Зарфи як ҳафтаи охир 1465 нафар ба узвияти Китобхонаи миллӣ пазируфта шуданд
Нашр шуд 2017-04-15 20:56
Имрӯз, шанбе 453 нафар худро ба узвияти Китобхонаи миллӣ номнавис карданд. Теъдоди афроди тозавуруд ба Китобхона ба 1465 нафар расид, ки назар ба як ҳафтаи пеш 396 нафар зиёд аст.
Аз 9-ум то 15-уми апрели соли равон 1 ҳазору 356 нафар ба узвияти Китобхонаи миллӣ пазируфта шуданд. Танҳо ҳамин рӯз 453 нафар соҳиби корти узвият дар Китобхона шуданд.
Ҳафтае қабл 1 ҳазору 69 нафар узви нави Китобхона шуда буданд.
Аксари афроди тозавуруд ба Китобхона донишҷӯёни мактабҳои олӣ ва донишомӯзони мактабҳои миёнаи пойтахт буданд.
Китобхонаи миллии Тоҷикистон муассисаи фарҳаниест, ки ҳама шароитҳои зарурии мутолиаи китобро дорад. Толорҳои хониши муҷаҳҳаз, интернети ройгон ҷиҳати дастрасӣ ба китобҳои электронӣ, омӯзиши забонҳои хориҷии инглисӣ, куриёӣ, чинӣ, арабӣ ва ғайра боис шуда, ки ҳамарӯза теъдоди хонандагонаш афзояд.