Сайфиддин Назарзода: Тоҷикистонро аз гирдоби ҷанги хонумонсӯз хиради азалии Эмомалӣ Раҳмон наҷот дод
Нашр шуд 2017-07-04 18:12
Профессор Сайфиддин Назарзода бар ин назар аст, ки Тоҷикистонро аз гирдоби як ҷанги хонумонсӯз хиради азалии Эмомалӣ Раҳмон наҷот дод.
Директори Китобхонаи миллӣ, ки ахиран дар барномаи “Асолат”-и телевизиони “Сафина” суҳбат мекард, гуфт, ки «Мардуми тоҷик мардумест, дар тамоми муддати таърихе, ки дар сарзамини худ зиндагӣ кардааст, ҳуҷуми бениҳоят зиёд ақвому халқҳои бегонаро дидааст. Чунончӣ муҳаққиқи рус Николай Павлов дар китоби худ бо номи «Таърихи Туркистон» менависад: «Мардуми тоҷик аз ҳама мардуми сахтсаре ҳаст, ки агар ба ӯ андак имконият дода шавад, мисли мурғи Самандар аз нав эҳё мешавад».
Ба андешаи профессор Назарзода мавҷудияти ҳар як давлат ба ваҳдати халқи он давлат иртиботи ногусастанӣ дорад.
Вай гуфт: “Мо дар намунаи Тоҷикистон дидем, ки вақте ба Истиқлолият даст ёфтем, чӣ гуна душманони хориҷӣ аз нотифоқии мо истифода карданд. Ҳудуди панҷ сол дар Тоҷикистон ҳодисаҳое ба вуқуъ пайваст, ки барои мардуми тоҷик бисёр фоҷиаангез ва ногувор буд.
Вале гумон мекунам, хиради азалии роҳбари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои барқарор кардани Ваҳдати миллӣ хеле сарнавиштсоз ва муҳим аст. Бо роҳбарии сарвари давлат мо тавонистем, мавзуъи сулҳро маҳаки асосии фаъолияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор диҳем».