Нигоҳе ба вазъи кунунии китобхонаҳои вилояти Хатлон
Шуъбаи соядастҳои китобхонаи марказии шаҳри Норак дорои 25714 нусха китоби туҳфашуда мебошад, ки аз 46 мамлакати олам бо 66 забон ворид шудааст. Дар китобхона аз адабиёти давлатҳои бузург, ба монанди ИМА, Британияи Кабир, Ҷопон, Ҳиндустон, Сурия, Фаронса, Юнон, Итолиё, Афғонистон, Покистон, Чин, Украина, Белорус, Узбекистон, Қазоқистон, Арманистон, инчунин китобҳо бо забонҳои хантимансӣ, адигейӣ мавҷуд аст.
Аз 11 то 20-уми июли соли равон гурўҳи кории Китобхонаи миллии Тоҷикистон барои расонидани ёрии амалии методӣ ба ноҳияҳои Темурмалик, Балҷувон, Ховалинг, Данғара ва шаҳри Нораки вилояти Хатлон сафарбар шуданд. Пеш аз оғози кор бо як қатор роҳбарони бахшҳои фарҳанг ва директорони китобхонаҳо суҳбатҳо доир намуда, дар давоми ин рўзҳо бо вазъи имрўзаи китобхонаҳои системаи марказонидашудаи ноҳияҳои дар боло зикргардида аз наздик ошно шуданд.
Китобхонаи марказии ноҳияиТемурмалик
Китобхонаи марказии ноҳияи Темурмалик соли 1953 таъсис ёфтааст. Дар цаламрави ноҳия бошад 23 адад китобхонаҳои оммавӣ фаъолият доранд: китобхонаи марказӣ, китобхонаи бачагона ва китобхонаи беморхонаи марказӣ дар маркази ноҳия ҷойгиранд. 20 китобхонаи дигар дар деҳотанд. Ҳоло фонди умумии китобхонаи ноҳия 79796 нусха адабиётро ташкил медиҳад, ки аз он 43691 адад бо забони тоҷикӣ, 27558 нусха бо забони русь ва боць бо забонҳои дигаранд.
Теъдоди хонандагон 4981 нафар буда, 4981 нафар афроди калонсол ва 2836 нафар хонандагони мактабанд.
Дар давоми 6-моҳ кормандони китобхона бо хонандагон 274 чорабиниҳои гуногун гузарониданд.
Ҳайати кормандони Китобхонаи марказӣ бо бахшҳояш 32 нафар буда, як нафар дорои маълумоти олии китобдорӣ, 4 нафар олии ғайрикитобдорӣ, 10 нафар миёнаи касбӣ ва 7 нафар миёнаи таҳсилоти умумӣ мебошанд. Китобхонаи марказӣ дорои 9 компютер ва 6 принтер мебошад.
Китобхонаи марказии ноҳияи Балҷувон
Китобхонаи марказии ноҳияи Балҷувон соли 2014 аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Шўҳрат Тешаев сохта ва ба истифода дода шуд. Айни замон фонди китобии он 6299 нусхаро ташкил медиҳад. Аз ҷумла, 3564 китоб бо забони тоҷикӣ, 1318 нусха бо замбони русӣ ва 1417 нусха бо забонҳои дигар.
Китобхонаи марказии ноҳияи Ховалинг
Китобхонаи марказии ноҳияи Ховалинг соли 1983 таъсис ёфта, аз 17 китобхона-филиал иборат мебошад. Аз 17 китобхонаҳои деҳот 2 китобхона бо бинои нав таъмин шуданд, 15 китобхонаи дигар дар ҳолати таъмир қарор доранд.
Китбхонаи марказии ноҳияи Данғара
Китбхонаи марказии ноҳияи Данғара соли 1935 дар назди хонаи маданияти ноҳия таъсис ёфтааст. Дар оғози таъсисёбиаш китобхона 1200 нусха адабиёт дошт.
Соли 2001 китобхона ба бинои нави замонавӣ гузаронида шуд. Дар айни ҳол ба аҳолии ноҳия 28 адад, аз ҷумла 1 адад китобхонаи марказӣ, 25 китобхона деҳотӣ, 2 адад китобхонаи бачагона хизмат мерасонанд ва онҳо дорои 9209 нусха китоб мебошанд.
Фонди китобхонаи марказии ноҳия 194414 нусхаро ташкил медиҳад. Аз ҷумла адабиёт ба забони тоҷикӣ 112157 нусха, ба забони русӣ 73225 нусха, ба дигар забонҳо 9032 нусха аст.
Имсол аз ҳисоби Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ 101 нусха китоб ба таври ройгон ба фонди китобхона ворид гардидааст. Хонандагон ҳамарўза аз китобҳои соҳаи адабиётшиносӣ, фалсафа, ҳуқуқ, иқтисод, педагогика, забоншиносӣ ва асарҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва рўзномаву маҷаллаҳо истифода мебаранд. Хонандагони ноҳия бештар ба мутолиаи китобҳои тозанашр ва китобҳои бадеӣ ва дарсӣ завқ доранд.
Китобхонаи марказии «Дўстии халқҳо»-и шаҳри Норак
Ин китобхона 4 феврали соли 1984 тибқи лоиҳаи меъмол Валерий Пешков бунёд шудааст. Аз рўйи ин лоиҳа меъмор Валерий Пашков сазовори мукфоти комсомоли Ленинӣ гардид. Китобхона барои 120000 ҳазор нусха китоб сохта шудааст.
