Ҷавонон ва Ваҳдати миллӣ

Имрўз тамоми қудратҳои динию сиёсӣ мехоҳанд аз зеҳн, андеша ва тафаккури  ҷавонон истифода кунанд. Маҳз роҳбаи давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳаминро ба инобат гирифта, ҷавононро ба зиндагии шоиста ва фаъолияти оқилона роҳнамоӣ намудаистодааст, то  дар ҷомеа саҳми муносиб дошта бошанд. Аз ин рў, метавон гуфт аксарияти ҷавонон ба таври куллӣ ҷонибдори сиёсати пешгирифтаи роҳбари давлат ҳастанд. Чунин ғамхориҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷавононро водор месозад, ки бо ҳисси баланди ифтихормандӣ аз Ватан, миллат, давлати соҳибистиқлоли хеш ифтихор намоянд ва барои ҳимояи онҳо ҳамеша омода ва ҳушёру зирак бошанд.

27-уми июни соли ҷорӣ аз имзои  Созишномаи умумии  истиқрори сулҳ  ва ризоияти миллии Тоҷикистон  20 сол пур мешавад. Ба шарофати ин созишномаи тақдирсоз  мо тавонистем он муноқишаҳои дохилӣ ва муқовимати мусаллаҳонае, ки риштаи ҷони ҳазорон нафарро гусаст, хотима бахшем.

Бояд зикр намуд, ки низоъҳои сиёсии соли 1992 Ватани моро ба ҷанги шаҳрвандӣ оворда расонд. Мардуми бесарусомон хонадони худро гузошта, ҳар тараф пош хўрданд. Тарсу ваҳм ва даҳшат қалби ҳар як тоҷикистониро фаро гирифта, дигар умед ба зиндагӣ намонда буд. Дар ҳама гўшаву канори кишвари азизу маҳбубамон мардуми бесарпаноҳ паноҳ меҷўстанд. Қисме ба Афғонистон фирорӣ шуда, қисми дигаре ба хориҷаи дуру наздик рафта, сафар бастанд. Дар он рўзҳо, гурўснагӣ ва бесарпаноҳӣ низоми рўзгор шуда буд. Касе ҳам гуфта наметавонист, ки фардо чӣ мешавад, зеро ба оянда умед бастан душвор буд. Рўзгоре буд, ки тифлаконаш «Нон», занонаш «Номус» ва мардонаш «Наҷот» мегуфтанд.

Фикри аз нав якҷо кардани халқи парешонгашта дар фикру андешаи ҳар як халқи ватандўст, соҳибхирад ва солимфикр чарх мезад. Ҳалли ин масъала ба дўши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон афтода буд, ки ў бо сайъу талоши зиёде бо муваффақият аз ўҳдаи ин баромада тавонист. Ў барои миллат ва манфиатҳои миллӣ, тамоми усулу воситаҳои кориро истифода намуда, кўшиш ба харҷ дод, то мардумро муттаҳид намуда, ба ваҳдати миллӣ оварда расонад, ки дар воқеъ ҳам чунин шуд.

Ба даст овардани сулҳу салоҳ махсусан, ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ба хотири ризоияти миллӣ, ки 27-уми июни соли 1997 дар шаҳри Маскав бо унвони «Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон» муаррифӣ гардида буд, барои Ваҳдати миллӣ заминаи босазое гузошт. Ва ин санаи таърихӣ оғози давраи нави бо ҳам омадани миллати тоҷикро муаррифӣ менамояд, ки метавон гуфт ин дастовард бузургтарин дастоварди миллати тоҷик дар қарни ХХ маҳсуб меёбад.

Ваҳдат омад, аз фалокатҳо раҳонд,
Миллати моро наҷот аз ваҳдат аст.

Ҷойи тазаккур аст, ки маҳз бо шарофати Ваҳдати миллӣ соли 2017 аз ҷониби Асогузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Соли ҷавонон эълон гардид, ки  мо ҷавонон бояд тамоми саъю кўшиши худро барои таҳкими ин неъмати бебаҳо равона сохта, дар пешрафту шукуфоии меҳани азиз саҳми арзанда гузорем.

