“Баҳори Садриддин Айнӣ”. Чунин ном дошт маҳфили хотирмони “Ҳамешабаҳор”, ки ба 140-умин солгарди таваллуди Қаҳрамони Тоҷикистон, адиби барӯманд ва олими маъруф устод Садриддин Айнӣ бахшида шуда буд.
Макони баргузорӣ ҳам Боғи устод, аниқтараш Амфитеатри он интихоб шуд ва дар ҷамъе аз адибон, ҳунармандон, хонандагон ва ҳаводорони маҳфили “Ҳамешабаҳор” ҳузур ёфтанд. Мавзӯъи баҳс ҳам мушаххас буд: повести “Одина” ва қиссаҳои “Мактаби кӯҳна”.
Чун ҳама маҳфилҳои гузашта ин бор низ “Ҳамешабаҳор” рангину шавқовар гузашт. Ғуломзода Қурбон - Сардори раёсати Муассисаҳои фарҳангӣ фароғатӣ ва ҳунарҳои мардумӣ Вазорати Фарҳангӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сухани ифтитоҳии худ ҳозиронро хайрамақдам гуфт ва дар бораи маҳфил ва мавзӯъи баҳс дар он, ки ба ёдбуди устод Айнӣ бахшида шуда буд, ошно кард.
Садри маҳфил, шоири шинохта Хайрандеш буд ва бахши аввали он “Афрӯза”-ро оғоз намуд.
Ҳар равзаи маҳфил шавқовару диданӣ ва шуниданӣ буд. Як нақли шавқовар дар «Афроза», зарбулмасал дар «Афшина», шаркаханди “Афшона” ва ғайра ҳамагӣ ба ҳусни ин маҳфил ҳусни тоза зам мекарданд ва онро беш аз ҳадди интизор шавқовар менамуданд.
Бояд қайд кард, ки дар чорабинӣ ҳунарманди мумтоз Қобилҷон Зарипов бо писараш Комилҷон дар миёни ҳар бахши маҳфил бо сурудҳои дилангезу оҳангҳои марғуб хотири ҳаводорони суруду мусиқӣ ва шеърро шод мекард.
Дар маҳфил оид ба ҳафт бахши он ҳафт нафар ғолиб дониста шуданд ва барояшон тӯҳфаҳои хотиравиву 200 сомонӣ пул ҳадя шуд.
Шоҳҷоиза Ноутбук буд, ки он низ соҳиби худро пайдо кард.