Китобхона дар доираи тарҳи бунёди неругоҳи Норак сохта шуда, аз аввалин рӯзҳои таъсис ҳам аз ҷониби давлат, вазорату идораҳои зидахл ва адибону хонандагон бойгонии худро ғанӣ мекард. Ба ин китобхона дар солҳои гуногун адибони шинохтае чун муҳаррири маҷаллаи «Дўстии халқҳо»-и шаҳри Москва Сергей Баруздин меҳмон шуда ва бо худ китоб овардаву туҳфа кардаанд. Аз ҷумла гуфта мешавад, ки Сергей барзудин асарҳои Г. Марков, В. Катаев, Н.Тихонов, В.А. Смирнов, С. Дангулов, М.Н.Алексеев, ва С. Крутилинро бо худ аз Маскав овардаву туҳфа намудаст. Баъд аз он шоир ва нависандагон М.Шолохов, К.Симонов, С. Михалков, К.Федин, Б. Полевой, Мирзо Турсунзода, Ш. Рашидов китобҳои худро бо соядаст равон намудаанд, ки дар соли 1974 теъдоди онҳо ба 1000 нусха расид. Бо ин фаъолияти шуъбаи соядастҳои китобхонаи марказии шаҳри Норак оғоз гардид.
Айни замон шуъбаи соядастҳои китобхона дорои 25714 нусха китоби туҳфашуда мебошад, ки аз 46 мамлакати олам бо 66 забон ворид шудааст. Дар китобхона аз адабиёти давлатҳои бузург, ба монанди ИМА, Британияи Кабир, Ҷопон, Ҳиндустон, Сурия, Фаронса, Юнон, Итолиё, Афғонистон, Покистон, Чин, Украина, Белорус, Узбекистон, Қазоқистон, Арманистон, инчунин китобҳо бо забонҳои хантимансӣ, адигейӣ мавҷуд аст.
То ба имрўз ин анъана дар шуъбаи соядастҳои шаҳри Норак идома дорад. Аз тарафи шоирону нависандагон Ҳабибулло Файзулло «Лутфи боронӣ», Ҷамолиддин Тошматов «Қаҳрамони нурофарон», Давлатшо Назаров «Фидоиёни маориф», Шодон Ҳаниф «Бо роҳи нур то охират» асарҳо туҳфа шудаанд. Китобдорони китобхона барои хонандагон дар толори шуъбаи соядастҳо суҳбату шабнишиниҳо, вохуриҳо, саёҳатҳо баргузор менамоянд.
Шумораи умумии китобхонаҳо дар шаҳри Норак 16 адад буда, яке китобхонаи марказӣ, 6 китобхонаи шаҳрӣ, 2 китобхонаи бачагона ва 7 китобхонаи деҳотӣ мебошанд.
Айни замон захираи умумии китобхонаҳо 183529 нусха буда, аз ҷумла 143349 нусха бо забони русӣ ва 40180 нусха бо забони тоҷикӣ мебошад.
Ҳайати эъзомии Китобхонаи миллӣ кадом корҳоро анҷом дод?
Аз ҷониби кормандони Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар ин китобхонаҳо корҳои зерин ба сомон расонида шуд:
- дар ноҳияҳои мазкур созмон додани китобхонаи электронӣ;
- ташкил намудани дастгоҳи маълумотдиҳӣ-библиографӣ;
- омўзиши таснифоти даҳгонаи универсиалӣ (УДК);
- аз рўйи УДК ҷобаҷо намудани фонди китоби китобхонаҳо;
- созмон додани картотекаҳои мавзўӣ - соҳавӣ ва аз саҳифаҳои рўзномаву маҷаллаҳо гирд овардани маводҳо ва тасвир намудани онҳо;
- тартиб додани дастурҳои методӣ ва библиографӣ;
- ба тартиб даровардани ҳуҷҷатнигории асоси коргузорӣ.
Ҳамзамон ба кормандони китобхонаҳо дар ин мавзуъҳо нақшаи омода намудани намоишҳои доимоамалкунандаи китоб тавсия дода шуд:
- Асарҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон;
- Наврўзи ҷаҳонӣ;
- Қатъномаи Даҳсолаи байналмиллалии «Об барои рушди устувор, солҳои 2018−2028»;
- Ба ифтихори Рўзи Ваҳдати миллӣ;
- Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- «25−умин солгарди Иҷлосияи тақдирсоз»;
- «4-уми сентябр Рўзи китоб»;
- «Соли 2017−соли Ҷавонон»;
- Намоиши адабиёти тозанашр;
- Рўзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд»;
- «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар ҶТ».
Тавсия дода шуд, ки дар китобхонаҳо ин гуна гӯшаҳои доимамалкунанда ташкил карда шаванд:
- Ба ёрии китобдорон;
- Омўзгорон;
- Довталабон;
- Ҳуқуқи худро донед;
- Оила такягоҳи давлат аст;
- Нақши оила ва мактаб дар таълими насли наврас;
- Даъватшавандагон ба Артиши миллӣ.
Барои пешрафти кори китобхонаҳои мазкур як қатор пешниҳодҳо карда шуданд:
- равон намудани кормандони ғайри соҳаи китобдорӣ ба курсҳои такмили ихтисоси Китобхонаи миллӣ;
- таъмин намудани китобхонаҳо бо технологияи иттилоотӣ-коммуникатсионӣ;
- тарғиб ва ташвиқи хонандагон ба китобу китодорӣ;
- озмуни хонандаи беҳтарини сол;
- ҳавасмандгардонии кормандони китобхонаҳо дар ид ва ҷашнҳо;
- ҷалби мутахассисони ҷавон ба китобхонаҳо;
- барои харидории китобҳои тозанашр ва рўзномаву маҷаллаҳо маблағҳои бештар ҷудо кардан;
- бештар ба роҳ мондани истифодабарии технологияи иттилоотӣ дар фаъолияти китобхонаҳо.
М. Каримов,
Сардори Маркази
такмили ихтисос