Ёде аз сарояндаи номдор Рафаэл Толмасов
Рафаэл Толмасов аз ҷумлаи маъруфтарин чеҳраҳои ҳунари кишвар буд. Сарояндаи хуби опера, яккахони бомаҳорат, донандаи сози классикӣ. Аз таваллудаш 95 сол мегузарад. Ҳоло ҳам таронаҳои ӯ пуршунавандатарин таронаҳоянд.
Толмасов Рафаэл Михайлович сароянда, солисти яҳудитабор 24 феврали соли 1923 дар шаҳри Самарқанд ба дунё омадааст. Овозаш баритони лирикӣ-драматикӣ аст. Артисти Халқии РСС Тоҷикистон (с.1968). Иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941-1945). Фарзанди сароянда, навозанда ва оҳангсози яҳудии Тоҷикистон Михаил Толмасов мебошад.
Солҳои 1934-1936 дар Комбинати мусиқӣ-бадеии шащри Душанбе таҳсил намуда, Техникуми театрии ба номи А. Лоҳутии ш. Тошканд (с.1939) ва Студияи опера ва сайқали ҳунари актёрии назди Театри давлатии опера ва балети ба номи С. Айниро (таҳти сарпарастӣ ва устодии Е. И. Прокофйев, с.1940) хатм кардааст.
Ў аз хурдсолӣ ба санъати мусиқӣ дилбастагӣ дошта, аввалҳо бештар дойра менавохт, баъдтар ба санъати сарояндагӣ рағбат пайдо кард ва дар 10-солагиаш бори нахуст дар спектакли мусиқӣ-драмавии «Наҷот» (оҳангсоз М. Толибов, либреттои М. Бегаев) баромад кардааст. Рафаэл Толмасов аз соли 1940 то кўчиданаш ба Исроил (солҳои 90-и асри XX) дар саҳнаи Театри давлатии академии опера ва балети тоҷик ба номи С. Айнӣ ҳунарнамоӣ намуд. Оғози ҳунарнамоии расмӣ ва мустақилонааш арияи Нозим аз операи «Шўриши Восеъ»-и С. Баласанян (с.1940) мебошад. Вай дар давоми фаъолияти эҷодиаш бештар аз 80 партияро аз операҳои машҳури рус, хориҷа ва миллии тоҷик иҷро карда, санъати баланд ва ҳунари беназирашро ҷилва дод. Як қатор симоҳои офаридаи ў аз тарафи мутахассисони санъати мусиқии шўравӣ ва хориҷ баҳои сазовор гирифтаанд. Хусусан нақшҳои Силвио («Масхарабозон»-и Р. Леонкавалло, с.1948), Шарплес («Чио-чио сан»-и Ҷ. Пуччини, с.1948), Елеский Онегин («Моткаи қарамашоқ» ва «Евгений Онегин»-и П. Чайковский, с.1949, с.1950), Валентин («Фауст»-и Ш. Гуно, с.1952), Жермон Амонасро («Травиата» ва «Аида»-и Ҷ. Верди, с.1952, с.1954), Сулаймон («Аршин мол-олон»-и У. Ҳоҷибеков, с.1955), Скарпиа («Тоска»-и Ҷ. Пуччини, с.1955), Яго, граф ди Лун, Ренато («Отелло», «Трубадур» ва «Бал-маскарад»-и Ҷ. Верди, с.1966, с.1972, с.1985) ва монанди инҳо аз беҳтарин офаридаҳои ин ҷанбаи Рафаэл Толмасов мебошанд. Ў махсусан дар ташаккул ва такмили операи миллии тоҷик хизмати босазо карда, беҳтарин анъанаҳои санъати операи рус ва ҷаҳониро барои офариниши арияҳои миллӣ ба кор бурдааст. Нозим, Шаҳрубон («Шўриши Восеъ» ва «Коваи оҳангар»-и С. Баласанян, с.1945), Собир, Тоҳир («Арўс» ва «Тоҳир ва Зўҳро»-и А. Ленский, с.1947), Пўлод («Пўлод ва Гулрў»-и Ш. Сайфиддинов, с.1956), Салим («Домоди номдор»-и С. Урбах, с.1961), Содиқ («Бозгашт»-и Я. Сабзанов, с.1967), Шерак («Афсонаи Шерак»-и С. Ҳамроев, с.1970), Баҳодур («Лаънаткардаи халқ»-и Д. Дўстмуҳаммадов, с.1973), Акбар («Рўдакӣ»-и Ш. Сайфиддинов, с.1976), Раҳимбек, Наврўзбек («Сарбозони халқ» ва «Қишлоқи тиллоӣ»-и Д. Дўстмуҳаммадов, с.1984, с.1986) ва партияҳои амсолашон аз операҳои миллии тоҷикӣ намунаи такомули ин навъи санъати мардуми тоҷиканд.
