Намоиши китоб ба рўзи гиромидошти устод Айнӣ
Нашр шуд 2018-04-10 12:59
Бо ибтикори Шӯъбаи тар-иб ва баргузории чорабиниҳои фарҳангии Китобхонаи миллӣ бахшида ба 140-умин солрӯзи бунёдгузори ададбиёти муосири тоҷик, Қаҳрамони Тоҷикистон устод Сабриддин Айнӣ намоиши китоб ташкил шуд.
Хоҳишмандон зарфи чанд рӯзи оянда имкон дорад бо китобҳои устоди сухан “Мактаби кӯҳна”, “Ғуломон”, “Одина”, “Дохунда”, “Марги судхӯр”, “Қаҳрамони халқи тоҷик Темурмалик”, “Ёддоштҳо” ва ғайра ошно шаванд.
Ҳамзамон бо ин китобҳои тозаншари «Марги судхӯр», «Мактаби кўҳна», “Одина”, “Энсиклопедияи насри муосири тоҷик” низ дар ин намоиш қобили мутолиа аст.
Дар ин намоиши китоб шумо ҳамчунин бо асарҳои бахшида ба фаъолияти эҷодии устод Айнӣ, пажуҳишҳои ахири донишмандони тоҷик ва хориҷи кишвар, аз ҷумла, китобҳои Худойназар Асозода, «Воқеият, сиёсат ва С.Айнӣ”, “Зиндагинома ва осори Садриддин Айнӣ”, И.С. Брагинский “Ҳаёт ва эҷодиёти Садриддин Айнӣ”, А. Маниёзов “Публитсистика ва назми устод С.Айнӣ”, Ҷ. Бақозода “Нависанда ва идеали замон”, Ш. Раҳмонов “Шеър ва Айнӣ”, Муҳаммадюсуф Имомов “Сужет ва тасвир дар насри Садриддин Айнӣ”, А. Маҳмадаминов “Айнишиносӣ ва замони ҳозира”, “Ҷаҳонбинӣ ва тафаккури бадеии Садриддин Айнӣ”, Х. Атахонова “Мукотибаи Садриддин Айнӣ ва Абулқосим Лоҳутӣ”, “Ҷашнномаи Айнӣ”, Ю.И.Бобоев “Садриддин Айнӣ” Аламхон Кучаров “Таҳрири адабӣ ва фаъолияти муҳарририи С. Айнӣ” шинос шавед.
Фарзонаи МИРЗО
Расми Хусрави Милод