“Ҷомеъ-ул-ҳикоят”- ро бихонед
Нашр шуд 2018-10-23 18:24
“Ҷомеъ-ул-ҳикоят” аз ҷумлаи пурхонандатарин асарҳои адабиёти классикии мост, ки асрҳо ба инҷониб миёни ҳаводорони каломи бадаеъ шӯҳрат дорад. Ин китоб дар Тоҷикистони замони Шӯравӣ, аниқтараш аввали солҳои 80 асри гузашта ба срилик баргардон ва комил чоп шуда буд. Нусхае, ки ин ҷо меорем, ҷили дуввуми китоби мазкур буда, соли 1981 дар нашрияти “Ирфон” интишор ёфтааст.
Китоб бо дархости хонандаи мо Соро Меликова ин ҷо гузошта мешавад. Соро Меликова дар тамос аз тариқи саҳифаи сомонаи мо дар Фейсбук аз мо хоҳиш намуд барои пайдо кардан ва мутолиаи “Ҷомеъ-ул-ҳикоят” ёрӣ расонем. Соро Меликова менависад, ки берун аз Тоҷикистон қарор дорад ва имкони рафтан ба Китобхонаи миллӣ надорад. Аз ин рӯ мехоҳад гузинаи электронии китобро мутолиа кунад.
Мо “Ҷомеъ-ул-ҳикоят”-ро ин ҷо мегузорем, то на танҳо Соро Меликова, балки ҳамаи хоҳишмандон аз он истифода кунанд.
Дарёфти китоб: Ҷомеъ-ул-ҳикоят