Даҳ моҳи бемодарӣ...

Даҳ моҳ аст, ки бемодарам. Ва имрӯз, ки зодрӯз дорам, беихтиёр ёди модар кардам. Аслан ёди модар на якрӯзиву дурӯзист. Муддати ин даҳ моҳ, ки вуҷудашро, сояашро намебинам, ҳарфашро намешунавам, садояш ба гӯшам намерасад, мисли он ки чизе гум кардаму ҳеч намеёбам. Оре, ин модар будааст он ганҷе, ки инсон гум кардаву дигар ҳаргиз намёбад. Ман ҳам ин даҳ моҳ ганҷ гум кардам ва меҷӯяму намеёбам.

Имрӯз зодрӯзам аст, зодрӯзе, ки тӯли 27 сол бо модар ҷашн мегирифтем. На ман, балки ӯ талош мекард бо баҳонаи ҳамин зодрӯз гирди як дастурхони хоксорона ороёфта бо ҳам биншинем. Солҳои бачагӣ шояд чандон эҳсос намекардам, вале баъде ки ба балоғат расидам, ин лаҳзаҳо дақиқа ба дақиқа дар хотирам монд. Ҳоло, ки ин рӯзро бори аввал бе модар таҷлил мекунам, хотираҳоям тоза мешаванд, мехоҳам боз ҳам модарам бошад гирди ин дастурхон. Вале нест ӯ, набуданаш сахт эҳсосшаванда аст, мехоҳам ӯ бошад ва бо ӯ бошам. Вале нест ӯ...

Ҳамеша мегуфтам, ки модарҷон, оё намешавад рӯзи валодати ман як рӯз пеш ё як рӯз пас бошад, вале на 8-уми март. Механдид ва мегуфт: 

 – Отаҷон (ӯ маро баъзан бо навозиш чунин меномид) ҳар вақте, ки зодрўзатро ҷашн мегирӣ, баробари он ин рӯзро чун рӯзи модарат ҳам хоҳӣ донист. 

Модарам медонист, ки замоне ман зодрӯзамро бе ӯ ҷашн мегирам ва мегуфт бо баҳонаи 8-уми март маро ҳам ёд меорӣ. Куҷо медонад, ки даҳ моҳ инҷониб қатраи об бе ёди ӯ аз гулӯям намегузарад.

Умр вафо накард, модарам ҷавону нозанин аз олам рафт. Рафт ва садҳо доғ дар қалби фарзандонаш гузошт. Рӯзу соатҳоро ҳисоб мекунам ва ҳоло 10 – моҳ, 38 – ҳафта, 260 – рўз, 6240 – соат, 374 ҳазору 400 – дақиқа мешавад, ки ман аз меҳру муҳаббат ва навозишҳои модарам маҳрумам. На танҳо ман, балки хоҳараконам низ. Медонам, онҳо бештар аз ман ба навозиши модар ниёз дорад, чун ба сол хурданд, бори ғами рӯзгор ногаҳон ба шонаҳояшон фуруд омад.

Ба ин муносибат чанд байти шогирдона ҳам гуфтам, вале чун чашмам ба шеъри Зафари Сӯфӣ уфтод, он мисраҳои шигирдонаи худро як сӯ гузоштам ва ин шеърро овардам. Ин шеърест, ки образи ҳар модарро дар худ таҷассум мекунад ва он танҳо симои модари муаллиф нест, балки чеҳраи ҳамаи модарон аст, аз ҷумла симои модари ман низ.

Чун ҳамаи модарон табиатан шоиранд...

МОДАРИ МАН ШОИР АСТ

Модари ман шоир аст,
Шоири шеъри сапеди зиндагй,

Шоири яктову беҳамтои даҳр,
Ҳар каломаш шеъри нотакрори меҳр.

Ман зи тифлӣ

Ҳамраҳи шири сапеди модарам
Шеъри лолоӣ бикардам нӯши ҷон,

Пеш аз хоб

Мисли ин сарводаи бедориро:

"Бачаҷони ман, калон шав,

Чораи бечорагон шав,

Ростгӯву рострав бош,

Худшиносу хушзабон шав,

Бод имони ту маҳкам,

Сахткӯшу меҳрубон шав."

 

Ман суруди нарму мавзуни қадамҳои варо

Аз миёни кӯчаҳои хотиротам бишнавам ҳар соате,

ки ба ҳар як хонаи ҳамсояҳои солманд

бар аёдат меравад.

 

Дастҳои модари ман шоир аст,

То кунун ҳар шаб ба хобам мерасад

Дафтари шеъри таре аз сабзаву гулҳои рангоранг рӯи ҳавлимон.

 

Шеъри дасти модари ман маззаи серӣ диҳад

Бӯи нони тозае, ки берун орад аз танӯр.

 

Ҳеч шеъре

мисли ҳарфи модарам нест

Шеъри мавзуни навозиш

Бас сафобахшу равону бар равон оромбахш.

 

Ман надидам ҳеч шеъреро ба мисли ҳарфҳои модари худ

бас самимӣ, сода, саҳли мумтанеъ.

 

Шеър ҳар як ҳарфҳои модарон аст.

Ин ҳама саршор аз ишқу садоқат,

чашмаи оби ҳаёти ҷовидон аст.

 

Ман хиҷолат мекашам

Ҳарфи манзуми маро гар шеър мегӯяд касе,

Ё маро шоир бихонад.

 

Ҳарфҳои модари ман шеърҳои беназир аст,

Модари ман шоир аст.

Абдуғаюр Саломов
Шӯъбаи маркетинг ва менеҷменти
фаъолияти китобдорӣ
.