Оҳангсозе, ки нотакрор буд
Бо он ки солҳо аз даргузашти Дамир Дустмуҳаммадов сипарӣ мешаванд, ҷойи холимондаи ӯ дар оҳангсозии тоҷик бештар эҳсос мешавад. Дамир Дӯстмуҳаммадов шахсияте буд, ки аз худ асарҳои зиёди симфониву хорографӣ ба мерос гузошт ва имрӯз ҳам маъруфияти ӯ коҳиш наёфтааст.
Дамир Дўстмуҳаммадов 6 –уми августи соли 1941дар шаҳри Тошкент таваллуд шудааст. Оҳангсози даврони Шӯравӣ ва яке аз пуровозатарин бастакорони замонаш буд.
Соли 1963 Омӯзишгоҳи шаҳри Душанбе ( синфи композиция назди Ю. Г. Тер – Осипов) ва Консерваторияи давлатии Москавро (шуъбаи оҳангсозӣ, 1970, назди профессор В. Г. Фере) хатм кардааст.
Муҳаррири коллегияи репертуарию таҳририи Вазорати маданияти РСС Тоҷикистон ( солҳои 1970-73, ҳоло Вазорати фарҳанг) , Директори Омўзишгоҳи мусиқии шаҳри Душанбе (солҳои 1973-76,1985-86) ва директори Театри академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ (солҳои 1976- 80) буд.
Аз соли 1980 то соли 1983 роҳбари бадеии Филармонияи давлатии Тоҷикистон, муаллими калони Институти давлатии санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода ва аз соли 1986 Раиси Иттифоқи бастакорони Тоҷикистон буд.
Дар жанрҳои мухталифи мусиқӣ асарҳо эҷод кардааст. Муаллифи акчанд опера, аз ҷумла «Лаънаткардаи халқ»(соли таълиф 1973); « Хонаи Заргўшбибӣ» (1980); «Қишлоқи тиллоӣ» (1981); «Дидор» (1982); «Сарбозони халқ»(1984) мебошад.
Муаллифи ду симфония (солҳои 1967-1968), достони «Тоҷикистон» (соли 1965), увертюраҳои «Тоҷикистон» (соли 1974), «Дўстӣ» (соли 1976), 6 достони симфонии вокалӣ, сюитаҳои хореографӣ, як қатор асарҳои камеравию инструменталӣ, эстрадӣ ва суруду романҳо мебошад.
Асарҳои Дўстмуҳаммадов саршори анъанаҳои миллӣ буда, дар онҳо тобишҳои зарбу оҳангҳои халқӣ моҳирона истифода шуданд. Дар эҷодиёти Дўстмуҳаммадов ишқу муҳаббати беандоза нисбат ба Ватани маҳбуб тараннум шудааст. Хусусан, дар силсилаи асарҳои симфонии бахшида ба Тоҷикистон шукўҳу шаҳомати кишвари зебои бостонии тоҷикон васф шудааст. Таърихи сарзамини тоҷикон ва талошу муборизаҳои халқ барои тантанаи озодию адолат дар операҳои «Лаънаткардаи халқ», «Қишлоқи тиллоӣ» ва ғайра боварибахшу воқеӣ таҷассум ёфтаанд.
Операи «Дидор» ҷонбозиҳои фарзандони халқи тоҷикро дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ бо тамоми фоҷиаю талхиҳояш дар бар гирифтааст. Муаллифи аввалин операи миллии бачагонаи «Хонаи Заргўштбибӣ» буд.
23 апрели соли 2003 аз олам даргузашт.
Бозчоп аз «Энциклопедияи адабиёт ва санъати тоҷик». – Душанбе, 1988. – Ҷ.1. – С. 432.
Дамир Дӯстмуҳаммадов чун мураббии ҷавонон ва бастакори кордидаву пуртаҷриба қатори асарҳои мусиқӣ навиштаҳои зиёде аз худ боқӣ гузошта, ки мутолиаи онҳо барои насли имрӯз ҳам муфиданд. Аз ӯ ва дар бораи ӯ метавонед дар Китобхонаи миллӣ ин матолибро бихонед:
Осор
Дўстмуҳаммадов, Д. Садои дил : Дар хусуси кори бастакорони ҷавон // Комсомоли Тоҷикистон . – 1971 . – 1 анвар.
