Бӯалӣ ва гиёҳдармонии амрози санги гурда
Панҷумин нашри китоби мзкур дар таҳияи олимони шинохтаи тоҷик Маидҷон Нодирӣ ва Юсуф нуралиев ба тозагӣ аз чоп баромад.
Китоб ин бор бо тағйирот ва иловаҳо аз ҷониби Сарредаксияи илмии Энсклопедияи Миллии Тоҷик нашр шудааст.
Тавре дар оғоз муаллифон менависанд, “Рисола дар асоси таҷрибаи табиби бузург Абўалӣ ибни Сино иншо шудааст. Муаллифон 11 адад нусхаи мураккаб ва беш аз 100 нусхаи содаи Абўалӣ ибни Синоро, ки барои ҷилавгирӣ ва табобати бемориҳо ва қабл аз ҳама амрози гурдаву санги масона пешбинӣ шудааст, шарҳ медиҳанд. Рисола ҳамчунин тавсияҳои Абўалӣ ибни Синоро роҷеъ ба парҳез ва ҷилавгирӣ аз пайдоиши санги гурда ва дигар бемориҳои гурда дар бар мегирад. Тақрибан теъдоди 40 номгўй гиёҳҳои шифобахш аз хазинаи Абўалӣ ибни Сино аз мавқеи тибби муосир тавсиф гардида, нусхаҳои гиёҳдармонӣ барои табобати бемориҳои мухталиф оварда шудааст”.
Муаллифон тамоми нусхаҳоро аз диди комёбиҳои гиёҳдармонии муосир тасҳеҳ кардаанд, “тарзи таҳия ва меъёри истеъмоли доруҳо сареҳан баён карда шудааст, то ки худи беморон дар шароити хона доруи заруриро омода карда, истифода намоянд”.
Муаллифон бар ин назаранд, ки “Асарҳои ҷовидона ва хусусан шоҳасари Ибни Сино «Ал-Қонун фи-т-тибб» аз қарни XII то имрўз ба забонҳои гуногуни дунё дар Аврупо, Шарқ ва олами ислом тарҷума ва ба теъдоди зиёд чоп шудаанд. Дар таърихи тамаддуни башарӣ камтар китобе ёфт мешавад, ки мисли «Ал-Қонун» дар муддати беш аз ҳазор сол ҳамаи аҳли оламро сарфи назар аз тафовути забону миллат, расму оин, дину мазҳаб, нажоду иқлим ва ғояву ҷаҳонбинӣ холисонаву яксон хизмат карда бошад”.
“Бӯалӣ ва гиёҳдармонии амрози санги гурда” китобест, ки мутолиаи он на танҳо барои табибон, балки барои ҳамаи хонандагон, бахусус онҳое, ки саломатӣ барояшон муҳим аст, қобили мутолиа мебошад.
Дар бораи ин китоб метавон зиёд ҳарф зад, вале ҳоло маҷоли суҳбати тӯлонӣ ва илмӣ атрофи ин таҳқиқоти пурарзиш нест. Танҳо ба овардани тақризи доктори илмҳои тиб, профессор, Арбоби шоистаи илми Федератсияи Русия П. П. Денисенко иктифо мекунем.
“Саидҷон Нодирӣ – пизишки амалӣ, номзади илмҳои тиб, Корманди шоистаи Тоҷикистон, Аълочии тандурустии ҶТ, равоншиносӣ Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат ба муолиҷаи гипнозӣ, муолиҷаи сўзанзанӣ, гиёҳдармонӣ ва муолиҷаи мануалӣ шуғл дорад. Бори аввал дар собиқ Иттиҳоди Шўравӣ ҷарроҳии мураккабро таҳти гипноз анҷом дод. Бемориҳои асаб ва дигар бемориҳои силу диққи нафас, бемориҳои санги гурда, бемориҳои занона, бемориҳои импотенсия, инчунин бемориҳои дигарро, ки табобати онҳо бо усулҳои тибби имрўза ғайриимкон аст, табобат мекунад. Узви Ҷамъияти психотерапевтҳо ва Ҷамъияти экстрасенсҳои Кишварҳои муштаракулманофеъ мебошад.
«Китоби олимон - гиёҳдорушиносони машҳур профессор Ю.Н.Нуралиев ва пизишки амалии соҳибтаҷриба С.Нодиров аз нашрияҳои шабеҳ бартарияти зиёд дорад. Муаллифон тавсияҳои муолиҷавии табиби бузурги асри миёна Абўалӣ ибни Синоро дар заминаи дастовардҳои охирини илми тиб такмил медиҳанд. Саҳми муаллифонро дар таҳлилу аниқ муайян кардани таркиби давоҳои мураккаб ва доруҳои соддаи сангхурдкунанда ва сангбароранда бояд махсус таъкид намуд. Ин китоби пурарзиш бешубҳа таваҷҷўҳи мутахассисонро ҷалб хоҳад намуд ва ба ҳазорон дардмандоне, ки аз бемориҳои мухталиф азоб мекашанд, хизмати арзанда хоҳад кард”.