Рафаэл Толмасов ҳамчунин сарояндаи хушовози суруду романсҳои оҳангсозони тоҷик буда, ба 16 забони халқҳои собиқ СССР ва шарқи хориҷӣ месароид. Иштирокчии Даҳаи санъати тоҷик (с.1941) ва Даҳаи адабиёт ва санъати тоҷик дар Москва (с.1957) буд. Вай дар саҳнаи театрҳои калонтарини Иттифоқи Шуравӣ – Москва, Ленинград, Рига, Минск, Киев, Тошканд, Алма-ато, Фрунзе, Свердловск ва ғайра ҳунарнамоӣ карда, ба Дания, Англия, Фаронса, Италия, Юнон, Туркия, Тунис (с.1961), Афғонистон (с.1962), Булғория, Чехословакия, Венгрия, Руминия (с.1980) сафарҳои эҷодӣ доштааст. Бо ордени «Нишони Фахрӣ», ордени Шараф (дараҷаи 3), медалҳо ва Грамотаи Фахрии Президиуми Совети Олии РСС Тоҷикистон мукофотонида шудааст.
Бозчоп аз «Энсиклопедияи адабиёт ва санъати тоҷик». – Душанбе. – 2004. – Ҷ. 3. – С. 213.
Дар бораи Рафаэл Толмасов дар Китобхонаи миллӣ ин матолибро метавонед суроғ кунед:
Толмасов, Р. Орзуи баамаломада [Матн]: Нақли Артисти халқии РСС Тоҷикистон Рафаэл Толмасов // Тоҷикистони советӣ. – 1971. –14 май.
Сорокина, И. Рафаэль Толмасов. – Душанбе: Ирфон, 1983. – 46 с.
Ғоиб, С. Оҳангҳои дилпазир [Матн]: Шаби эҷодии Артисти хизматнишондодаи РСС Тоҷикистон Р. Толмасов // Тоҷикистони советӣ. – 1963. – 17 май.
Абдуллоев, Х. Шаби эҷодии артисти бомаҳорат [Матн]: 3 октябр дар Театри опера ва балети ба номи С. Айнӣ бахшида ба 25-солагии фаъолияти эҷодии Артисти хизматнишондодаи РСС Тоҷикистон Р. Толмасов консерти ҳисоботии ў барпо гардид // Тоҷикистони советӣ. – 1964. – 6 октябр.
Аз Комитети мукофотҳои давлатии ба номи Рўдакии РСС Тоҷикистон дар соҳаи адабиёт, санъат ва меъмории назди Совети Вазирони РСС Тоҷикистон [Матн]: Мукофот ба Рафаэл Толмасов // Тоҷикистони советӣ. – 1970. – 12 март.
Низомов, Ш. Камолоти истеъдод [Матн]: 50-солагии Артисти Халқии РСС Тоҷикистон Рафоэл Толмасов // Маориф ва маданият. – 1973. – 30 июн.
Низомов, А. Тақдири театр – тақдири ҳофиз [Матн]: Артисти Халқии РСС Тоҷикистон Рафаэл Толмасов // Маориф ва маданият. – 1977. – 24 декабр.
Қаландаров, Б. Яккахони овозадор [Матн]: Дар бораи Артисти Халқии РСС Тоҷикистон Рафоэл Толмасов // Ҳақиқати Ўзбекистон. – 1983. – 18 январ.
Ҳасанова, Л. Ҳофизи номдори опера [Матн]: Рафоэл Толмасов ба муносибати 60-солагии зодрўзаш // Маданияти Тоҷикистон. – 1983. – 25 феврал.
Низомов, Ш. Шасти камолот [Матн]: 60-солагии Артисти Халқии РСС Тоҷикистон Рафоэл Толмасов // Газетаи муаллимон. – 1983. – 26 феврал.
Нурҷонов, Н. Камолоти ҳофиз [Матн]: 60-солагии Артисти Халқии Тоҷикистон Рафоэл Толмасов // Тоҷикистони советӣ. – 1983. – 27 феврал.
Натанов, М. Санъаткори писандида [Матн]: 60-солагии Артисти Халқии ҷумҳурӣ Р. Толмасов // Комсомоли Тоҷикистон. – 1983. – 2 март.
Аникиенко, В. Мукофоти ҷанговар [Матн]: Артисти Халқии РСС Тоҷикистон, овозхони Театри опера ва балети ба номи С. Айнӣ Р. М. Толмасов // Адабиёт ва санъат. – 1985. – 25 июл.
Ҳусейнов, М. Офарандаи образи қаҳрамони халқ [Матн]: Суҳбат бо Артисти халқии РСС Тоҷикистон Р. Толмасов // Роҳи ленинӣ. – 1988. – 4 май.
Исҳоқов, Б. Дўстӣ ва рафоқат [Матн]: Доир ба Артисти Халқии РСС Тоҷикистон Рафоэл Толмасов // Адабиёт ва санъат. – 1989. – 28 сентябр.
Исҳоқов, Б. Ҷанговар ва ҳофиз [Матн]: Дар бораи Артисти Халқии Тоҷикистон Рафаэл Толмасов // Адабиёт ва санъат. – 1990. – 15 март.
Ҳусейн, М. Ним аср дар як театр [Матн]: Нақл дар бораи Артисти Халқии ҶШС Тоҷикистон Рафаэл Толмасов // Тоҷикистони советӣ. – 1990. – 28 март.
Абдуллоев, Х. Тақдири актёри даҳсола [Матн]: Роҷеъ ба фаъолияти актёрии Рафаэл Толмасов // Адабиёт ва санъат. – 1991. – 31 январ.
Таҳияи Истампулод Ормонов
корманди шуъбаи
библиографияи миллӣ