Дўстмуҳаммадов, Д., Раҷабов, А. Саҳми бародарона : Нашриёти РСС Украина маҷмуаи асарҳои бастакорони тоҷикро бо унвони «Суруди Тоҷикистон » бо забони тоҷикӣ, русӣ,украинӣ аз чоп баровард // Маориф ва маданият . – 1972 . – 25 май.
Дўстмуҳаммадов, Д. Сурудҳои рўҳбахш: Ҳофиз Ҷ. Муродов барои гирифтани Мукофоти Комсомоли Ленинии Тоҷикистон пешбарӣ шудааст// Комсомоли Тоҷикистон . – 1975. – 26 декабр.
Дўстмуҳаммадов, Д. Равнақи мусиқии тоҷик: Ба пешвози 60- солагии ташкилёбииСССР// Маданияти Тоҷикистон. – 1982. – 10 декабр.
Дўстмуҳаммадов, Д. Ҳамоҳанги зиндагӣ: Сўҳбати Э. Аҳмадова бо ҷонишини раиси правленияи Иттифоқи оҳангсозони тоҷик // Адабиёт ва санъат . – 1984 . – 6 сентябр.
Дўстмуҳаммадов, Д. Масъулияти меросдорӣ: Мусоҳибаи рўзноманигор А. Истадов бо раиси правленияи Иттифоқи композиторони Тоҷикистон Дамир Дўстмуҳаммадов // Адабиёт ва санъат . – 1987. – 23 апрел.
Дўстмуҳаммадов, Д., Раҷабов, А. Ситои Борбад, Бардошт оҳанг // Тоҷикистони советӣ. – 1988 . – 9 январ.
Дўстмуҳаммадов, Д. Муборак ҷашни зодрўз: Мусоҳибаи рўзноманигор С. Султон бо Дамир Дўстмуҳаммадов // Пайёми Душанбе . – 1991. – 23 ноябр.
Аз Кумитаи мукофотҳои Давлатии ҶТ ба номиА. Рўдакӣ дар соҳаи санъати мусиқӣ, суруд ва навозандагӣ асарҳои инҳо пешниҳодкарда шуд: композитор Дамир Дўстмуҳаммадов // Садои мардум . – 2000. – 12 апрел.
Дар бораи Дамир Дўстмуҳаммадов
Лауреатҳои мукофоти Комсомолии Ленинии Тоҷикистон: Композитори ҷавон Дамир Дўстмуҳаммадов // Тоҷикистони советӣ . – 1964 . – 28 феврал.
Султонов, М. Ҷўш зан ҷавонӣ кун: Дар бораи Д. Дўстмуҳаммадов // Комсомоли Тоҷикистон . – 1965 . – 11 июл.
Комёбии бастакорони ҷавон: Дар бораи бастакорони ҷавон Д. Дўстмуҳаммадов ва А. Солиев // Комсомоли Тоҷикистон . – 1969 . – 23 июл.
Сабзанов, Я. Бастакори хуштабъ: Дар бораи бастакори ҷавон Дамир Дўстмуҳаммадов // Тоҷикистони советӣ . – 1970 . – 7 апрел.
Раҷабов, А. Васфи кишвари маҳбуб: Шаби эҷодии бастакор Д. Дўстмуҳаммадов // Комсомоли Тоҷикистон . – 1974 . – 9 июн.
Тошматов, А., Ғаниев,М. Кошонаи умед: Дар шаҳри Хуҷанд Осорхона ва маркази мусиқӣ ба номи оҳангсоз Дамир Дўстмуҳаммадов кушода шуд // Адабиёт ва санъат . – 2006 . – 14 декабр.
Таҳияи Зафар Ғолибов
корманди шуъбаи
библиографияи миллӣ