Профессор Имомназар Келдиев
Нашр шуд 2017-08-25 14:50
Таълифот ва пажуҳишҳои олими шинохта Имомназар Келдиев акнун моли таъриханд. Барои касоне, ки таърихи 70 соли ҳокимияти Шӯравӣ дар Тоҷикистон ва ҳизби коммунистро мехоҳанд омӯзанд, муътамадтарин манбаъ таълифоти профессор Келдиев буда метавонад. Наметавон бе мутолиаи пажуҳишҳои Имомназар Келдиев чеҳраҳои сиёсие чун Абдулло Раҳимбоев ва Чинор Имомовро шинохт.
Имомназар Келдиев 26 августи соли 1933 дар деҳаи Дар- дари ноҳияи Айнӣ ба дунё омадааст. Доктори илми таърих (1996), профессор(1997), Арбоби илм ва техникаи Тоҷикистон (1997).
Соли 1954 факултаи таъриху филологияи Донишгоҳи Давлатии Омўзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ба поён оварда, дар Институти таърихи ҳизби назди Комитети марказии Ҳизби коммунистии Тоҷикистон фаъолияташро шурўъ намуд ва то соли 1991 заҳмат кашид, вазифаҳои ходими хурди илмӣ, ходими илмӣ, ходими калони илмӣ, мудири шуъбаро иҷро кардааст. Солҳои 1991- 2002 ба сифати дотсент, профессор ва мудири кафедраи фалсафаю сиёсатшиносии Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншо Шоҳтемур заҳмат кашидааст.
Дар таҳқиқу омўзиши таърихи навини Тоҷикистони Шўравӣ, масоили ташаккулу таҳкими давлатдории миллии тоҷикон ва дастгоҳҳои ҳизбӣ, таърихи тақсимоти ҳудуди миллӣ дар Осиёи Миёна, нашри адабиёти сиёсӣ дар Тоҷикистон, кори тарҷума ва чопи асарҳои классикони марксизм-ленинизм ва дигар адабиёти сиёсӣ ба забони тоҷикӣ ва ғайра саҳм гузоштааст.
Теътоди таълифоташ аз 250 мегузарад.
Бо ордени «Нишони Фахрӣ», медалҳо ва се Грамотаи Фахрии Президиуми Советӣ Олии Тоҷикистон қадр гардидаст.
Аз осори профессор Имомназар Келдиев дар Китобхонаи миллӣ ин асарҳо ва мақолаҳро метавонед мутолиа кунед:
Абдулло Раҳимбоев: Очерки ҳаёт ва фаъолият. – Душанбе, 1967.
Аз таърихи нашри адабиёти сиёсӣ дар Тоҷикистон. – Душанбе, 1968.
Келдиев, И., Саъдиев, М. Аз таърихи нашри адабиёти сиёси дар Тоҷикистон. – Душанбе: Ирфон, 1969.
Нашр ва паҳншавии асарҳои классикони марксизм – ленинизм дар Тоҷикистон. – Душанбе, 1972.
В.И. Ленин – барпокунандаи давлати сермиллати сотсиалистӣ. – Душанбе, 1972.
Издание и распространение произведений классиков марксизма-ленинизма в Таджикистане. – Душанбе, 1973.
В.И. Ленин ва тарбияи кормандони ҳизбию давлатӣ дар Осиёи Миёна (1917-1924). – Душанбе, 1980.
Инкишофи демократияи дохилиҳизбӣ дар Ҳизби Коммунистии Тоҷикистон (1966-1968). – Душанбе, 1988.
Келдиев, И. Фарҷоми худношиносӣ / Ҳақиқати таърих: Саҳифаҳои ноаёни таърихи Ҳизби коммунистии Тоҷикистон. – Душанбе, 1990. – 56-73 с.
Чинор Имомов: Ҳаёт ва фаъолият. – Душанбе, 2009.
Келдиев, И. Таърих он аст, ки ҳақиқат бигўяд: Саҳифаҳо аз боби таъсиси Ҷумҳурии Тоҷикистон. – Омўзгор. – 1989. – 24 октябр.
Таҳияи Зафар Ғолибов, корманди
шуъбаи библиографияи миллӣ
Дар бораи Имомназар Келидев мақолаи профессор Ҳасанбой Дӯстовро аз ин ҷо метавонед бихонед: ҚАЛАМРО АЗ ДАСТ НАГЗОШТААСТ