Наққоши садудаҳсолаи Тоҷикистон
Нашр шуд 2018-07-13 16:16
Рассоми машҳури замони Шӯравӣ, узви Иттиҳоди рассомони СССР, Ходими хизматнишондодаи санъати Тоҷикистони Шӯравӣ. Бо нашрияҳои давлатии Узбекистон низ ҳамкорӣ мекард, китобҳои кӯдаконаро оро медод. Аммо бештар тасвирҳояш дар мавзӯъҳои сиёсӣ буданд.
Зобнин Павел Васильевич 2 – июли соли 1908 дар Манаково, вилояти Киров таваллуд шудааст.
Ходими Хизматнишондодаи санъати РСС Тоҷикистон (1958). Аъзои КПСС аз соли 1942. Иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ солҳои (1941-1945). Зобнин техникуми заминсозӣ ва обёрии Вятка (1927-1931) ва Омўзишгоҳи рассомии Сталинободро (1953) хатм намудааст.
Фаъолияти эҷодиаш асосан соли 1936 оғоз меёбад. Бештар ба ороиши китобҳо, офаридани иллюстратсия ва асарҳои графикӣ машғул шудааст. Дар давраи гузариш ба алифбои русӣ Зобнин бо расму тасвирҳои ҷолиб китобҳои таълимии зиёдеро ороиш додаст. Дар ороиши асарҳои классикони адабиёти тоҷик, рус ва шӯравӣ низ ширкат варзидааст.
Офаридаҳояш обуранги миллӣ доранд. Хуб донистани адабиёти ҳазорсолаи тоҷик ба рассом имкон додаст, ки силсилаи «Классикони адабиёти тоҷик» (иборат аз 9 китоб, А. Рўдакӣ, У. Хайём, С. Насафӣ, Н. Хисрав, Бедил ва дигарон)-ро ба услуби хос моҳирона ороиш диҳад.
Зобнин як силсила асарҳои адибони тоҷик (М. Турсунзода, М. Миршакар, Ғ. Мирзо ва дигарон)-ро низ ороиш додаст. Зобнин яке аз муассисони Иттифоқи Рассомон Фонди бадеии он аст.
Аъзои Правления ва раиси Правленияи ИР Республика буд (1952-1953). Аз соли 1949 узви ИР СССР. Бо ордени «Нишони Фахрӣ», медалҳо ва Грамотаи Фахрии Президиуми Советии Олии РСС Тоҷикистон мукофотонида шудааст.
Ў соли 1984 дар шаҳри Душанбе аз олам гузаштааст.
Бозчоп аз «Энсиклопедияи Адабиёт ва санъати тоҷик». – 1988. – Ҷ. 1. – С. 471.
Муаллиф: Гаврилова, Р.
Аз Зобнин ва дар бораи ӯ дар Китобхонаи миллӣ метавонед ин мақолаҳоро бихонед:
Выставка произведений: Каталог выставки произведений П.В. Зобнина к 50-летию со дня рождения и 25 летию творческой деятельности. – Сталинабад, 1958. – 78 с.
Обсуждение новых картин: В секции живописи советских художников Таджикистана // Коммунист Таджикистана. – 1952. – 10 апреля.
Павел Зобнин: Художник-график // Таджикистан. – 1957. – №3. – С. 12.
Выставка произведений: Выставка произведений П.В. Зобнина. – Душанбе: Ирфон, 1973. – 27 с.
Таҳияи Насиба Дониёрова
корманди шуъбаи библиографияи миллӣ