Нашри нахустин шумораи маҷаллаи «Китобдорӣ»

Маҷаллаи «Китобдорӣ» иборат аз 32 саҳифа зери назари директори Муассисаи давлатии  «Китобхонаи миллии Тоҷикистон», профессор Сайфиддин Назарзода  аз чоп баромад.

Китобхонаи миллии Тоҷикистон рўз то рўз дар ҳама самтҳои фаъолияти худ, хусусан ҷалби хонандагон, ташрифи хонандагон, диҳиши адабиёт, баргузории чорабиниҳои илмию фарҳангӣ, ғанигардонии фондҳои китобӣ, автоматикунонии раванди китобдорӣ-иттилоотӣ ва дигар самтҳои фаъолияташ қадамҳои устувор ба пеш мегузорад ва ба комёбиҳои назаррас ноил гардидааст. Дар баробари рўшди самтҳои фаъолияти зикршудаи китобхона, ҳамчунин шумораи нахустини маҷаллаи илмӣ-фарҳангии Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо номи «Китобдорӣ» низ ба нашр расид, ки инро низ метавон яке аз муваффақиятҳои кори китобхона унвон кард.
Маҷаллаи «Китобдорӣ» аз 32 саҳифа иборат буда, сардабирии маҷалларо директори Муассисаи давлатии  «Китобхонаи миллии Тоҷикистон», профессор Сайфиддин Назарзода ба душ дорад.
Тибқи талаботи Китобхонаи миллии Тоҷикистон ва идораи маҷалла дар он мақолаҳои доир ба китобу китобдорӣ, илму фарҳанг, адабиёту таърих, сулҳу ваҳдат ва дар маҷмуъ мақолаҳое, ки бозгўкунандаи ормонҳои миллати тоҷик буда, ба талаботи маҷалла мувофиқ мебошанд, интишор карда мешаванд.
Дар саҳифаи аввали шумораи нахустини маҷаллаи «Китобдорӣ» Суханронии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо зиёиёни мамлакат интишор ёфтааст. Бояд тазаккур дод, ки суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо зиёиёни мамлакат бозгӯкунандаи ҳамаи самтҳои ҳаёти ҷомеаи имрўзаи Тоҷикистон буда, дар он барои пешрафти илму фарҳанг, иқтисодиёту сиёсат ва худшиносию худогоҳии миллати тоҷик таъкиду дастурҳои муҳим дода шудааст.
Ҳамчунин, дар саҳифаи шашуми шумораи нахустини маҷалла мақолаи директории Китобхонаи миллии Тоҷикистон, профессор Сайфиддин Назарзода бо номи «Китоб ганҷинаи дониш аст» интишор гардидааст, ки дар он  миллати мутамаддин ва китобдору китобдўст будани тоҷикон таъкид гардидааст. Аз ҷумла, профессор   Сайфиддин Назарзода менависад: «Дар пойтахти давлати Сомониён-шаҳри Бухоро бузургтарин ва ғанитарин китобхона «Сивон-ул-ҳикмат» фаъолият дошт, ки ба илми китобхонашиносӣ ва китобдории тоҷикон замина гузошт».
Ҳамчунин мавсуф таъкид менамояд, ки Китобхонаи миллии Тоҷикистон низ давоми ин рисолаи таърихии миллати тоҷик аст, ки 5 сол аст бо ташаббуси бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат дар хизмати оммаи халқ қарор дорад ва ба тамоми китобхонаҳои кишвар хизмати методию тахассусӣ мерасонад ва аз навгониҳои илми китобдорию китобхонадорӣ ҳаводоронро огоҳ месозад.
Дар иртибот ба такмили ихтисоси котобдорон дар ҷумҳурӣ, мақолаи муовини директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон Гадобек Маҳмудов бо номи «Такмили ихтисоси кормандон –талаби замони муосир» нашр гардидааст, ки дар он вазъи такмили ихтисоси кормандони соҳа мавриди баҳсу баррасӣ қарор дода шудааст.
Мақолаи муовини директории Китобхонаи миллии Тоҷикистон Салима Раҷабова бошад дар бораи нақши китоб дар рушди маърифати оиладорӣ нигошта шудааст. Ҳамчунин мақолаҳои дигар кормандони китобхона масъалаҳои гуногуни соҳаро мавриди баҳсу баррасӣ қарор додаанд, ки дар ин навишта имкони зикри ҳар яки онҳо нест.
Директории Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар интиҳои мақолаи худ навиштааст: «Дар ин рўзҳои баҳории меҳани бузургамон тасмим ба нашри як маҷаллае намудем, ки бо номи «Китобдорӣ» муҳимтарин ва ҷадидтарин масъалаҳои кори китобдорӣ ва китобхонадорӣ, фарҳангу тамаддун, таъриху забони миллиро инъикос намояд ва барои мутахассисону ҳаводорон минбари эҷод ва баҳси созанда бошад».
Аз истиқболи гарми кормандони Китобхонаи миллии Тоҷикистон, олимон ва мутахассисони соҳаи китобдорӣ ҳувайдост, ки дар оянда маҷаллаи «Китобдорӣ» ба як маҷаллаи бонуфузи соҳаи китобдории ҷумҳурӣ табдил ёфта, солҳои дароз барои мардуми фарҳангдўсту адабпарвари тоҷик хидмат хоҳад кард.

Муҳаммаднабӣ Баёнӣ, сардори
Шуъбаи нигоҳдории
депозитарии  КМТ