Абулҳусайни Тавфиқ соли 1297 (1918) дар шаҳри Қандаҳори Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дида ба ҷаҳон кушод. Соли 1329 ба Кобул омада, ба доираи адабии он пайваст. Бинобар он ки ашъори ватандўстонаву зидди истибдод мегуфт, соли 1330 дар шумори рўшанфикрони зиёде ба зиндон афтод. Баъдан дар бахши бойгониву нашароти миллӣ кор кард.
Барандаи Ҷоизаи адабии Ҳаким Носири Хусрав мебошад. Соли 1370 аз олам даргузашт.
Ин се шеър аз маҷмуъаи “Баёзи меҳр”, ки соли 2005 дар шаҳри Душанбе чоп шудаву чанд нусха аз он дар бойгонии Китобхонаи миллӣ маҳфуз аст, аз ӯст:
Дасти дуо
Як лаҳза ғофил аз ту нагаштам, вафо бибин!
Як раҳ маро ту ёд накардӣ, ҷафо бибин!
Ҳоле ба пурзае нанавиштам, адаб нигар,
Оҳе ба номае накашидам, ҳаё бибин!
Овозаат ба чарх расондам, бирав бипурс,
Худ дар ғамат ба хок нишастам, биё бибин!
Мурдам зи ишқу бар сари роҳат наомадам,
Ҳиммат нигар, ғурур нигар, иддао бибин!
Бар ман зи санги кўчагиёнат ситора рехт,
Бар боми худ чу моҳ баро, моҷаро бибин!
Пинҳон зи хештан ба дили ман саре бизан,
Он ҷо шиёри зулфи худу ҷои по бибин!
Гуфтам чу қомати ту шавад иззатат баланд,
Боло нигар, баландии дасти дуо бибин!
Бад кардаӣ, ки чашм ба чашмам наафканӣ,
Ё раб, туро кӣ гуфт, Тавфиқро бибин?!
Гадои ишқ
Наё, наё, ки маро бо ту ошноӣ нест,
Бирав, бирав, ки маро шиква аз ҷудоӣ нест.
Тамоми даъвии якрангиат дурангӣ дошт,
Тамоми дўстиат ғайри худнамоӣ нест.
Зибас тасаннуъу ранг аз ту дидаам ба худо,
Дар ин гапам, ки туро холи лаб худоӣ нест.
Кафи ниёзи маро коинот дар мушт аст,
Гадои ишқ сарафканда аз гадоӣ нест.
Кадом дил, ки ба дарюзаи Худо наравад,
Кадом дида, ки муҳтоҷи рушноӣ нест?
Маро ба тарки ту гуфтан зарур буд, зарур
«Ҷудоие, ки зарурист, бевафоӣ нест»!
Нанги дўстӣ
Гар гуфта, ки бишканем пояш,
Ман пой намекашам зи доман.
В-ар тез намуда теғ бар мо,
З-ин баъд намекашем гардан.
Нанг ин набувад, ки бар сари дўст
Дар ҷанг нарондаем тавсан,
Ин нанг бувад, ки дўст бо дўст
Душман гардад ба коми душман!
Таҳияи Дилороҳ Сайдамирова
корманди шуъбаи
библиографияи миллӣ