Дар шароити кунунӣ, ки ҳама гуна иттилоъ мавқеъ ва қимати хосро дорост, мутахассисони соҳаҳои гуногун истифодаи техникаю технологияи электрониро ҷиҳати расидан ба ҳадаф хеле муҳим мешуморанд. Техникаи муосир имкон медиҳад, ки коркарди босифати иттилоъ бо суръати баланд анҷом ёфта, ба ин васила муштариён ба ахбори лозим дар муддати кӯтоҳ даст ёбанд. Табиист, ки китобхона чун маркази муҳими иттилоърасонӣ аз ин раванд наметавонад дар канор бошад ва он ҳадафу самтҳои фаъолияташро бо талаботи ҷомеаи иттилоотӣ созгор менамоял. Гузариш аз шеваҳои анъанавии иттилоърасонӣ ба усулҳои муосири автоматикунонии фаъолият барои китобхона ногузир аст.
Алалхусус, баробари китобҳои чопӣ арзи вуҷуд кардани китобхонаи электронӣ тағироти куллӣ дар самти хидматрасонӣ ба хонанда ворид намуд. Пешрафти босуръати технологияи муосир – алоқаи мобилӣ, телекоммуникатсия, компютер ва ғайра баробари иқтисоду иҷтимоиёт маҳаки рушди иттилоърасонӣ низ гардиданд.
Ахиран бо ибтикори кормандони Маркази такмили ихтисоси Китобхонаи миллии Тоҷикистон семинари илмӣ-амалӣ дар мавзӯи «Истифодаи навгониҳои технологияи муосир дар фаъолияти китобхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» доир гардид.
Баъди сухани ифтитоҳии ҷонишини Директори Китобхонаи миллӣ Салима Раҷабова доктори илми педагогӣ, профессор Сафар Сулаймонӣ, сармутахассиси Маркази таҳия нашр ва муомилоти китобҳои дарсӣ, илмию методии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳина Бобоева дар мавзуъи “Инноватикаи китобдорӣ дар контексти масъалаҳои назариявии фаъолияти китобхонаҳо” маърӯза карданд. Директори ПИТФИ, номзади илми педагогӣ, дотсент Шариф Комилзода оид ба “Равандҳои инноватсонии фаъолияти китобдорӣ-иттилоотӣ дар муҳити ҷаҳонишавии фарҳанг”, Меҳроҷ Комилов- мутахассиси пешбари Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар бораи таъсиси китобхонаҳои электронӣ дар Тоҷикистон, Рӯзигул Ҳасанова, корманди ПИТФИ оид ба истифодаи воситаҳои инноватсионӣ дар фаъолияти Пажӯҳишгоҳи илмӣ- тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот, Саломат Хайруллоева мудири китобхонаи илмии ДДТТ ба номи Абӯали Сино дар атрофи муҳити иттилоотӣ таълимии ДДТТ ба номи Абӯалӣ Ибни Сино суханронӣ карданд.
М.Каримов
Сардори Маркази
такмили ихтисос