Фаъолияти пурсамари шуъбаи илми-таҳқиқотии Китобхонаи миллии Тоҷикистон

   Шуъбаи илмӣ-таҳқиқотӣ дар сохтори Китобхонаи Миллии Тоҷикистон (собиқ Китобхонаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абул­қосим Фирдавсӣ) соли 1969 таъсис ёфт. Тўли фаъолияти беш аз 40 солаи Китобхонаи миллии Тоҷикистон (яъне то соли 1969) дар ин ҷо китобу маҷмўа, дастурҳои библиографӣ, методӣ, таҳқиқотӣ, маълумотномаҳо, нишондиҳандаҳо, мақолаҳои илмию оммавии зиёд ба табъ расиданд, ки масоили китобхона гуногуни ба китобу китобхона марбутро баррасӣ менамуданд.

   Вазифаҳои асосии шўъбаи илмӣ- таҳқиқотӣ ба тариқи зерин муайян шуданд:

1. Коркарди мустақилонаи мавзўъҳои илмӣ оид ба масъалаҳои умдаи назарияю таърихи умури китобхона, библиографияшиносии миллӣ ва китоби тоҷик;

 2. Мадад расондан дар равнақи корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ба шўъбаҳои вобастаи (функсионалӣ)-и Китобхонаи давлатии Тоҷикистон;

3. Мутобиқат ва ҳамкорӣ дар риштаи фаъолияти илмию таҳқиқотӣ бо китобхонаҳои калони ҷумҳурӣ; 4. Расондани корҳои маслиҳатию машваратӣ, тарғибу ташвиқи донишҳои китобхонашиносию библиографияшиносӣ.

   Дар заминаи ин вазифаи аслӣ дигар ҳадафҳо, аз ҷумла корҳои методӣ, ба тартиб даровардани истилоҳоти китобдорӣ, ташкили меҳнат, ширкат дар конфронсу семинар ва дигар чорабиниҳо ба миён меомаданд. Фаъолияти се тан ходими аввалини шўъбаи илмӣ-таҳқиқотӣ (мудир Раҳимҷон Шаропов, китобшиносон Хуррам Раҳимов ва Антонина Ғоибназарова) аз сафари хизматӣ ба Маскав, Тошканд ва Рига шурўъ шуд. Онҳо таҷрибаи ҳампешагонро дар ин самт омўхта, қадамҳои нахустинро бобати таҳқиқи илмии масоили соҳа гузоштанд. Аз ҷумла, Р. Шаропов китоби «Давраҳои асосӣ ва қонунияти рушди библиографияи адабии тоҷик»-ро охири соли 1970 ба забони русӣ дар Китобхона ба табъ расонд. Х. Раҳимов таърихи тоинқилобии китоби тоҷикро мавриди омўзиш қарор дод ва як силсила мақолаи илмӣ ба хизмат овард. А. Ғоибназарова чанд мақола дар хусуси баъзе масъалаҳои иттилооти техникӣ навишт. Солҳои минбаъда бо ҷидду ҷаҳди кормандони шўъба маълумотномаи «Китобхонаҳои Тоҷикистон» (1978, мураттиб Л. Козырева), «Китоб ва хониш дар ҳаёти деҳоти Ҳисор» (1978, муаллиф Л. Козырева), «Китобдории Тоҷикистон. Таърихи китоб, матбуот, китобхонашиносӣ, библиографияшиносӣ» (1924-1974, нишондиҳандаи библиографӣ, 1980, муаллиф Л. Козырева), «Китобхонашиносӣ, библиография, Таърихи китоби тоҷик», (маҷмўаи мақолаҳо, 1981), «Китобхонаи ба номи Фирдавсӣ-50 сола», (маҷмўаи мақолаҳо, 1983), «Китоб дар равнақи маданияти сотсиалистии Тоҷикистон», (1984, муаллиф Л. Козырева), «Луғати русӣ- тоҷикии истилоҳоти китобдорӣ» (1985), «Рушди шабакаҳои китобхонаҳои оммавии Тоҷикистон дар марҳалаи ҳозира» (1986, муаллиф Б. Холов), «Проблемаҳои ташкилнамоӣ ва баландгардонии самаранокии хизмати китобхонавӣ ва библиографӣ ба аҳолии Тоҷикистон» (1986, маҷмўаи мақолаҳо), «Проблемаҳо ва дурнамои таъмини иттилоотӣ-библиографии иқтисод ва маданияти Тоҷикистон» (1989, маҷмўаи мақолаҳо), «Чӣ тавр дар китобхона таҳқиқоти сотсиологӣ бояд гузаронд», (1990, дастури методӣ), «Коршиносони Китобхонаи миллӣ» (солҳои 2003, 2006), «Ганҷинаи фарҳанг» (2004), «Кўлоби бостонӣ» (2006), «Тақвими ҷашн ва санаҳои РСС Тоҷикистон» (1970-1990), «Тақвими ҷашн ва санаҳои муҳими Тоҷикистон» (2012-2018) ва ғайра аз чоп баромаданд.

   Боиси қайд аст, ки Шуъбаи илмӣ- таҳқиқотӣ ҳамкорӣ  бо олимони факулта ва кафедраҳои китобхонашиносӣ ва библиографияшиносии Донишкадаи давлатии санъати ва фарҳанги Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода ҳамеша пурсамар мебошад. Фаъолияти пурсамари ин шуъба дар расонидани кумакҳои методӣ ба китобхонаҳои ҷумҳурӣ, баргузори таҳқиқотҳои сотсиологӣ беназир аст.

   Имрўз шуъбаи илмӣ- таҳқиқотӣ  на танҳо рамзи ифтихор, балки санади рахшони такомули пояҳои маънавии Китобхонаи миллии Тоҷикистон маҳсуб меёбад. Ҳамаи дастовардҳои ин шуъба аз меҳнати пурсамари ҳайати кормандонаш маҳсуб меёбад. Чун аз қуллаи баланди беш аз 40 сол ба гузашта назар афканем, заҳмати боазму ҳайати кормандони  пеши назар ҷилвагар мешавад. Бошад, ки ҳама анъаноти наҷиб бо рангу таровати тоза идома пайдо кунад. Бароям дар ин айёми бофараҳу хотирмон хеле хушу гуворост, ки кулли кормандони шуъбаи илми- таҳқиқоти ва ҳамаи алоқамандонашро бо  фарорасии фаъолияти зиёда аз 40-умин солгардашон  сами­мона муборакбод гуфта, ба онҳо дар корҳои илмӣ, ҳифзу нигаҳдорӣ ва тарғиби китоб чун чашмаи хушкнашавандаи донишу маърифат комёбӣ, фатҳу кушоиши тоза, равнақу  барор ва саодати рўзгор таманно дорам.

Ҷамил Валиев,

шуъбаи нигаҳдории  китоб

Барчаспҳо: