзонафарзандон – Мирзо Муҳиддин Мансурзода ва Мирзо Сироҷи Ҳаким рўйи кор омад. Мо ибтидо ва ё заминаҳои аслии пайдоиши аввалин рўзномаи тоҷикиамонро аз фаъолияти равшанфикрон ва маорифпарварони Бухоро, ки пештар, аз нимаҳои дуюми асри 19 шурўъ шуда буд ва дар саргаҳи он адиби маъруфи тоҷик Аҳмади Дониш меистод, бояд ҷўё шавем. Албатта, бо умри кўтоҳи худ «Бухорои шариф» тавонист дар ин муҳлати на чандон зиёди вақт ба фаъолияти устувору дурнамои матбуоти миллӣ нақши муҳиму муассир гузорад. Бо таваҷҷуҳ ба омилҳои зикргардида, агар мо ба саҳифаҳои таърихи матбуоти миллӣ назар афканем, бо чунин далелу санадҳои арзишманд рў ба рў хоҳем шуд. Дар пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳри Душанбе аввалин нашрияи даврӣ таҳти унвони «По басмачу!» буд, ки аз декабри соли 1923 дар гарнизони Душанбе ба забони русӣ чоп мешуд. Рўзнома масъалаҳои бозсозии иқтисодӣ ва сиёсии ҷумҳуриро тавзеҳ дода, деҳқононро ба муборизаи зидди босмачиён даъват мекард.
Моҳи марти соли 1925 бошад рўзномаи «Иди тоҷик» ва «Бедории тоҷик» (октябри 1928 «Тоҷикистони сурх» аз с. 1955 «Тоҷикистони советӣ» ном гирифт; ҳоло «Ҷумҳурият») ба табъ мерасиданд.
Соли 1925 рўзномаҳои «Советский Таджикистан» (с. 1955 «Коммунист Таджикистана» ном гирифт; ҳоло «Народная газета»), «Қизил Тожикистони» (баъд «Совет Тожикистони» ном гирифт; ҳоло «Халқ овози») чоп мешуданд. Соли 1930 рўзномаҳои «Комсомоли Тоҷикистон» (ҳоло «Ҷавонони Тоҷикистон»), с. 1932 «Пионери Тоҷикистон» (ҳоло «Анбоз»), «Барои маорифи коммунистӣ» (баъдтар «Газетаи муаллимон» ва с. 1959 «Маориф ва маданият» ном гирифт), аз соли 1938 «Сталинская молодежь», «Комсомолец Таджикистана» ба табъ мерасиданд. Соли 1981 «Маориф ва маданият» ба ду рўзномаи мустақил тақсим шуд: «Газетаи муаллимон» (ҳоло «Омўзгор») ва «Маданияти Тоҷикистон» (аз майи 1984 «Адабиёт ва санъат»).
Аз соли 1990 инҷониб шумораи нахустини рўзномаи «Паёми Душанбе» – нашрияи Шўрои вакилони меҳнаткашони шаҳри Душанбе (нашрияи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе) чоп мешавад. Ҳамчунин, 4 рўзномаи ноҳиявӣ ба табъ мерасад: «Шоҳмансур» (1997) – нашрияи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар ноҳияи Шоҳмансур, «Сино» (1998) – нашрияи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар ноҳияи Сино, «Файзи истиқлол» (2001) – нашрияи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ, «Фурўғ» (2002) – нашрияи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар ноҳияи Фирдавсӣ. Ҳамзамон, ин нукта боиси зикри махсус аст, ки ҳар кадоме аз ин рўзномаҳо ҷойгоҳи махсуси худро дар фазои иттилоотии кишвар доштанду доранд.
Табиист, ки баробари ба даст омадани Истиқлолияти давлатӣ даҳҳо рўзномаву маҷаллаҳо рўйи кор омада, шаклу шеваашонро ба ҷанбаҳои миллии давлатдории мо мутобиқу тавъам намуданд. Албатта, шароити мусоид ва фазои сулҳу суботи комил рушди васоити ахбори оммаи миллиро ба фаъолияти марҳилаҳои сифатан нав расонид. Замони соҳибистиқлолии кишвар бошад барои пешрафт ва фаъолияти озодонаи васоити ахбори омма тамоми заминаҳои ҳуқуқиро фароҳам овардааст. Вале чунин имконияту шароити арзанда, аз ҳар як қаламбадаст завқу салиқаи гиро ва самимияту муҳаббати хосаро талаб менамояд.
Таҳияи Истампулод Ормонов
корманди шуъбаи библиографияи миллӣ