Нақш ва мақоми китоб баробари пешрафти босуръати ҷаҳони имрўза ҳамчун сарчашмаи таҳаввулоти маънавию фарҳангӣ ҳамвора боло меравад. Миллати сарбаланди тоҷик ба китобдорию китобхонӣ аз қадимулайём аҷр мегузошт ва қаламу дафтару девонро ҳамчун гавҳараки чашм эҳтиёт менамуд, барояш китоб бонги бедорию ҳушёрӣ буд. Тоҷикон онро беҳтарин ҳамнишину ҳамроз, сарчашмаи ақлу хирад, омўзгори беминнат мешуморанд, «аниси кунҷи танҳоӣ» ва «фурўғи субҳи доноӣ» медонистанд.
Ҳар гоҳе, ки шахс ба Китобхонаи миллии Тоҷикистон ворид мегардад, гўё ба дунёи зебою рангин ва сеҳрангези он ворид мешавад, ба он ҷойе, ки зиндагии мо аз он рушд бештар менамояд, ҳамеша азми ҷустуҷў ва мутоила меравем. Китобхонаи миллии Тоҷикистон кори сиёсатгузории китобхонаҳои кишварро дар сатҳи миллӣ зери назорат ва ҳимоят гирифт, барои ин манзур иқдомот ҷиҳати баровардани ниёзҳои рўзафзуни хонандагон, беҳбуди хадамоти библиографӣ, баррасии равишҳои ҷадиди китобдорӣ, тадвин ва такмили феҳристнависӣ, боло бурдани стандартҳои китобхонавӣ, шеваҳои нави гирдоварӣ ва ҳифзи манобеъ, беҳбуди мубодилоти мадорик бо китобхонаҳо ва созмонҳои хориҷи кишвар ва ғайра анҷом медиҳад.
Мавриди зикр аст, ки дар ғанӣ гардондани хазинаи Китобхонаи миллии Тоҷикистон мардуми мамлакат, корхонаю муассисаҳо саҳми муносиб гузоштанд. Бо мадади онҳо зиёда аз 2 миллион нусха китобу нашрияҳо ҷамъ омад ва теъдоди умумии хазинаи Китобхона ба беш аз 5 миллион расид.
Ин иқдом бори дигар аз аҷргузории мардуми фарҳангпарварамон ба анъанаҳои дерини китобдорию китобхонӣ шаҳодат дод. Имрўз баҳри коркарди адабиётҳои аз аҳолӣ воридшуда гурӯҳи корӣ аз ҳайати кормандони китобхона тартиб дода шуд, ки саҳми Девлохов Сайдҷафар ва Охунвалиева Гулбаҳор ҳамчун роҳбарони гурўҳи корӣ беназир аст.
Дар ин давра аз ҷониби гурӯҳи кори адабиётҳо мутобиқ ба соҳаҳо ва забонҳо ҷобаҷогузорӣ карда шуда истодааст. Фаъолияти пурсамари ин гурӯҳ дар коркарди адабиётҳои аз аҳолӣ воридшуда ва баҳри ғанигардонӣ фаъолияти фонди Китобхонаи миллии Тоҷикистон беназир аст.
Ҷамил Валиев, корманди шуъбаи нигаҳдори китоб.