Ҳар кас талаби Наврӯз кунад, ба хуррамиву ободӣ ва шодиву нишот бирасад
Дар ҷаҳон ҳеҷ миллатеро наметавон пайдо кард, ки аз ҳазорсолаҳои гузашта то ба имрӯз аз ҷашну оини куҳани ниёгони худ бархӯрдор нагардида бошад. Миллати тоҷик ҳам аз асрҳои дур соҳиби ҷашну сурур буд, ки эътибор ва манзалати онҳо то ҳол маҳфузанд. Яке аз ҷашнҳои куҳане, ки хислати муттаҳидкунанда дошта, мардумро ба ҳам меоварад, ҷашни Наврӯз мебошад. Дар ин маврид Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Перезиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳои худ зикр намудаанд, ки «Наврӯз аз муборактарин ҷашнҳои миллии мо тоҷикон ва дигар мардумони ҳавзаи Наврӯз аст, ки аз замонҳои қадим то ба имрӯз бо ғояҳои олии башардӯстона – дӯстиву ҳамкорӣ, созандагиву ободкорӣ, инсондӯстиву хайрхоҳӣ ва шукргузорӣ аз зебоиву неъматҳои табиат мардумро гирди ҳам меорад».
Ҳамин хусусиятҳои неки Наврӯз аст, ки фазои идонаи наврӯзӣ дар аксар кишварҳо, бахусус дар ватани азизамон- Тоҷикистон беш аз як ҳафта давом мекунад. Зеро Наврӯз ҷашне мебошад, ки фақиру доро, хурду бузург ва сиҳату беморро яксон шод мегардонад. Ҳамаи моро бо ҳам мепайвандад ва паёми дӯстиву ягонагӣ меоварад. Шоир хуб фармудааст:
Шоду фархунда шуда марду зану пири Ватан,
Ҳама дар партави Наврӯзи ҷаҳонгири Ватан.
Тибқи иттилои сарчашмаҳо, Наврӯз дар замони подшоҳии Ҷамшед ва ҳам баъд аз сари ӯ як ҳафта ва ё дасти кам, ду ҳафта таҷлил мешудааст. Абурайҳони Берунӣ муддати баргузории ҷашни Наврӯзро пас аз рӯзгори Ҷамшед ба муддати як моҳ навишта, зикр мекунад: «Чун Ҷам гузашт, подшоҳон ҳама рӯзҳои ин моҳро ид гирифтанд. Идҳоро ба шаш бахш: Панҷ рӯзи нахустро ба подшоҳон, панҷ рӯзи дувумро ба ашрофон, панҷ рӯзи савумро ба ходимону кормандони подшоҳӣ, панҷ рӯзи чаҳорумро ба надимону дарбориён, панҷ рӯзи панҷумро ба иддае аз мардум ва панҷ рӯзи шашумро ба бузургон тақсим намуданд».
Дар мавриди таърихи пайдоиши Наврӯз дар сарчашмаҳои муътамади хаттӣ ва муосир маълумоти зиёде дастрас аст, ки аз куҳанбунёд будани ин иди хуҷаста дарак медиҳанд. Донишмандон ва шоирони бузурге, чун Фирдавсӣ, Манучеҳрӣ, Унсурӣ, Табарӣ, Масъудӣ, Гардезӣ ва дигарон, ки манбаи таърихии онҳо, бегумон, адабиёти қабл аз исломӣ буд, Наврӯз ва баргузории ҷашни Наврӯзро аз замони подшоҳии Ҷамшед медонанд.
Дар достонҳои қадима, аз ҷумла «Шоҳнома»-и Ҳаким Абулқосим Фирдавсӣ омадааст, ки ҷашни Наврӯз дар замони Ҷамшед – нахустин подшоҳ дар рӯйи замин оғоз гардидааст. Бар асоси ривояти таърихӣ, Ҷамшед бар ҳар муносибате бар рӯйи тахт менишаст ва бо анҷоми корҳои нек ҷашнеро барпо мекард. Дар яке аз чунин маросим, ки ба сурати интиқодӣ ба рӯзи аввали фарвардин рост омада буд, тобидани нури хуршед дар тоҷи ин подшоҳ шӯру ғавғое дар миёни мардум барпо кард ва ҳама бо як овоз «Ҷамшед», яъне «бузургӣ дурахшид» гуён, садо баланд карданд ва аз ҳамон замон ин ном бар ӯ ниҳода шуд. Ҷамшед ин рӯзро ба хотири ин иттифоқи уфтода ва истиқболи мардум рӯзи нав ва муборак пиндошт. Аз он пас ҳар сол ин рӯзро ба унвони Наврӯз гиромӣ дошт. Бархе аз дигар сарчашмаҳо Каюмарсро поягузори Наврӯз медонанд.
Муҳаммад ибни Ҷарири Табарӣ ҷашни Наврӯзро рӯзи оғози додгарии Ҷамшед дониста, чунин гуфтааст: «Ҷамшед уламоро фармуд, ки он рӯз, ки ман биншастам бо золимон, шумо назди ман бошед, то ҳар чи дар ӯ доду адл бошад, бинмоед, то ман он кунам ва он рӯз, ки ба золимон нишаст, рӯзи ҳурмуз бувад аз моҳи фарвардин. Пас он рӯз расм карданд».
Таърихшинос Абусаид Абулҳайи Гардезӣ оид ба пайдоиши Наврӯз бар ин назар аст, ки Ҷамшед ҷашни Наврӯзро ба шукронаи ин ки Худованд гармову сармо ва бемориву маргро аз мардумон гирифт ва сесад сол бар ин ҷумла буд, баргузор кард. Ҳамчунин дар ҷойи дигар иброз медорад, ки ин рӯзро Наврӯз гӯянд, зеро ки сари сол бошад ва шаб бо рӯз баробар шавад ва сояҳо аз деворҳо бигзарад ва офтоб аз равзанҳо уфтад.
Абурайҳони Берунӣ дар асари худ «Ат-тафҳим» оид ба Наврӯз чунин овардааст: «Нахустин рӯз аст аз фарвардинмоҳ ва бад-ин ҷиҳат Наврӯз ном гирифта, ки оғози соли нав аст ва рӯзи шашуми фарвардинро ҷашни бузург ва Наврӯзи малик гӯянд».
Маҳз хусусиятҳои неки Наврӯз буд, ки 18 феврали соли 2010 дар ҷаласаи 64-уми Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳид, таҳти фасли 49, ки унвони «Фарҳанги ҷаҳон»-ро дорад, қарорномаи «Рӯзи ҷаҳонии Наврӯз» ба тасвиб расид. Дар қарорнома гуфта мешавад, ки ҳамасола дар тамоми ҷаҳон 21 март ҳамчун Рӯзи байналмилалии Наврӯз таҷлил гардад ва ин нияти хайр аз соли 2010 инҷониб дар тамоми сайёра бо шукӯҳу шаҳомати хосса таҷлил мегардад.
Воқеан, дар таърихи фарҳанги мардуми ориёӣ ҳеҷ як анъана ва расму оине чун ҷашни хуҷастапай ва фархундаи Наврӯз азизу арҷманд нест. Ин иди аҷдодӣ насли имрӯзро бо расму оин, арзишҳои ахлоқӣ, меҳру муҳаббат ва анъанаҳои неки ниёгон мепайвандад.
Чунончи ба мо маълум аст, ҷашни Наврӯз одобу русуми хоси худро дорад ва чун анъана дар овони Наврӯз мардуми ҳунарманду фарҳангсолори тоҷик ҳунарҳои дастии худ, аз қабили табақтарошӣ, гулдӯзӣ, тоқидӯзӣ, заргарӣ ва ғайраро фаъолона ба намоиш мегузоранд. Бо эълон гардидани солҳои 2019-2021 Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ шавқу рағбати ҳунармандон бештар ба ҷӯш омада, бо боварӣ метавон қазоват кард, ки ба ин васила анъанаву суннатҳои қадимии мардумии мо, хусусан дар ҷашни Наврӯз ба ҷаҳониён бештар муаррифӣ гардида, оламгир хоҳанд шуд.
Абдусалом Мирализода,
Директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон,
доктори илмҳои педагогӣ, профессор.