Дар ғариби ҷон ба сахтӣ медиҳад мискин Камол,
Во ғарибӣ,во ғарибӣ, во ғарибӣ, во ғариб.
Иқтибосе аз машҳуртарин ғазали Хоҷа Комоли Хуҷандӣ. Камолиддин Масъуди Хуҷандӣ— маъруф ба Шайх Камол аз орифон ва шоирони порсигӯи садаи XIV милодӣ буд. Дар Хуҷанд зода шуд, вале дар Табрез фавтид. Аз шуароест, ки сафаркарда. Баъди як сафари ҳаҷ дигар ба зодгоҳаш барнагашт. Ҳатто аз асорати Тухтамишхон озод шуд, вале ба Табрез рафт ва онҳо охирин солу моҳу рӯзи умрашро гузаронд.
Камоли Хуҷандӣ дар соли 1321 дар шаҳри Хуҷанд дида ба ҷаҳон кушодааст. Ҷавонияш дар зодгоҳаш гузашта ва маълумоти ибтидоиро низ дар он ҷо омӯхтааст. Сипас таҳсили улумро дар шаҳрҳои Самарқанду Шош давом додааст. Вай дар ҳузури устодон аз китоби машҳури Саккокӣ «Мифтоҳ», ки дар он айём асоси таълими забон ва адабиёт ба шумор мерафт, «Алкашшоф»-и Замахшарӣ, «Матолеъ», «Мисбоҳ» ва ғайра дарс омӯхтааст. Камол яке аз донишмандони бузурги замони худ буд.
Камоли Хуҷандӣ пас аз сафари ҳаҷ ба Макка, дар шаҳри Табрез монд ва дигар ба зодгоҳаш барнагашт. Вай дар Табрез зиндагии ороме ёфта ва вопасин рӯзҳояшро низ дар ин шаҳр гузарондааст. Ба дастури султон Увайс барои шоир дар доманаи хушбоду ҳавои Волиёнкӯҳ хона ва боғ сохта шуд ва хонагоҳи Камоли Хуҷандӣ маҷлисгоҳи шоирону орифон шуд.
Шайх Камоли Хуҷандӣ ҳангоми тохтутози Тӯхтамишхон ба Табрез ҳамроҳ бо дигар асирону ғаниматҳо ба шаҳри Сарой бурда шуд ва чаҳор (ё ёздаҳ) сол дар он шаҳр монд. Асорату ғурбатро бо ёди Табрезу дӯстони табрезияш ба сар бурд ва ниҳоят дубора ба Табрез баргашт.
Камоли Хуҷандӣ соли 1401 дар Табрез даргузашт ва дар боғаш ба хок супорда шуд. Дар канори оромгоҳаш нигоргарон Камолиддин Беҳзод ва Султон Муҳаммад Наққош ва шоирон Машрабии Шервонӣ ва Тусӣ низ хобидаанд.
Хоҷа Абдураҳими Хилватӣ таърихи вафоти Шайх Камолро дар қитъаи зерин чунин ба назм меоварад:
Орифи ҳакшинос Шайх Камол,
Ки ҷаҳонро ба шеъри тар бигирифт.
То суханро сухан бурун афтод,
К-аз сухан ҳамчу он бузург нагуфт.
Ҳаштсаду се гузашт, к-он хуршед
Ҳамчу маҳ дар саҳоби ғайб бихуфт.
Аз Камоли Хуҷандӣ ва дар бораи ӯ дар Китобхонаи миллӣ ин матолиб қобили дарёфт аст:
Хуҷандӣ, К. Мунтахабот / Муҳаррир Ҷ.Суҳайлӣ. – Сталинобод: Нашрдавтоҷик, 1960. – 324 с.
Хуҷандӣ, К. Девон. – Душанбе: Ирфон, 1983. – Ҷ.1. – 559 с.
Хуҷандӣ, К. Девон / Ба чоп тайёркунандагон Ш. Ҳусейнзода, Н. Қаҳҳорова, С. Асадуллоев. – Душанбе: Ирфон, 1984. – 464 с.
Хуҷандӣ, К. Навбаҳорон зи гулам бўи ту хуш меояд: Шеър // Наврўз муборак. – Душанбе: Ирфон, 1985. – С. 20.
Хуҷандӣ, К. Девон. – Душанбе: Адиб, 1995.
Хуҷандӣ, К. Гурехтам: Ғазал // Тоҷикистон. – 1959. – №7. – С.15.
Хуҷандӣ, К. Мабод: Ғазал // Тоҷикистон. – 1959. – №7. – С.15.
Хуҷандӣ, К. Дар ғарибӣ: Ғазал // Тоҷикистон. – 1959. – №7. – С.17.
Хуҷандӣ, К. Гул ба дасти ошиқон: Шеър бахшида ба Наврўз // Ҳақиқати Ўзбекистон. – 1975. – 22 март.
Хуҷандӣ, К. Шоҳбайтҳо // Ҷумҳурият. – 1996. – 7 сентябр.
Дар бораи Камол Хуҷандӣ
Мақсудов, Б. Чанд шеъри тозаи Камоли Хуҷандӣ: Мероси ниёгон // Омўзгор. – 1989. – 3 октябр.
Тоҳирӣ, Д. Дарё ва шоир: Сухане чанд аз ҳаёти Камоли Хуҷандӣ // Садои мардум. – 1991. – 27 июл.
Асадуллоев, С. Ному лақабҳо ва кунияи Камол Хуҷандӣ чӣ буд? // Илм ва ҳаёт. – 1991. – №4. – С.12-14.
Шербоев, С. Ашъори Камоли Хуҷандӣ дар дарсҳои забони модарӣ: Забоншиносӣ // Маърифат. – 1998. – №7-8. – С. 5.
Саидов, С. Шеъри Камоли Хуҷандӣ дар фарҳанги ороста // Адабиёт ва санъат. – 2013. – 8 август.
Шокирзода, С. Панду андарз дар ашъори Камоли Хуҷандӣ // Маорифи Тоҷикистон. – 2014. – №3. – С. 28-30.
Атаева, М. Камоли Хуҷандӣ- устоди баркамоли ғазали форсӣ: Роҷеъ ба фаъолияти эҷодии Камоли Хуҷандӣ // Масъалаҳои маориф. – 2014. – №5. – С. 104-106 с.
Муродов, Б. Шайх Камол ва иқтибоси ояти қуръонӣ дар ғазалиёти ў // Наҷот. – 2015. – 19 март.
Раҳматов, Б. Шайх Камоли Хуҷандӣ ва Фонӣ // Камоли Хуҷандӣ. – 2016. – №2. – С. 13-22.
Шарифов, Ш. Хирад зевари шаҳриёрон бувад: Муҳаббати хосаи Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба эҷодиёти шоири адабиёти форсу тоҷик Камоли Хуҷандӣ // Маорифи Тоҷикистон. – 2017. – №4. – С. 5-8.
Баҳодур, Б. 2020 - 700- солагии Камоли Хуҷандӣ // Ҷумҳурият. – 2017. – 6 феврал.
Таҳияи корманди
шуъбаи библиографияи миллӣ
Ибодат Солиева.