Чеҳраи ошно
Оре, ин чеҳра ба ҳамагон ошност. Бахусус, барои онҳое, ки пайваста ба театр мераванд ва ё намоишҳои театриро дар шабакаҳои телевизион тамошо мекунанд. Гулсара Абдуллоева бо офаридани образҳои мондагор дар ёди хотири мухлисонаш нақш бастааст. Ҳар нақше офарида худ сарнавишти нотакрорест. Ва Гулсара Абдуллоева аз ҷумлаи муваффақтаринҳо дар офариниши образи модар аст.
Абдуллоева Гулсара Сангиновна 2 феврали соли 1948 дар деҳаи Шаҳринави ноҳияи Ҳисор ба дунё омадааст. Соли 1971 Институти давлатии санъати театрии ба номи Луначарскии (ГИТИС)-и Москваро хатм намудааст. Аз соли 1971 актрисаи Театри давлатии ҷавонони ба номи М. Воҳидов шуда кор кардааст.
Гулсара Абдуллоева ҳунармандест, ки образҳоро соддаву самимӣ ва бо маҳорати баланд меофарад. Дар саҳнаи театр бештар аз 70 нақш офаридааст, ки беҳтарини онҳо Сайёрахонум “Робияи Балхӣ”-и А. Атобоев (1974), Васса Железнова “Васса Железнова”-и М. Горкий (1976), Модар “Сурўши Сталинград”-и Ш. Қиёмов (1982), Судя-модар “Арўс ва домод”-и М. Байҷиев (1983), Попоян “Ҳамин тавр ҳам мешавад”-и В. Назаров (1985) ва ғайра мебошанд.
Гулсара Абдуллоева махсусан образи модаронро хуб ва табиӣ офарида, меҳру муҳаббати бепоён ва олами бузурги маънавии онҳоро бо маҳорати баланд мекушояд. Мисоли равшани ин симои модар аз песаҳои “Умеди барбодрафта”-и Г. Гейерманс (1971) ва “Модар”-и К. Чапек (1975) ва ғайра шуда метавонанд.
Гулсара Абдуллоева дар намоишҳои театрии телевизион иштироки фаъол дорад. Актрисаи соҳибистеъдоди кинои тоҷик низ мебошад. Ў дар филмҳои тоҷик бештар аз 40 нақш бозидааст: Гулшан (“Чор нафар аз чорсанг” 1972 коргардон М. Қосимова), Ойиша (“Ҳеҷбудагон” 1973 коргардон Т. Собиров), Гулбаҳор ва модар (“Холи сари пайроҳа” ва “Шераки ҷасур” 1975, 1976 коргардон М. Маҳмудов), Хосият ( “Ҷумъаи ҳафтум”, 1979 коргардон Овчаренко), модар (“Ў хушдори ман аст”, 1985, коргардон М. Қосимова) ва ғайра.
Соли 1999 бо Фармони Президенти ҶТ бо унвони фахрии “Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон” сарфароз гардонида шуд.
Бозчоп аз “Энсиклопедияи Адабиёт ва санъати тоҷик”. – Ҷ. 1. – С. 14.
Муаллиф: М. Ҷўрабеков
Дар бораи Гулсара Абдуллоева дар Китобхонаи миллӣ ин матолибро метавон мутолиа кард:
Давлатова, Р. Гулсараи мо: Ҳунарпешаи Театри давлатии ҷавонони ба номи М. Воҳидов Абдуллоева Гулсара // Пионери Тоҷикистон. – 1976. – 7 март.
Хоҷаев, М. Ҷавониву талоши орзуҳо: Дар бораи актрисаи Театри ҷавонон Гулсара Абдуллоева // Маориф ва маданият. – 1979. – 1 январ.
Шарифова, Б. Парвози орзу: Роҳи эҷодии актрисаи Театри давлатии ҷавонон ба номи М. Воҳидов Гулсара Абдуллоева // Маданияти тоҷик. – 1981. – 7 июл.
Ҳомидов, Қ. Гулсара: Аз фаъолияти ҳунарпешаи Театри ҷавонони ба номи М. Воҳидов Г. Абдуллоева // Занони Тоҷикистон. – 1981. – №11. – С. 19.
Афзалов, Ш. Сайқали ҳунари Гулсара Абдуллоева аз Театри ҷавонони ба номи М. Воҳидов // Комсомоли Тоҷикистон. – 1983. – 14 январ.
Иброҳимов, И. Ҷилои нақш: Аз ҳаёти Артисти Хизматнишондодаи РСС Тоҷикистон Гулсара Абдуллоева // Адабиёт ва санъат. – 1985. – 21 март.
Айём, Н. Нақшҳое дар дил: Ба муносибати ҷашни камолоти ҳунарпешаи маъруфи театру кино Гулсара Абдулоева // Садои мардум. – 1998. – 12 ноябр.
Абдуллоева, Г. Мехоҳам нақши модарони хушбахтро биофарам: Мусоҳибаи П. Ҷаҳонгир бо Ҳунарманди шинохта Гулсара Абдуллоева // Чархи гардун. – 1999. – №45. – С. 9.
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи сарфарозгардонӣ бо унвони фахрии “Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон” ба Абдуллоева Гулсара, Ҳунарманди Театри ҷавонони ба номи М. Воҳидов // Садои мардум. – 1999. – 23 сентябр.
Қодирдўхт, Б. Театр ҳам бизнес аст: Мусоҳиба бо ҳунарманди театр Гулсара Абдуллоева // Чархи гардун. – 2005. – 18 феврал.
Таҳияи Бибикубрия Қурбонова
корманди шуъбаи
библиографияи миллӣ