Шуъбаи библиографияи миллии Китобхонаи миллӣ таҳти унвони “Адибони ҷанговар” осори он гуруҳ аз шоирону нависандагон ва олимонеро, ки солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ ба дифоъ аз марзи бум рафтаву гуруҳе фотеҳ баргаштанд ва гуруҳе ҷоми шаҳодат нӯш карданд, дар маърафи тамошо гузошт.
Ин намоиши китоб субҳи рӯзи шанбе ифтитоҳ шуд ва дар он бештар 20 номгӯ китобҳои адибони ҷанговари тоҷик ба намоиш гузошта шуд.
Акнун хонандагони ин Шуъба имкон доранд бо асарҳои Абдуҷаббор Қаҳҳорӣ, Сотим Улуғзода, Ҳабиб Юсуфӣ, Лутфулло Бузургзода, Ҳаким Карим, Фотеҳ Ниёзӣ ва дигарон дар толори хониши шуъба ошно шаванд ва онҳоро бихонанд.
Дар намоиш китобҳое чун “Мунтахабот”, “Асарҳои мунтахаб”-и Фотеҳ Ниёзӣ, ки дарбаргирандаи повесту романҳои “Ҳар беша гумон мабар, ки холист”, “Вофо”, Димаи диловар” ва ғайра мебошанд, асарҳои адиби маъруф Сотим Улуғзода “Ривояти Суғдӣ”, романҳои “Восеъ”,
Фирдавсӣ”, “Мунтахабот”, аз Абдуҷаббор Қаҳҳорӣ “Аҷаб дунёе”, “Ашки ширин”, аз Ҳабиб Юсуфӣ “Сатрҳои нотамом”, Роҳи нотамом”, “Слово о жизни” ва ғайра гузошта шудаанд.
Ин намоиши китоб то баъди аввалин рӯзҳои таҷлили Рӯзи Ғалаба идома хоҳад кард.