Ҷӯра Ҳошимӣ аз муваффақтарин адибони кӯдакнависи Тоҷикистон аст. Адибе, ки ҳамвора талош кардааст барои кӯдакон шеърҳояшро дар ҳамкорӣ бо оҳангсозони маъруф ба оҳанг дароварад.
Дар муаррифиномаи Иттифоқи нависандагон мехонем:
ҶӮРА ҲОШИМӢ 9 январи соли 1948 дар ҷамоати Пӯлодони ноҳияи Конибодом таваллуд ёфтааст. Маълумоти миёнаро дар мактабҳои Конибодом гирифта, соли 1971 факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленинро хатм кардааст.
Фаъолияти касбии Ҷӯра Ҳошимӣ ба ҳайси мусаҳҳеҳ дар Нашриёти давлатии «Ирфон» оғоз ёфта, минбаъд ҳамчун муҳаррири Идораи барномаҳои мусиқии Кумитаи давлатии телевизион ва радиошунавонии Тоҷикистон, мудири бахши адабиёт ва санъати рӯзномаи «Пионери Тоҷикистон» («Анбоз»-и имрӯза), котиби масъули маҷаллаи «Чашма» ва сардабири ҳафтаномаи ҷумҳуриявии мактаббачагон – «Гул-гул», адои вазифа кардааст. Аз соли 1991 мушовири бахши адабиёти кӯдакону наврасони Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст.
Чакидаҳои хомаи ӯ дар матбуоти даврии ҷумҳуриявӣ аз соли 1965 ба табъ расида, ҳамчун шоир ба майдони адабиёт аз оғози солҳои 70-уми асри гузашта ворид гардидааст. Китобҳои ашъори ӯ «Соябони садранга» (1980), «Офтобак» (1986), «Ман Алифбо мехонам!» (бо ҳамқаламии А.Баҳорӣ, 1994), «Нинӣ бапо шуд» (1998), «Аз як-як то лак-лак» (2000), «Кулча чаро ширин аст?» (2000), «Ман ба куҷо медавам?» (бо забони русӣ, 2000), ««Ре» мегӯям ман бурро!» (2003), «Рӯзи нав» (2004), «Чаро шамолак вазид?» (2008), «Баччаҳову кӯчаҳо» (2008), «Мусиқии хомӯшӣ» (2012) ва ғайра дар пешрафти адабиёти кӯдакон ва тарбияи насли наврас мақоми шоён доранд.
Силсилаи ашъори ватандӯстонаи ӯ «Хатти амонӣ» (1989) раҳовардест аз даврони аскарӣ, ки дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Шӯравӣ, анҷом додааст.
Ҳамроҳи оҳангсозони шуҳратманди ҷумҳурӣ, монанди Ш. Сайфиддинов, Ҷ. Охундзода, Қ. Яҳёзода, Х. Абдулло, З. Зулфиқоров, З. Миршакар, Ҷ. Обидпур ва дигарон барои кӯдакону наврасон як қатор сурудҳои ҷолиб офаридааст.
Намунаҳои эҷодиёти ӯ ба китобҳои дарсии мактабҳои ҳамагониву донишкадаҳои олӣ ворид гаштаанд. Беҳтарин шеърҳояш ба забонҳои гуногуни дунё тарҷума шудаанд ва худи ӯ дар баргардони ашъори шоирони халқҳои гуногуни ҷаҳон ба тоҷикӣ саҳми арзанда дорад.
Барои дастовардҳои эҷодӣ ва фаъолияти густардаи фарҳангӣ сазовори нишонҳои фахрии «Аълочии маорифи Тоҷикистон» (1982), «Аълочии фарҳанги Тоҷикистон» (2009), Ифтихорномаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (1994), Медали тиллои Хазинаи сулҳи Иттиҳоди Шӯравӣ (1998), медали «Хидмати шоиста» (2003) ва Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ (2012) гардидааст.
Аз соли 1990 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст.
Аз Ҷӯра Ҳошимӣ дар Китобхонаи миллӣ ин асарҳо ва шеърҳоро метавонед суроғ кунед:
Бачаҳову кучаҳо. – Душанбе: Адиб, 2008. – 272 с.
Се додаракон буданд. – Душанбе: Адабиёти бачагона, 2015. – 60 с.
Чаро шамолак вазид. – Душанбе: Маориф. – 2015. – 16 с.
Манзара: Шеър // Наврўз муборак. – Душанбе, 1985. – С. 149.
Ба деҳа найчӣ омад; Пешпохўрак: Шеърҳо // Пионери Тоҷикистон. – 1971. – 28 апрел.
Алифбои зинда: Шеър // Пионери Тоҷикистон. – 1976. – 29 декабр.
Ширин суруд мехонад; Дар баландӣ: Шеърҳо // Пионери Тоҷикистон. – 1976. – 21 ноябр.
Бозор; Пазмонӣ; Навозиш: Шеърҳо барои бачаҳо // Садои Шарқ. – 1983. – №11. – С.97-98.
Раҳмат ба ту, тобистон: Шеър // Тоҷикистони советӣ. – 1986. – 31 август.
Манзара; Дили ман; Сўҳбат; Вақт: Шеърҳо // Пионери Тоҷикистон. – 1991. – 8 июн.
Қиссаи як гандахўр: Шеър // Машъал. – 1992. – №9-10. – С.15.
Додарҷон; Хушнавоз: Шеърҳо // Адабиёт ва санъат. – 2000. – 19 май.
Фардои дурахшон; Шаҳри сафо; Шеърҳо // Паёми Душанбе. – 2014. – 8 октябр.
Ҳошимӣ, Ҷ. Адабиёти кўдакон ояндаи дурахшон дорад: Сўҳбати рўзноманигор Валиҷон Баёнӣ бо мудири шўъбаи адабиёти кўдакон ва наврасони Иттифоқи нависандагон, Шоири хақии Тоҷикистон Ҷўра Ҳошимӣ // Ҷавонони Тоҷикистон. – 2014. – 23 январ.
Таҳияи Саодат Қодирова
корманди шуъбаи
библиографияи миллӣ