Бо 20-умин солгарди Ваҳдати миллӣ рост омадани соли ҷавонон метавон гуфт як марҳалаи комиле дар худкифоии маънавӣ ва сиёсӣ боз хоҳад шуд, зеро иқтидор ва нерумандии ҷавонон асли асосие мебошад, ки ташаккул ва такомули ояндаи фарҳанги миллӣ, ормони миллӣ, иқтисоди миллӣ ва ҳар навъ барномаҳои дигари миллиро боло хоҳанд бурд. Яъне, имрӯз ҳисси баланди миллӣ ва хештаншиносии ҷавонон зери осмони софи беғубори Ваҳдати миллӣ ба он ҳадде расидааст, ки ҳеҷ қувва ва бозуе наметавонад ба он халал ворид созад.

Вобаста ба соли ҷавонон ва ваҳдати миллӣ месазад бигуем, ки соли ҷавонон барои насли ҷавони тоҷик паёмест ба ояндаи нек ва гомест дар роҳи ваҳдати ногусастанӣ тақвият бахшидан. Инчунин фазоест баҳри    ҷавонони пазиранда, ки ҳар як ҷавон вобаста ба савияи дониш ва малакаи худ на танҳо дар муассисаҳои фарҳангӣ, балки дар муассисаҳои сиёсӣ ва хориҷӣ низ тавони фаъолият дорад. Яъне имрўз фазое барои ҷавонони шоиста ва сазовор боз шудааст, ки ҳар як ҷавон ба мизони шоистагии шахсии худ метавонад аз он бархўрдор гардад.

Боиси ифтихор аст, ки Пешвои миллат   дар ҳама  суханрониҳои худ ба ояндасозу парчамбардори миллат будани ҷавонон таъкид намуда, таваҷҷуҳи тамоми сохторҳоро дар робита ба тарбия ва дастгирии ин қишри ҷомеа таъкид менамоянд. Аз ҷумла, ў дар Паёми навбатӣ таъкид намуд ки: “ Аксарияти аҳолии Тоҷикистонро ҷавонон ташкил медиҳанд, ки онҳо давомдиҳандаи кору фаъолияти насли калонсол, нерўи созанда ва иқтидори воқеии пешрафти ҷомеа, хулоса, ояндаи миллат ва давлат мебошанд”.

Оре, дар тамоми вақту замон ҷавонон дар ҷомеаи башарӣ як нерўи фаъол буданд ва ҳастанд. Имрўз тамоми қудратҳои динию сиёсӣ мехоҳанд аз зеҳн, андеша ва тафаккури  ҷавонон истифода кунанд. Маҳз роҳбаи давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳаминро ба инобат гирифта, ҷавононро ба зиндагии шоиста ва фаъолияти оқилона роҳнамоӣ намудаистодааст, то  дар ҷомеа саҳми муносиб дошта бошанд. Аз ин рў, метавон гуфт аксарияти ҷавонон ба таври куллӣ ҷонибдори сиёсати пешгирифтаи роҳбари давлат ҳастанд. Чунин ғамхориҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷавононро водор месозад, ки бо ҳисси баланди ифтихормандӣ аз Ватан, миллат, давлати соҳибистиқлоли хеш ифтихор намоянд ва барои ҳимояи онҳо ҳамеша омода ва ҳушёру зирак бошанд.

Дар охирсухан Шумо хонандаи муҳтарам ва тамоми мардуми тоҷикро бо 20-умин солгарди Ваҳдати миллӣ шодбош мегўям ва орзуву таманнои онро дорам, ки миллати шарифи тоҷик ҳамеша комёбу содатманд ва зери парчами сулҳу ваҳдат маскан дошта бошанд.

Раҷабалӣ ДОДИХУДОЕВ,
Сардори шуъбаи дастхатҳои

Шарқ ва китобҳои нодир

Барчаспҳо: